ЧОРАБИНӢ ДАР ФАЗОИ ДӮСТОНА ГУЗАШТ

14 ноябри соли равон дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ҷамъомади идона ба хотири таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба таҳкими робитаҳои дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ба рамзи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ табдил ёфтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд ва хидматҳои шоистаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, вусъатёбии ҳамкориҳо бо мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон баён кард.

Сипас, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, ки ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва бинобар иштирок дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Шартномаи нави ҷамъиятӣ: назари иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ» бо сафари расмӣ ба Тошканд омада буд, роҷеъ ба хидматҳои шоистаи сарони ду давлат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳо, оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ байни иттифоқҳои касабаи ҳар ду мамлакат изҳори андеша кард.

Дар охири чорабинӣ М. Неъматзода ба чанд тан зиёиёну фаъолони тоҷиктабори Ӯзбекистон ва кормандони сафорат мукофотҳои соҳавӣ тақдим намуд.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: