Гар баҳор ояд, баҳори ман падар, Навбаҳори гулнисори ман падар. Қиблагоҳам, шаҳсутуни хонадон, Қуввати дил ҳам мадори ман падар. Мадинаи ЭҲЁ
Вақте сухан дар бораи фарди муътабар – падар меравад, дилҳо моломоли сурур шуда, вуҷудуи кас аз эҳсоси ширине лабрез мегардад. Худованд ҳам аввалин инсонеро, ки офаридааст, мард мебошад ва мувофиқи талқини ақидаҳои динӣ занро аз қабурғаи чапи ӯ ба вуҷуд овардааст, яъне аз ҳамон тараф, ки дил ҷой дорад. Ва ҳамин кори Худованд ҳам беҳикмат нест. Ин аст, ки занон-модарони хуштолеи мо ҳамеша дар дили ҳассос ва пур аз меҳри падарон маъво доранд. Боз ба як нукта, ба як хушкории Холиқи рӯзирасон таваҷҷуҳ мекунем ва мебинем, ки Вай тамоми пайғамбаронро аз байни падарон интихоб кардааст. Ин аз мавқеи волои онҳо шаҳодат медиҳад. Аммо ин ҷо боз ҳикмате нуҳуфта. Ҳарчанд кулли паёмбарон аз байни ҷинси мард мунтахаб шудаанд, Худованд ҷойгоҳи модаронро боз ҳам воло кардааст. Яъне, ин тоифаи дар меҳру муҳаббат ва садоқат беназирро масъул кардааст, ки абармардонро ба дунё оваранд ва тарбият кунанд. Худи ҳамин фикр кифоят аст, то донем, ки падарон кистанд ва модарони мушфиқи мо чӣ мавқеъ доранд.
Вақте ки мо калимаи хушоҳанги «падар»-ро ба забон меорем, дар вуҷуди мо як ҳиссиёти аҷибе пайдо мешавад. Ин эҳсосоти наҷибро камина чунин хулоса кардам: хотирҷамъии рӯзгор, нотарсӣ, боварӣ, меҳр, такягоҳ ... Маҳз падарон ин гуна ҳиссиёти наҷибро ба мо фарзандон ҳадя карда метавонанд.
Ман падару модарро ба ду чашм монанд мекунам. Чунки инсонҳо фақат бо ду чашм имкони дунёро мукаммал дидану тавони шинохти сиёҳу сафеди онро доранд. Онҳо бо ҳамин ду дидаи равшан аз табиати зебои олам баҳраманд мешаванд. Агар аз падару модар яке дар ҳаёт набошад, ҳаёти мо мазмуни пурраи худро аз даст медиҳад. Аммо дар байни мо касоне ҳам кам нестанд, ки ҳар ду дидаи худ – падару модарро аз даст додаанд. Онҳо дар ҳаёт худро бемуттако ҳис мекунанд ва ҳамеша ба ёди он азизон ғам мехӯранд, гӯё зиндагиашон аз фараҳ холӣ шуда бошад.
Бинобар ин, бисёр мехостам, ки фарзандон падару модарашонро ба мисли ду чашмашон эҳтиёт кунанд. Агар дар хонадон падару модар сиҳату саломат бошанд ва аз сари мо – фарзандон сояашон кам нагардад, зиндагиамон пур аз шодӣ мешавад ва хотирамон ҳамеша ҷамъ, рӯҳамон болида ва тавфиқ мудом ёрамон мегардад. Аз барои ризоияти падарону модарон сухани онҳоро ду накардан, ҳамеша дар хидматашон қарор ёфтан, наранҷондан... қарзи фарзии фарзандон ҳисоб мешавад.
Мутаассифона, ҳастанд фарзандоне, ки азизони дил – падару модари дилбанди худро хору зор мекунанд ва ба кӯйи оворагӣ меафкананд. Ин сухани пурҳикмати халқӣ бесабаб пайдо нашудааст: «Фарзанди хуб боғи падар, фарзанди бад доғи падар».
Ин зумра фарзандон нисбат ба онҳо беҳурматиро раво мебинанд, бо суханҳои дағал дили нозукашонро меранҷонанд. Ҳатто аз ҷаҳли мураккаб онҳоро ба «Хонаи пиронсолон» супурда, аз бари худ дур мекунанд. Онҳо намедонанд, ки падару модарон ганҷи ноёбанд. Дар дунё касе ҷойи онҳоро гирифта наметавонад. Зиндагӣ дар канори падар ба фарзандон оромӣ, хурсандиву шодкомиҳоро ато менамояд. Фарзандон дар навбати худ болҳои бақуввати падару модари худ мегарданд ва нерӯи ин болҳо аз хушнудӣ, ризоият ва дуоҳои волидон маншаъ мегирад.
Ҳамсолони азиз, ман ҳам падари азизамро дӯст медорам ва меҳрномаи худро барояш дар мавлуди шарифаш армуғон карданиам. Ба қавли шоир:
Ҳамчу оташ шӯълавар бошӣ, падар,
Мисли хуршеди саҳар бошӣ, падар.
Бо ту бошад зиндагиям пурнишот,
Ту бароям тоҷи сар бошӣ, падар.
Зулбибӣ Искандарова,
донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Тирмиз.