БОИСИ ИФТИХОР ВА ШАРАФМАНДӢ

Инсон бидуни эътиқод зиста наметавонад. Эътиқод, дин ва виҷдони ӯ дар муҳаббат нисбат ба замине, ки вай таваллуд шудааст, ҳамчунин рамзҳои муқаддаси он зоҳир мегардад.

Парчами давлатӣ рӯнамои мамлакат ба шумор меравад. Мо ба парчами худ эҳтиёткорона муносибат мекунем, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Ҳамдиёрони мо ҳангоми дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ будан вақте Парчами Ӯзбекистонро дар байни парчами кишварҳо мебинанд, ба ҳаяҷон омада, эҳсосеро аз дил мегузаронанд.

Алҳол мамлакати мо ба олам ба сифати Ӯзбекистони Нав муаррифӣ мегардад. Ҷомеаи ҷаҳон кишвари муқаддаси моро ҳамчун сарзамини дорои таърих ва фарҳанги ғаниву куҳан эътироф мекунад, ки бо олимони бузурги худ дар рушди илму маърифат саҳми беқиёс гузоштааст, ҳамчунин ба сифати кишваре мешиносад, ки равандҳои васеъмиқёси бозсозӣ, ислоҳоти бебозгаштро татбиқ менамояд.

Сулҳу салоҳ ва фаровонӣ, дӯстӣ ва ҳамдилии халқ, ки дар мамлакати мо ҳукмрон аст, бунёдкориҳои он боиси ифтихори махсус мебошанд. Парчами кишвари мо саъю кӯшиши халқро, ки бо қадамҳои дилпурона ба оянда меравад, собит месозад.

Сазовори эътибор аст, ки кӯдакон бо рамзҳои муқаддаси Ватани мо аз синни хурдӣ, ҳанӯз дар муассисаҳои таълими томактабӣ шинос мешаванд. Мо бисёр мушоҳида кардаем, ки фарзандонамон дар даст байрақчаҳои Ӯзбекистон бо хурсандиву ифтихор ва қаноатмандӣ сурудҳои ватандӯстона месароянд.

Парчам ба писарону духтарон кумак мерасонад, ки Ватанро амиқтар шиносанд, дарк намоянд, ки он ба мо муҳаббат ба Ватанро меомӯзад.

Бидуни шубҳа, парчами мамлакат ба тимсоли мардиву ватандӯстӣ, ҷасорату шуҷоат, озодӣ, некӣ ва бахту саодати Ӯзбекистони бемисл табдил ёфтааст.

Дар кишвари мо пеш аз  таҷлили ин сана чорабиниҳо – ҷашнвораҳои гуногун, мусобиқаҳои варзишӣ, иқдоми саломатӣ ва иҷтимоӣ, конфронсҳои маърифатӣ баргузор мешаванд.

Чунин чорабиниҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ ва рӯҳи болида дар маҳаллаҳо, ҷамоаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимиву динӣ, қисмҳои ҳарбӣ мегузаранд. Иштироки фаъоли ҳамдиёрони мо дар онҳо шаҳодати эҳтироми бузург ва садоқати бепоёни мардум ба рамзҳои муқаддаси Ватан мебошад, онҳо ба тақдири мамлакате, ки дар он зиндагӣ доранд, бефарқ нестанд.

Нилуфар ҚАҲҲОРОВА,

мудири Маркази ахбору китобхонаи ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: