БА МУСИҚИҲОИ КЛАССИКӢ УМРИ ДУБОРА БАХШИД

Санъати мусиқӣ соҳаи ба худ хоси фарҳанг ба шумор рафта, мардуми шарқ аз қадим ба он ихлоси баланд доранд, ки донишмандони зиёд мисли Форобӣ, Ибни Сино ва ё Мирзо Улуғбек оиди ин илм асарҳо эҷод кардаанд.

Гузашта аз ин, мисли  «Мақоми ушшоқ», «Мақоми Ироқ», «Шашмақом», «Дугоҳ», «Сегоҳ», « Бузург», «Шаҳнози гулёр» ва ғайра мақому оҳангҳое офарида шуд, ки то ҳол қалби шунавандаро ба ваҷд меоранд.

Руд, барбат, чағона, кунгура, най, қӯшнай, ғиҷҷак, танбӯр, уд, рубоб, қӯбиз, қонун, дутор, сетор, доира ва ғайра асбобҳои мусиқии қадимаву имрӯза ҳастанд, ки хоси халқҳои тоҷику ӯзбек ва умуман шарқ буда, дертар байни халқҳои дигар низ маъмул гашт.

Қаҳрамони лавҳаи мо, дорандаи медали «Шуҳрат», бастакор Насриддин Рӯзиев, ки ҳоло 70 солагии хешро ҷашн мегирад,  дар даст бо асбоби мусиқии муъҷаз – қӯшнай дар чандин мамлакатҳои дунё сафари эҷодӣ анҷом додааст.

Дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон шаби эҷодии ин мусиқори номӣ баргузор гардид, ки «Ӯзбекистонам ба ту!» ном дошт. Дар шабнишинӣ устод-муаллимони мактаби мусиқии ихтисосонидашудаи ба номи Глиери ҷумҳурӣ, Донишкадаи давлатии санъат ва маданият, ихлосмандони санъати мусиқӣ, шогирдон ва наздикони Н. Рӯзиев иштирок карданд.

Насриддин Рӯзиев фарзанди Бухорои шариф мебошад. Ӯ аз хурдсолӣ бо қалби ба мусиқӣ ошно ба камол расид. Аввал дар мактаби мусиқии Бухоро, дертар дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон таҳсили илм кардааст ва бо гузашти солҳо дар ин соҳа асарҳои зиёд офарид.

– То Насриддин дар шаҳри мо найнавоз набуд, ман мехостам, ки ӯ найнавоз шавад. Азбаски дар қалби ӯ шарораҳои мусиқӣ ба аланга бармегашт, ба назди най боз як най гузошту ба қӯшнай балад шуд, – гуфт тағойи эҷодкор Собирҷон Соҳибов. – Ман беш аз 40 нафар шогирд дорам. Насриддин нахустшогирдам мебошад. Ӯ вақте ки бо композитор, дирижёр, Ходими хидматнишондодаи санъати Ӯзбекистон Мустафо Бафоев ба Амрико дар сафари эҷодӣ шуд, 6-то асбоби мусиқиро навохта, ин намуди санъати диёри моро шуҳратёр гардонд.

Меҳмон аз Тоҷикистон — устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд С. Саидов китобҳои нодиреро оиди мусиқӣ ба забони тоҷикӣ ба соҳибҷашн супорида, гуфт, ки  «ман чунин мусиқиеро бори аввал ба тариқи зинда шунида истодаам, ки бо ҳамоҳангии қӯшнай иҷро мешавад. Ин ба ман болу пар бахшид. Бесабаб най сарчашмаи мусиқии шарқ набудааст».

Дар шабнишинӣ суруду оҳангҳое, ки аз тарафи Н. Рӯзиев офарида шудааст, мисли «Оҳиста», «Хаёл», «Санобар», «Изтироб» танинандоз гашт, ки ба ҷамъомадагон рӯҳи болида бахшид.

Н. Нодирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: