МУАРРИФИИ ДЕВОНИ ШОИРИ ЗУЛЛИСОНАЙНИ ТОҶИК

Бо ибтикори факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона дар Кохи фарҳанги шаҳри Риштон маросими муаррифии китоби «Гулдастаи Бокӣ»-и шоир, олим ва манбаъшиноси тоҷик Мирзо Абдуллоҳ Насриддинов, мутахаллис ба Бокӣ баргузор гардид.

Дар ин маросим олимон, адибон, пажӯҳишгарон, устодони донишгоҳҳо, омӯзгорон ва шефтагони каломи бадеъ ширкат намуданд.

Гуфта шуд, ки Мирзо Абдуллоҳ Насриддинов соли 1882 дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳарчанд дар матбуоти даврӣ, баъзе рисолаҳо ва ашъори дастаҷамъии шоирон роҷеъ ба ӯ як қатор маълумотҳо дода шудааст, аммо бори нахуст девони ӯ ба нашр расид, ки ашъори ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иншонамудаи ӯро дар бар дорад. Ба он муҳаққиқ, устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона, доктори фалсафа дар риштаи филология Ойбек Барзиев сарсухан навиштааст.

– Дар гирдоварӣ ва табъу нашри китоб набераи ин шахсияти бузург, сокини шаҳристони Риштон, омӯзгори бознишаста Баҳодурхӯҷа Азизов, мудири «Кохи дӯстии тоҷикону ӯзбекон»-и шаҳр Турсунхӯҷа Абдураҳмонов саҳм гирифтаанд. Инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Фарғона Сайфиддин Рафиддинов, Эҳтиётхон Иброҳимова ва Толиб Носир дар таҳриру тақризи матнҳои дастнависи шоир аз наздик ҳамкорӣ карданд, – гуфт Ойбек Барзиев.

Вай афзуд, ки Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ дар аввали асри бист бо ашъори худ вориди майдони адабиёт шудааст ва то охири ҳаёташ ба сифати адиб, манбаъшинос ва маҳфилоро мавқеи калон пайдо кардааст. Вай ба ҳайси шоири зуллисонайни ҳавзаи адабии Хӯқанд аз худ ба мо мероси зиёд гузоштааст. Бештари ашъори ӯро ғазал, мухаммас, қитъа, марсия, фард ва амсоли он ташкил медиҳанд.

– Асосан Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ ба забони форсии тоҷикӣ эҷод кардааст. Вай ҳанӯз зимни таҳсил дар мадрасаи Хӯқанд ба омӯзиши эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Фузулӣ ва дигарон камар баста, сонӣ дар пайравӣ ба онҳо шеър  эҷод намудааст. Гузашта аз ин, бо овози хубу марғуладор базму маҳфилҳоро шукӯҳ бахшидааст, – қайд намуд Ойбек Барзиев. – Адабиётшиноси маъруфи рус Евгений Бертелс ба фаъолият ва дониши Мирзо Абдуллоҳ Бокӣ баҳои баланд додааст. Ба таъбири ин олим Бокӣ дар байни адибони хеле маъруфи қарни бистум аз шумори симоҳои барҷаста унвон гирифтааст. Инчунин дар чандин тазкираву рисола ва баёзҳо, аз қабили «Тазкираи Қайюмӣ», «Назм ва наср», «Каломи мӯйсафедон» ва амсоли он номи ӯ ба сифати адиб ва манбаъшинос ёдоварӣ шудааст, – афзуд ӯ.

Маълум шуд, дар китоби «Гулдастаи Бокӣ» он ашъори Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ гирдоварӣ ва мавриди нашр қарор гирифтааст, ки асосан ӯ бо хати арабиасоси форсӣ эҷод кардааст. Ба гуфтаи Ойбек Барзиев дар мавриди хондану ба хати кирилӣ баргардон кардани он як идда олимони манбаъшиноси тоҷику ӯзбек дасти кумак дароз намуданд.

Дар маросими рӯнамоии ин китоб профессорон ва дотсентҳо Афтондил Эркинов, Сайфиддин Рафиддинов, Юлдошхӯҷа Солиҷонов, пажуҳишгар аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон Азизҷон Алӣ, омӯзгори бознишаста ва яке аз фарҳангу забондӯстони хуррамободӣ Сайфиддин Иноятов, инчунин як идда мухлисони мероси ғановатманди Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ оиди паҳлӯҳои осори ӯ сухан ронданд.

Риштоншаҳр дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дорад. Он шаҳрест, ки ба таъбири Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ, «ҳанӯз се ҳазор сол муқаддам арзи вуҷуд намудааст ва ҳатто, то давраи пеш аз милод ба мақоми шаҳр соҳиб гашта, то истилои араб Қӯқанд ва Марғилонро таҳти тасарруфи худ доштааст».

Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ бар он аст, ки Риштон маскани алломаҳо ва донишмадони бузург мебошад. Он баробари шаҳрҳои куҳани Ахсикент, Қува, Ӯш, Ӯзган дар чаҳор иқлим маълуму машҳур гаштааст. Дар ин ҷо алломаи фиқҳ, муаллифи «Ал-Ҳидоя» Бурҳонуддини Риштонӣ ба дунё омада, аҳли исломро бо донишу заковати худ ба ҳайрат овардааст.

Ногуфта намонад, зодаи ин шаҳр – Муҳаммадҷон Қосимов нахустин шахсест, ки дар Тоҷикистон ба унвони баланди «Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор дониста шудааст.

Як гурӯҳ ҷавонон намунаҳо аз ашъори Мирзо Абдуллоҳи Бокиро ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ қироат карданд. Маҳфили мазкурро дастаи ҳунарии кохи фарҳанги ноҳияи Риштон шукӯҳи тоза бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

Намунаҳо аз ғазалҳои Мирзо Абдуллоҳи Бокӣ

Эй, ғамат бар ошиқонат аз гулистон хубтар,

Доғи ҳиҷронат зи рӯйи маҳҷабинон хубтар.

Як замон дардат нагӯям, мешавад ҷонам хароб,

Дарди ту гуфтан ба ман аз айши даврон хубтар.

Рози дил бо кас нагӯям ҳар ҷафо бинам зи ту,

Ҷабри зулмат з-илтифоти нозанинон хубтар.

Гулшани боғи Ирам бе рӯйи ту даркор нест,

Хору хошоки дарат аз шохи райҳон хубтар.

Шод шав дар ин ҷаҳони пурғаму дарду алам,

Эй, лабат аз ғунчаи сад барги хандон хубтар.

Улфати ағёр гаштӣ, мекунӣ бар ман итоб,

Оҳ, ин бераҳмият аз лутфу эҳсон хубтар.

Нолаи Бокӣ биёву бишнаву қатлаш бикун,

Куштаи теғи ту гаштан з-оби ҳайвон хубтар.

 

***

Мани бе дасту по рӯйи ту дидан орзу дорам,

Набинам рӯйи ту, номат шунидан орзу дорам.

Чаро гирён набошам, аз висоли ту басо дурам,

Муяссар кай шавад бо ту расидан, орзу дорам.

Зи ҷӯши гиря ҳарду дидаам азбаски бенур аст,

Ғуборатро ба ҷисми худ кашидан орзу дорам.

Ниҳодам рӯ ба дашти пурбало, бисёр лабхушкам,

Зи шаҳри ҳарду лабҳоят чашидан орзу дорам.

Маро умрест савдоӣ, шунав ин муддаои ман,

Зи ғаб-ғабҳои симинат макидан орзу дорам.

Нигори гулъузори ман, ба ҷони нотавони худ,

Зи наштарҳои  мижгонат халидан орзу дорам.

Ало, бе бода масти ман, ту Бокиро иҷозат деҳ,

Чу саг гирди дару бомат давидан орзу дорам. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: