12-13 ноябри соли равон дар сиҳатгоҳи «Chinobod plaza» -и пойтахтшаҳр Конфронси байналмилалӣ зери унвони “Шартномаи нави ҷамъиятӣ: назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ” таҳти васояти Ташкилоти байналмилалии меҳнат баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Молдова, Уқраина, Полша, Булғористон, як қатор созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Дар ҷамъомад атрофи масъалаи шартномаи нави ҷамъиятӣ ва назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣавриди баррасӣ қарор ёфта, роҷеъ ба он муколамаю баромадҳо сурат гирифта, андешаҳои ҷолибу судманд пешниҳод гардиданд.
Дар анҷуман барои иттифоқҳои касабаи минтақа рӯзнома ва стратегияи умумӣ таҳия карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ Резолютсияи конфронси байналмилалии Тошканд қабул гардид.