ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ АЗ КИТОБ ВА КИТОБХОНА ОҒОЗ МЕЁБАД

Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон намоиши китобҳои шоиру нависандагони халқҳои гуногунмиллати бародариро таҳти мавзӯи «Ӯзбекистони Нав аз китоб ва китобхона оғоз меёбад» ва анҷумани адабӣ ташкил намуд.

Он рӯз бинои иттиҳодия намои идона дошт. Тарзи ҷобаҷогузории зиёда аз 300 китобе, ки дар 10 ҷевон ба намоиш гузошта шуда буд, диққати бинандагонро ба худ ҷалб менамуд...

Тарҷумаи асарҳои шоирони бузург, аз ҷумла Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур ба забонҳои гуногун, инчунин маҷмӯи тадқиқотҳои олимони хориҷӣ оиди асарҳои ин алломаҳо дар ҷевони нисбатан боҳашам ҷой гирифта буданд.

Дар намоишгоҳ гузошта шудани асарҳои ба забони ӯзбекӣ тарҷумашудаи намояндагони адабиёти классикии ҷаҳон ба монанди Юнус Юмро, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Акиф Эрсой, Шандор Петйофӣ ва дигарон; маҷмӯаҳои иборат аз қисса, роман ва ҳикояҳои намояндагони адабиёти халқҳои бародарии замони мо – Чингиз Айтматов, Анор Султон Райев, Ёқуб Умар ӯғли ҷолиби диққат буд.

Яке аз ҷевонҳои намоишгоҳро асарҳои адибони тоҷик, қазоқ, рус, ки дар Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд, аз ҷумла, Паймон, Юнуси Имомназар, Қалдибек Сейданов, Александр Файнберг, Николай Илин оро медоданд.

Ҷевони махсусро барои гузоштани маҷмӯи китобҳои шоирони ҷавон, ки дар доираи лоиҳаи «Китоби аввалин» ва серияҳои «Бӯстони назм» ва «Адиб ва ҷамъият» аз нашр баромадаанд, ҷудо кардаанд.

Дар анҷуман мушовири раиси Иттиҳоди нависандагон Салим Ашур, муовини раиси Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ Азамат Тошев, Хусрав Саъдулло – раиси Шӯрои адабиёти тоҷик, Гулдона Авездурдиева – раиси Маркази миллӣ-мадании ҷумҳурии туркман, Раҳматулло Ҷабборов – раиси Маркази мадании ҷумҳурии қирғиз аҳамияти устувор касб намудани тамоюли таҳаммулпазирӣ, кушодадилии динӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳои кишварамон дар барпо намудани Ӯзбекистони Навро таъкид намуданд.

Дар анҷуман ёдрас шуд, ки муҳаббат ба китобхонӣ  аз аҷдодон ба мо мерос монда, ҳоло барои шоиру нависандагон имкониятҳо фароҳам гардидаанд.

Назокат Усмонова, узви Иттиҳоди  нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: