ДАР ҶОПОН НАМОИШИ ФИЛМИ ӮЗБЕКИСТОНИЮ ҶОПОНИИ «МАҒЛУБНОПАЗИР, РОҲ БА ТОКИО» ОҒОЗ ЁФТ

Ин филм дар кинотеатрҳои Ҷопон дар ҷойи сеюм аз рӯи шуҳрат қарор дорад. Ба наздикӣ ин филм дар Чин ва дигар кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ намоиш дода мешавад.

Дар Ҷопон намоиши филми муштараки пурраметражаи ҳунарии ӯзбекистонию ҷопонӣ бо номи «Мағлубнопазир, роҳ ба Токио» оғоз гардид. Филм ба иштироки бомуваффақияти муштзани маъруф Баҳодур Ҷалолов дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бахшида шудааст.

Намоиши филм, ки дар шаҳрҳои Токио, Сайтама, Нагоя ва Гифу ташкил шудааст, таваҷҷуҳи тамошобинони ҷопониро ҷалб кардааст. Дар ин чорабиниҳо сафири Ӯзбекистон Муҳсинхӯҷа Абдураҳмонов, шахсони баландпояи Ҷопон, инчунин ҳунармандон ва варзишгарони машҳур ширкат варзиданд. Интизор меравад, ки дар давоми ду ҳафта ин филм дар 19 кинотеатри кишвар намоиш дода шавад.

Дар вақти намоиши филм дар Токио, вазири корҳои дохилӣ ва коммуникатсияи Ҷопон, муовини раиси Лигаи дӯстии парлумони Ҷопон бо Ӯзбекистон Сейичиро Мураками, инчунин вакили парлумон Судзуки Мунэо боварии худро изҳор карданд, ки ин филм дар таърихи муносибатҳои фарҳангии ду кишвар мавқеи махсус пайдо хоҳад кард.

Муовини мэри шаҳри Нагоя Матсуо Тошинори изҳори назар кард, ки филм ба ҷалби бештари мухлисони Ӯзбекистон дар Ҷопон мусоидат мекунад. Ӯ бо гармӣ зикр намуд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байни Тошканд ва Нагоя аз соли 2019 лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногун бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд.

Президенти ширкати «Nodaki Co., Ltd» Норитсугу Нода таъкид кард, ки ин филм метавонад ҳамчун илҳомбахши тарбияи қаҳрамонҳои нав хизмат кунад. Ӯ изҳори умед намуд, ки чунин лоиҳаҳои фарҳангӣ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ байни Ӯзбекистон ва Ҷопон мусоидат хоҳанд кард.

Козо Киношита, ки дар намоиши нахустини филм дар Гифу ширкат дошт, зикр намуд, ки қаблан Ӯзбекистонро зиёрат кардааст, вале аз ин филм илҳом гирифта, ният дорад, ки боз ба кишвари мо сафар карда, аз табиати зебо ва ёдгориҳои таърихии он лаззат барад.

Продюсери филм Юко Масуда бо хурсандӣ қайд кард, ки филм оид ба маъруфият дар кинотеатрҳои Ҷопон дар ҷойи сеюм қарор дорад ва афзуд, ки пас аз намоишҳои нахустин дар Ҷопон, филм дар Чин ва дигар кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором низ муаррифӣ  мешавад.

АИ «Дунё».

Токио

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: