Маълум аст, ки норасоии об дар рӯи замин сол то сол аҳамияти бештари глобалӣ пайдо мекунад. Ин мушкилот дар маркази диққати давлатҳои ҷаҳон қарор дошта, ҳоло ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил меёбад.
Хушксолии шадид ва гармии ғайримуқаррарӣ, ки дар фасли тобистон мушоҳида мегардад, боиси камшавии оби ошомиданӣ ва обёрӣ мешавад. Дар натиҷа зироатҳои кишоварзӣ, ҳосилнокӣ хеле кам гардида, нархи маҳсулоти хӯрокворӣ меафзояд.
Ин ҳама омилҳо ба амнияти озуқаворӣ дар минтақа низ таҳдид мекунанд. Гармшавии глобалӣ ва пурзӯр гардидани рақобат ба захираҳои об дар минтақа фишор меорад. Бинобар ин, солҳои охир дар мамлакати мо ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об эътибори алоҳида дода мешавад.
Бахусус, қарори сарвари давлат аз 1 марти соли 2022 “Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани роҳандозии технологияҳои сарфакунандаи об дар хоҷагии қишлоқ” барои камтар кардани таъсири манфии норасоии об дар минтақа хидмат мекунад.
Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» низ то ба 25 дарсад зиёд кардани самаранокии истифодаи об, ба 2 миллион гектар расонидани майдони умумии зироатҳои кишоварзӣ, ки бо технологияҳои сарфакунанда обёрӣ мешаванд, аз ҷумла дар 600 ҳазор гектар роҳандозии технологияи обёрии қатрагӣ чун вазифаи устувор ба миён гузошта шудааст.
Қарори роҳбари мамлакат аз 5 январи соли 2024 «Дар бораи чораҳои такмили низоми идоракунии захираҳои об дар сатҳи поёнӣ ва афзунсозии самаранокии истифодаи захираҳои об» идомаи мантиқии ислоҳоти дар соҳа татбиқшаванда мебошад.
Аз ин рӯ, дар асоси қарори мазкур дар заминаи шуъбаҳои иригатсионии ноҳияҳо (шаҳри Қувасой) ва хидматҳои махсус муассисаҳои давлатии «Хидмати расонидани об» ташкил гардиданд. Муассисаҳои мазкур оид ба истифодаи самараноки об ва хидматрасонии об дар ҷумҳурӣ бо воситаҳои зарурии техникӣ таъмин гардидаанд. Ин корҳои хидматрасониро ба шабакаҳои обёрӣ ду баробар арзон мекунад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки чанд рӯз муқаддам таҳти раёсати Сарвари давлат оид ба истифодаи оқилонаи манбаъҳои обу энергия дар соҳаи кишоварзӣ ва чораҳои кам кардани талафот гузаронида шуд, ба масъалаи истифодаи оқилонаи об таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Албатта, дар ҳоле ки дар ҷаҳон мушкилоти экологӣ ва офатҳои табиӣ зиёд мешавад, дар мамлакатамон бобати ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об ва ҳифзи ин неъмат корҳои шоиста амалӣ мегарданд. Бахусус, дар натиҷаи бо бетон пӯшонидани 550 километр каналу ҷӯйборҳо, дар 200 ҳазор гектар об беҳтар шуд.
13 ҳазор километр шабакаҳои дохилӣ аз тарафи фермер ва кластерҳо бетон карда шуд, идоракунии об ислоҳ гардида, дар ноҳияҳо низоми ба ҳисоб гирифтани об ташаккул ёфт, фермерон ҳисобу китоби обро омӯхтанд, ки ин ҳама натиҷаи хуб дод. Имсол ба туфайли роҳандозӣ шудани системаи шаффоф ба замин ду баробар зиёдтар об рафт.
Солҳои охир доираи кор дар соҳа низ бамаротиб афзуд. Аммо баъзе масъалаҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ барои ҳар як метри мукааб обе, ки ба кластер ва фермерҳо расонида мешавад, ба ҳисоби миёна 212 сӯм сарф мешавад. Дар вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё ва Намангон бошад, ин 2-3 баробар қимат аст.
Инчунин, аз сабаби кӯҳна будани насосҳои миёна ва хурд арзиши аслии об зиёд мешавад. Аз ҳисоби бетон кардан талафот 10-15 фоиз кам шуда бошад ҳам, дар 20 ноҳия ин нишондиҳанда баланд аст. Вобаста ба чунин мушкилот дар ҷамъомад вазифаҳои оянда муайян гардиданд. Ин беҳуда нест. Чунки гузаштан ба сарфаи об, яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти нигоҳ доштани иқтидори заминҳои обёришаванда ва таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад.
Боз яке аз роҳҳои воридсозии тағйироти куллӣ дар соҳаи хоҷагии об бемуболиға, ин рақамисозӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба истгоҳҳои обкашӣ дастгоҳҳои назорати онлайн ва "обҳои ақлнок" оварда шуданд. Аммо системаи иттилоотие вуҷуд надорад, ки маълумоти онҳоро ҷамъоварӣ ва таҳлил кунад. Истеъмол ва ҳисобу китоби об бошад, хеле мураккаб аст.
Дар ин бобат вазифаи таъсиси Маркази рақамикунонии хоҷагии об дар назди вазорат гузошта шуд, ки хеле бамаврид аст. Дар он системаи ягонаи иттилоотии истеъмол ва баҳисобгирии об ба кор андохта мешавад. Яъне, аз об оқилона ва сарфакорона истифода намудан, онро идора кардан лозим аст. Ба ин васила, метавон норасоии обро дар оянда пешгирӣ кард.
Умуман, норасоии об мушкилоти глобалист. Дар чунин шароит дар радифи бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, дар Ӯзбекистон низ бобати истифодаи оқилонаи захираҳои об чорабиниҳои муҳим амалӣ мешаванд. Вазифаҳое, ки дар ҷамъомад муқаррар гардиданд, на танҳо сарфи обро кам мекунад, балки ба як унсури муҳими гузариш ба иқтисоди “сабз” табдил меёбад.
Дилрабо ХОЛБОЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.