Чунин ном дошт чорабиние, ки ба 100-солагии таъсиси «Овози тоҷик» дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх доир гардид. Дар он омӯзгорон ва донишомӯзони ин дабистон ширкат варзиданд.
Директори мактаб Ҳабибҷон Ҷӯраев дар бораи таърихи рӯзномаи «Овози тоҷик» маълумот ироа намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки 100 сол муқаддам ин рӯзномаи пурбаҳову пурмуҳтаво арзи вуҷуд намуда, то кунун ҳамчун минбари ягонаи мардуми тоҷики Ӯзбекистон фаъолияташро идома медиҳад.
– «Овози тоҷик» нашрияест, ки ба ифтихори миллати мо табдил ёфтааст. Дар ҳамин ҳол он яке аз тарғиботгари сиёсати хирадмандонаи Президент Шавкат Мирзиёев ва қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Гузашта аз ин, мубаллиғ ва нигаҳдорандаи забону фарҳанг ва расму ривоҷи мардуми мо маҳсуб меёбад. Муштариёни он аз маводи пухтаву гуногунматолиби он баҳраманд мегарданд, – изҳор намуд Ҳабибҷон Ҷӯраев.
Ба гуфтаи хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона Мирасрор Аҳроров соли даҳум аст, ки дар он фаъолият мекунад. Матолибе, ки ба қалами вай мансубанд, бештар пешрафтҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Сӯх, дастовардҳои кормандони истеҳсолоти ҷабҳаҳои гуногун, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва амсоли онро инъикос менамоянд.
Дар идома аъзои маҳфили «Навқалам»-и мактаб дар васфи рӯзнома шеърҳоеро қироат карданд, ки адибони гуногун эҷод кардаанд. Инчунин ҳарф-ҷадвале, ки ба ифтихори 100-солагии «Овози тоҷик» таҳия гардидааст, мавриди ҳаллу хонапурӣ қарор гирифт. Хосатан донишомӯзони синфҳои 6-уми «А», «Б» ва «В» дар ин мусобиқа хеле маҳорати хуб нишон доданд. Дар охир ғолибият насиби донишомӯзони синфи 6-уми »В» дониста шуд.
Ногуфта намонад, ки баромади Райҳона Мирзоева, Мубинахон Баротҷонова, Фариштамоҳ Олимҷонова, Меҳрона Йигиталиева, Ҳоҷихон Мунавварова, Орифхӯҷа Ҳалимов, Мутриббек Мастонов лоиқи таҳсин гардид. Онҳо дар баробари он ки иштирокчиёнро бо матолиби ҷолиби «Овози тоҷик» ошно намуданд, дар қироати шеърҳо маҳорати хос нишон доданд.
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.