Имрӯз рушди иҷтимоию иқтисодӣ, маҳдуд гардидани захираҳои табиӣ ва тезу тунд шудани мушкилоти экологӣ ба як масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, соҳаҳои иқтисодиёти сабз ва энергияи сабз босуръат рушд мекунанд ва эътибор ба онҳо торафт бештар мегардад.
Энергияи устувор ва тағйирёбии иқлим масъалаҳои ба ҳам вобаста буда, онҳо ҳангоми гузариш ба манбаъ ва амалияҳои энергияи тоза ва устувор, барои кам кардани сатҳи тағйирёбии иқлим ҳаракати муштараки глобалиро тақозо мекунанд. Қабули қарорҳои энергияи сабз як қадами муҳим ба сӯйи ояндаи устувор мебошад.
Муҳимтарин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағ-йирёбии иқлим (COP29), ки рӯзи 11 ноябр дар Боку барпо шуд, платформаи асосии мубоҳисаҳои бузурги ҷаҳонӣ оид ба чораҳои мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад. Дар доираи COP29, ки ёздаҳ рӯз идома меёбад, 14 ташаббуси вобаста ба иқлим ва ҳадафҳои рушди устувор пешбарӣ карда мешаванд. Долонҳои энергияи сабз, захираҳои энергияи сабз, ҳамоҳангӣ барои устувории иқлим, гидрогени тоза, кам кардани метан дар партовҳои органикӣ, фаъолият дар соҳаи технологияҳои рақамии сабз ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев баробари роҳбарони давлат ва ҳукуматҳо, ташкилот ва институтҳои молиявии бонуфузи байналмилалии беш аз 80 мамлакати ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуда, бо мақсади якҷоя бартараф кардани оқибатҳои тағйирёбии ҷаҳонии иқлим як қатор ташаббусҳоро ба миён гузошт.
Бояд гуфт, ки энергияи сабз ин истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад ва ҳангоми истеҳсоли онҳо ба муҳити зист зараре намерасад. Энергияи офтоб, шамол, биомасса, об ва геотермалӣ манбаъҳои асосии энергияи сабз мебошанд. Ин манбаъҳо нисбат ба манбаъҳои анъанавии энергия аз ҷиҳати экологӣ тозатаранд ва нотозашавии ҳаворо кам мекунанд. Дар ҳоле ки ҷаҳон бо оқибатҳои фарогири гармшавии ҷаҳонӣ ва таназзули муҳити зист мубориза мебарад, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии он ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти калон дорад. Ва ин чорабиниҳо як силоҳи бузург дар мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошанд. Созишномаҳои ҷаҳонӣ, чун Созишномаи Париж барои ноил шудан ба ояндаи устувор мамлакатҳоро муттаҳид карда, масъулияти муштаракро пурзӯр мекунад. Тавассути ҳамкорӣ ва навоварӣ имкони камтар кардани оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ва оғози давраи устуворӣ ва ҳамоҳангии экологӣ мавҷуд.
Истифода аз манбаъҳои энергияи сабз як қатор бартариҳо дорад. Масалан, дар ҳифзи муҳити зист аҳамиятнок аст. Олудашавии ҳаво, об ва хокро ба таври назаррас кам мекунад. Масалан, истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз энергияи офтобӣ ва шамол, партовҳои карбон дар сатҳи минималӣ мешаванд ва ин ба пешгирии гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад.
Инчунин, захираҳои энергетикии сабз номаҳдуданд ва истифодаи онҳо барои устуворӣ ва самарадории иқтисодӣ хидмат мекунад. Сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергияи барқароршаванда, рушди технологияҳои нав дар соҳаи энергетикаро низ такон мебахшад. Ғайр аз ин, бо кумаки иқтисодиёти сабз ва энергияи сабз ҷойҳои нави корӣ ташкил мегарданд. Ин дар баробари пешрафти иқтисодиёт, ба беҳтар гардидани шароити зисти аҳолӣ, некӯаҳволии иҷтимоӣ хидмат мекунад. Инчунин, бо истифода аз технологияҳои сабз муҳити солим ва бехатари зиндагиро офаридан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки захираҳои анъанавии энергетикӣ нисбат ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия маҳдудтаранд. Инчунин, энергияи сабз истеҳсоли энергияи дохилиро афзоиш медиҳад ва вобастагиро аз манбаъҳои берунии энергия кам мекунад.
Иқтисоди сабз ва энергияи сабз на танҳо инкишофи иқтисодӣ, балки рушди устувори муҳити зист ва ҷомеаро низ таъмин мекунанд. Дар оянда ин соҳаҳо аҳамияти бештар пайдо карда, дар сиёсати тараққиёти мамлакатҳо мавқеи асосиро ишғол хоҳанд кард. Ин ҳама дар роҳи ноил шудан ба устувории экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, сарфаи захира ва пешгирии тағйирёбии иқлим қадами муҳим ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба иқтисодиёти сабз, энергияи сабз ва ривоҷдиҳии онҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, ки барои ҳифзи саломатии инсон, муҳити зист, фаровонӣ ва ояндаи ободу сарсабз хидмат мекунад.
Фирӯза РАҲМАТУЛЛОЕВА,
дотсенти кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро,
Аслиддин АБДУЛЛОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухоро.