БА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ХОНАҲОИ НАВ СУПУРДА ШУД

Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Фарғона барои таъмини сулҳу оромии мамлакат шабу рӯз вазифаи худро софдилона ва садоқатмандона ба ҷо меоранд. Онҳо барои дар сатҳи баланд иҷро кардани фаъолияти хидматӣ бо таҷҳизоти муосиртарин таъмин мегарданд.

Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров якҷоя бо роҳбарони секторҳои вилоят бо корҳое, ки дар ин самт дар шаҳри Фарғона амалӣ мешавад, шинос шуд.

Ба ҳокими вилоят роҷеъ ба корҳое, ки дар ин сохтор дар асоси тамоюли минтақаи бехатар амалӣ мешаванд, маълумот дода шуд. Зимни шиносоӣ бо равандҳо дар бораи лабораторияи нави амнияти киберӣ, технологияҳои замонавии ин маскан ва имконоти кории онҳо тақдимот доир гардид. Ҳамчунин бо фаъолияти маркази мониторинг ва таҳлили Шуъбаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Фарғона ва штаби навтаъмиршудаи сектори сеюми вилоят шинос шуданд.

Барои ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дар Садорати корҳои дохилии вилоят хидмат мекунанд, ба ҳайати шахсӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Инро дар мисоли дар асоси имтиёз додани хонаву ҷой ба намояндагони соҳа дидан мумкин аст. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят тақдим гардидани хонаҳои нав аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Дар маросими супоридани хонаҳои нав ҳокими вилоят кормандони фаъолу фидокорро, ки хидмат ба манфиати мардумро вазифаи асосии худ медонанд, самимона табрик гуфта, дар ҷодаи фаъолият ба онҳо комёбиҳо таманно кард.

Ба 47 нафар соҳибони хонаҳои нави бинои баландошёнае, ки дар ҳудуди Шуъбаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Фарғона сохта шудааст, бо тантана калиди хонаҳои ободу зебои 2 ва 3 ҳуҷрагӣ супурда шуд.

Иштироккунандагони чорабинӣ бо шароити хонадонҳо шинос шуданд.

 

М.СУЛАЙМОНОВ,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: