ТАНЗИЛА НОРБОЕВА РАИСИ СЕНАТ ИНТИХОБ ШУД

Ҷамъомади якуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома дорад. Дар маҷлис масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид.

Мувофиқи моддаи 101-уми Конститутсия Президент ба вазифаи раиси Сенати Олйи Маҷлис номзади сенатор Танзила Норбоеваро пешниҳод кард.

Таъкид гардид, ки Танзила Норбоева дар идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ таҷрибаи бой дошта, дар натиҷаи фаъолияти пурсамараш дар ин вазифа дар давраи гузашта вазъи таъмини ҳуқуқи занону кӯдакон ва ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо дар кишвари мо беҳтар гардид.

Сенаторон номзадро якдилона дастгирӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: