Муҳтарам ҷаноби Раис! Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Миннатдории самимии худро ба Ходими ду масҷид Ҷалолатмаоб Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд ва ба Аълоҳазрат Валиаҳд ва Сарвазири муҳтарам Муҳаммад бин Салмон Ол Сауд барои ташкили саммити муҳими имрӯза, ки ба масъалаи Фаластин — яке аз мубрамтарин ва мураккабтарин масъалаҳои рӯзномаи сиёсати ҷаҳонӣ бахшида шудааст, изҳор менамоям.
Бо таассуфи бузург бояд қайд намоям, ки аз замони баргузор шудани ҷаласаи таърихӣ дар Ар-Риёз дар соли 2023, ин ҷанги ноадолатона ва хунин боз ҳам густариш ёфтааст.
Сарфи назар аз чораҳои қатъӣ ва даъватҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, меъёрҳо ва қатъномаҳои байналмилалӣ ҳамоно дағалона вайрон мешаванд. Мо ҳама шадидан андӯҳгинем, ки акнун оташи ҷанг ба қаламрави Лубнон низ паҳн шудааст.
Тавре ки ҳамкоронам дар суханрониҳои худ қайд карданд, ин ҳамлаҳои вайронгар ва даҳшатнок, ки боиси ҳалокати ҳазорон кӯдакони бегуноҳ, занон ва пирон гардиданд, ба саҳифаи тиратарини таърихи навини инсоният табдил хоҳанд ёфт.
Оромона, бе дард назар дӯхтан ба он, ки чӣ тавр иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, масҷидҳо ва шаҳрҳои комил нобуд мешаванд, миллионҳо сокинони осоишта манзилҳои худро аз даст медиҳанд, аз гуруснагӣ ва бемориҳо азият мекашанд, имконнопазир аст.
Аз ҳама дардноктар он аст, ки дар муносибат ба ин фоҷиа дар арсаи байналмилалӣ стандартҳои дугона ба кор бурда мешаванд. Ин ҳолат эҳтимолияти афзоиши шиддатро шадидан зиёд намуда, ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ мекунад.
Муҳтарам иштирокчиёни саммит!
Ӯзбекистон комилан ташаббусҳои амалиеро, ки ба ҳалли мушкили Фаластину Исроил бо роҳи осоишта ва дипломатӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад.
Мо боварӣ дорем, ки саммити имрӯза иродаи умумии сиёсӣ ва ваҳдати моро дар ин масъала нишон дода, механизмҳои муассир ва қарорҳои мушаххас дар сатҳҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таҳия ва фавран татбиқ хоҳанд шуд.
Сухан пеш аз ҳама дар бораи куллан боло бурдани нақш ва нуфузи Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният дар ҳалли ин низои бисёрсола меравад.
Мувофиқи мақсад аст, ки масъалаҳои қатъи фаврии амалиёти ҳарбӣ, таъмини долонҳои бехатари башардӯстона ва, аз ҳама муҳимаш, оғози гуфтушунидҳои осоишта ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ин сохтори байналмилалии фарогир бошанд.
Дуюм. 15 ноябр халқи азияткашидаи Фаластин иди миллии худ — Рӯзи эълони Давлати Фаластинро ҷашн мегирад.
Мутмаинам, ки ин халқ, ки таърихи қадимӣ ва ғанӣ дорад, ҳуқуқи комили ташкили давлати мустақил ва озодро бо пойтахти Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар доираи марзҳои соли 1967-ум дорад. Дар ин замина, мо фаъолияти Эътилофи ҷаҳониро барои ҳалли мушкили ду давлат, ки бо ташаббуси Арабистони Саудӣ ташкил шудааст, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Сеюм. Бо мақсади пешгирии буҳрони фоҷиабори башардӯстона дар қаламрави Фаластин ва Лубнон, мо бояд ҳаҷми кӯмакҳои давлатҳои худро дар доираи созмонҳои пешбари байналмилалӣ васеъ намоем.
Мо ҷонибдори афзоиши дастгирии зарурии фаъолияти Агентии махсус ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳастем, ки таҷрибаи ғанӣ доранд.
Мо омодагии худро барои таъмин намудани табобати бепули кӯдакон ва занони осебдидаи фаластинӣ дар клиникаҳои Ӯзбекистон изҳор менамоем.
Ҳамчунин ният дорем, ки масъалаҳои расонидани кумаки амалӣ ба мардуми Фаластинро дар саммити «Давлатҳои арабии Халиҷи Форс – Осиёи Марказӣ», ки соли оянда дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, баррасӣ намоем.
Чорум. Дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ мо бояд ба масъалаҳои ҳифзи дахлнопазирӣ ва нигоҳдории эҳтиёткоронаи масҷиди муқаддаси Ал-Ақсо ва дигар ёдгориҳои нодири таърихӣ ва фарҳангии Байтулмуқаддас таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем.
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Умедворам, ки мулоқоти фавқулодаи имрӯзаи мо қадами бузурге дар роҳи ҳалли мушкилоти Ховари Миёна хоҳад буд.
Бигзор Худованд ба инсоният сулҳу осоиштагӣ ато фармояд ва уммати исломиро боз ҳам қавитар гардонад.