ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БО РАИСИ ШӮРОИ АВРУПО ШАРЛ МИШЕЛ МУЛОҚОТ КАРД

12 ноябр дар ҳошияи нишасти иқлимӣ, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаи кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Ба қабули ҳарчи зудтари Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории васеъ, инчунин омодасозии саммити нахустин дар формати «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: