МЕХОНАМ ВА ХОҲАМ ХОНД

Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Садриддин Айнӣ.

Ин таъкиди ватандӯстонаи устоди бузург сад сол боз аҳамияти худро гум накардааст. Рӯзнома  матбуоти даврӣ буда, дар он матолиби вобаста ба воқеаву рӯйдодҳои рӯз чоп мешаванд. Рӯзномаҳо дар ҳаёти ҷумҳурии мо мавқеи бузург доранд. Онҳо аслиҳаи тавонотарини муборизаи сиёсӣ, аз воситаҳои асосии ахборӣ ва тарғиботи оммавӣ ба шумор мераванд.

Пас аз мутолиаи мақолаи мухбири «Овози тоҷик» Фаридуни Фарҳодзод «Ҳозир ҳам газета мехонанд (-мӣ)!?» («Овози тоҷик», 9 октябри соли 2024, шумораи 81) хостам чанд андешаи худро баён намоям.

Муаллиф дар мақола доир ба рӯзнома, мавқеъ ва аҳамияти он ҳарф зада, таъкид мекунад: «Набояд фаромӯш кард, ки газета хондан, умуман мутолиа, донишро мустаҳкам, иродаро қавӣ, маънавиятро воло намуда, ба инсон мушоҳидакорӣ, интизом, дақиқназариро меомӯзад».

Камина солҳои дар мактаби миёна хондан ба рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик»), «Пионери Тоҷикистон», солҳои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба рӯзномаҳои «Ба қуллаҳои дониш», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва солҳои омӯзгорӣ дар мактаб ба рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат» обуна шудаам. Ҳар як шумораи онҳоро бесаброна интизор мешудам. Мақолаҳо менавиштам ва онҳо чоп шудаанд.

Ҳангоме ки дар мактаби миёна аз фанни «Алифбои ниёгон» дарс медодам, ба моҳномаи «Чашма» (сардабир Камол Насрулло, бо хати форсӣ) обуна шуда будам. Дар дарсҳо аз моҳномаи мазкур фаровон истифода мебурдам. Даҳ шумораи моҳнома, ки соли 1991 чоп шудааст, то ҳол чун ганҷинаи камина маҳфуз аст.

Ба шахсоне, ки (омӯзгорон низ) «нархи обуна қимат», «обуна маҷбурӣ не» мегӯянд, байтҳои зерини шоирро ҳамчун ҷавоб меорам:

Дӯстон мушкилии давру замон мегузарад,

Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад.

Нафурӯшед ба ночорӣ яке виҷдонро,

Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад.

Дар деҳаи мо нафақахӯрон, аз ҷумла, Сарибой Ярашев, Ҳусейнбой Шарифов, Мақсад Маъдиев, Тағоймурод Раҷабов ва ғайра ҳар як шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дақиқназарона мехонанд ва баррасӣ менамоянд.  

Ман имрӯз низ  ҳаёти худро бидуни рӯзнома наметавонам тасаввур кунам. Мехонам ва то зиндаам, хоҳам хонд.

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз деҳаи Порашти ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: