Бобои Мирзомурод канортар аз ҳавлияш дар ҳамвории баландие ҳандалак корида буд. Бӯйи ҳандалакҳои расида ба димоғи раҳгузарон зада, ба ҷонашон ҳаловат мебахшид.
Мӯйсафед полизашро дар чодари хурде посбонӣ мекард. Дили бобо пур буд, ки ҳеч кас ороми ӯро халалдор намекунад. Вале рӯзона бузу гӯсфандон, шабона бошад, рӯбоҳу ҷайраҳо ба полиз ворид мешуданд.
Рӯзе овозае доман паҳн кард, ки ба полизи бобо дузд даромадааст. Субҳи содиқи он рӯз бобо, полизро бе нигаҳбон гузошта, ба бозори Деҳқонобод рафта буд.
Одатан, ҳама аз гармии тоқатфарсои тобистон паноҳ меҷӯянд. Хоссатан, нисфирӯзиҳо кӯчаҳо бе одам мемонанд. Бачаҳои ба таътили тобистона баромада хостаанд, ки аз ин «имконият» истифода бурда ҳандалак хӯрданд.
Фурсати мадиде нагузашта «шӯрапуштон» — се бачаи даҳ-дувоздаҳсола «дастгир» шуданд. Бачаҳо хишткулӯхҳои деворро канда, вориди полиз шуда ду-се ҳандалакро дуздида буданд.
Писари бобо — муаллими Бухор одами табиатан шӯху ҳазлкашест. Ӯ бачаҳои худсарро ба назди девори рахнакардаашон бурду ба дасташон каланду побелро дода гуфт:
— Чим канда деворро фавран барқарор мекунед!
Ва ангушти ишоратиашро боло бардошта таҳдид намуд:
— Фикри гурехтанро аз сар дур кунед. Саги чӯпонӣ дорам, бо чор хез задан медорад. Баъди таъмири девор шумоёнро дар назди мардум ҷазо медиҳам!
Сипас муаллими Бухор дар сояи хонаи андовааш лойин баҳузур чорзону нишаста, гунаҳкоронро таҳти назорат гирифт. Мегӯянд, ки пойи одами гунаҳкор меларзад. Бачаҳо аз бими он, ки ҷазо дар пеш аст, шитобзада ба кор пардохтанд. Офтоб ба ғуруб нарафта деворро аз дасти таъмир бароварданд.
Вақте муаллим бачаҳоро як-як ба наздаш хонд, онҳо биниҳоро болокашон ғарибвор сӯяш қадам ниҳоданд.
Бухор, ҳарчанд дар зимн механдид, вале ошкор накарда ҷиддӣ гуфт:
— Милисаро огоҳ карда будам. Имрӯз намеояд. Шояд фардо ё пасфардо пайдо шавад. То омадани ӯ шумоёнро дар оғил ҳабс мекунам. Оғил пури коҳ аст, ки ҷойи бистари нармро мегирад. Ку, паси ҳам ба сӯйи оғил марш! Аз пойи рост: як-ду-се...
Муаллим роҳи наҳрро пеш гирифт. Ба тани бачаҳо раъша давид ва лаб ба тазаррӯъ кушоданд:
— Муаллимҷон, як бор бубахшед, дигар такрор намешавад.
Муаллим сари инкор ҷунбонд:
— Намешавад. Шумоёнро бояд ҳабс кард. Вагарна такрор даст ба дуздӣ мезанед.
Ин ҳангом бобои Мирзомурод, харашро «иш»-гӯён, ба манзил расид. Одатан, мӯйсафед, дар вақти гуфтугӯ аз рӯйи ҳурмат, ба номи писараш вожаи «домулло»-ро илова мекард.
Бобои ба ҳайрат афтода суол кард:
— Домулло, бахайр аст?
— Падар, то омадани милиса инҳоро дар оғил зиндонӣ карданиям. Шумо дар бозор, ин «шербача»-ҳо вориди ҳота гашта, ҳандалак дуздидаанд. Бояд ҷазояшонро гиранд.
Бобои Мирзомурод харро дар симчӯб басту остини дастони серрагу паяшро барзада, садо баланд кард:
— Ҳай-ҳай, биист, биист! Шитоб накун, домулло. Инҳо фарзандони мананд. Ман ҳандалакро барои онҳо кошта будам. Хӯрда бошанд, ош шавад.
Ҳама ба назди чимдевори таъмиршуда рафтанд. Муаллими Бухор ба фаҳмондан шурӯъ кард:
— Падар, шайтонбачаҳо ҳамин ҷойи деворро рахна карда, ба дуздӣ даромадаанд. Водор намудам, ки таъмир кунанд.
Бобо чимдеворро дақиқ аз назар гузаронда, бо даст ба тахтапушти бачае, ки ларзида меистод, сабук тап-тап зада гуфт:
— О бачаҳои ширин-е, худ ҳамин ҷойи девор пасту ноҳамвор буд, таъби дил таъмир кардаед. Худо ба умратон биафзояд!
Муаллими Бухор ба таври сохта эътироз кард:
— Падар, шумо фарзандонатонро беасос ҷонибдорӣ мекунед.
— Оё мешавад бачаҳои ширинтар аз шакарро ҷонибдорӣ накард, домулло?
Муаллими Бухор мехост чизе бигӯяд, вале бобо сухани ӯро бурид:
— Домулло, бачаҳоро ба ҳоли худ гузору пайи корат шав. Бо онҳо худам суҳбат мекунам.
Бобо сипас ба ҷониби наҳр чанд қадам гузошта, дари чӯбини ҳотаро кушоду бачаҳоро ба наздаш хонд. Бачаҳо пасу пеш вориди ҳота шуданд. Ӯ яктаҳашро ба дари чимдевор овехту полакҳоро ба тагурӯ кардан даромад. Бачаҳо, ҳарчанд нафаҳмиданд, ки мӯйсафед чӣ ният дорад, итоаткорона ба дунболаш рафтанд. Бобо ҳандалакҳои расидаро аз байни баргҳои паҳну сабзи полак берун оварда, ба бачаҳо медод.
— Бачаҳоям, гиред, ин ҳама барои шумо. Ҳар қадар метавонед, бо худ баред. Бачаҳо ҳар кадом се-чор ҳандалак дар даст аз полиз берун омаданд. Бобои Мирзомурод бо меҳрбонӣ дасти навозиш ба сари ҳар кадом ниҳода гуфт:
— Писараконам, дар хона аз ҳандалакҳои шаҳдбор басерӣ баҳра баред. Агар боз ҳандалак хӯрдан хоҳед, ба худам муроҷиат кунед. Маъқул?
Бачаҳои аз карда пушаймон, дар ҳолате ки ашк дар чашмонашон ҳалқа мезад, шоми дер роҳи хонаҳояшонро пеш гирифтанд.
Абдуқайюм БЕККАМОВ.