ҲАФТАИ ҒОЯҲОИ НАВОВАРИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ КОРИ ХУДРО ОҒОЗ КАРД

Дар маҷмӯи намоишгоҳи марказии «Ӯзэкспомарказ»-и Тошканд таҳти шиори «Инноватсияҳо баҳри рушди барқарор» ҳафтаи ғояҳои навоварии байналхалқии «Inno-Week.Uz-2024» кори худро оғоз намуд.

Ҳафтаи мазкур бо ташаббуси Агентии рушди инноватсияҳо ташкил карда шудааст. Мақсади асосии чорабинӣ аз боз ҳам ривоҷ додани ҳамкории байни сармоядорон, тадқиқотчиён ва соҳибкорон, барои дар амал ҷорӣ намудани технология ва навовариҳои илм боз кардани роҳи васеъ иборат аст.

Дар намоишгоҳи маҳсулотҳои инноватсионӣ 512 ташкилоти маҳаллӣ ва 34 хориҷӣ имкониятҳои худро намоиш медиҳанд. Муҳимаш, дар намоишгоҳ  аз 30 давлат беш аз 150 нафар меҳмонони хориҷӣ ширкат меварзанд.

Суратгир: Н. Ҳайдаров. ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: