ТАНҲО ИРОДАИ МУСТАҲКАМ, ЯГОНАГӢ, ВАҲДАТ ВА МЕҲНАТИ ФИДОКОРОНА СУЛҲУ ПЕШРАФТРО ДАР МАМЛАКАТИ МО ТАЪМИН КАРДА МЕТАВОНАД

19 ноябр дар Тошканд ҷамъомади нахустини умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Чорабиниро раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Зайниддин Низомхӯҷаев ифтитоҳ намуд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.

Барои ташкили кори ҷамъомади умумӣ котибот ва гурӯҳ бинобар назорати овоздиҳии электронӣ, ҳамчунин рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардид. Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ дар бораи натиҷаҳои интихобот ба Сенати Олий Маҷлис маълумот дод.

Зикр гардид, ки ҷараёни мазкур ошкоро ва одилона, мувофиқи таҳрири нави Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қонунгузории такмилёфтаи миллии интихоботӣ гузашт.

Мувофиқи Қонуни Асосӣ аъзои Сенат аз тариқи овоздиҳии пӯшидаи депутатҳои мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо ба ҷамъомади дахлдори муштарак интихоб карда шуданд. Аз ҳар кадом ҳудуд миқдори баробар – чаҳорнафарӣ интихоб гардиданд. 9 сенатори дигар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин карда шуданд.

Дар ҷамъомади умумӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев маърӯза кард ва аъзои ҳайати нави Сенатро бо эътимоди баланде, ки нисбати онҳо зоҳир гардид, муборакбод намуд.

Таъкид шуд, ки ҳайати собиқаи Палатаи болоӣ дар рушди мамлакат саҳми муносиб гузошт. Тӯли панҷ соли охир аз ҷониби Сенат 106 ҳисобот шунида шуд, 1300 пурсиш ба мақомоти иҷроия фиристода шуданд. Нуфузи парлумон дар арсаи байналхалқӣ низ хеле афзуд. Дар ин давра миқдори гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ бо кишварҳои хориҷӣ аз 26 то ба 73 адад расид.

Бинобар ислоҳоти конститутсионӣ ҳайати Сенат мувофиқ карда, миқдори аъзои он аз 100 то ба 65 нафар ихтисор шуд. Ҳамзамон ваколат ва масъулияти сенаторон чандин карат афзуд. Аз ҷумла, вазифаҳои назоратии палатаи болоии парлумон,  иштироки он дар ташаккул додани як қатор мақомоти асосии давлатӣ бештар гардид. Сенат ҳамчунин соҳиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ шуд.

Президент эътибори ҷамъомадагонро ба вазъи байналхалқӣ ҷалб намуда, аз ҷумла муҳимияти сулҳу салоҳ ва ягонагиро таъкид кард.

– Дар чунин як вазъи мураккаб мо метавонем сулҳу салоҳ ва рушди кишварамонро танҳо ба шарофати иродаи мустаҳкам, ягонагӣ, ваҳдат ва меҳнати фидокорона таъмин намоем. Муҳтарам сенаторон ва депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, ман бовар дорам, ки шумо ин ҳақиқати муҳим ва масъулияти бузурги худро амиқ дарк мекунед, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.

Президент таъкид намуд, ки вазъи кунунӣ аз ҳама тақозо менамояд, ки ба кори худ баҳои танқидӣ диҳанд ва ба тарзи куллан нав кор кунанд.

Вобаста ба ин вазифаҳои рӯзмаррае, ки дар назди Сенат истодаанд, мушаххас карда шуданд.

Якум. Бояд механизмҳои нави баррасии қонунҳо ҷорӣ карда шаванд. Муҳим аст, ки шӯроҳои маҳаллӣ ба ҷараёни эҷоди қонун васеъ ҷалб карда, фикру ақидаи онҳо бинобар ҳар кадом қонун ба инобат гирифта шавад. Бояд ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ эътибори махсус дода шавад.

Дуюм. Дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ бояд ба вазифаи афзалиятноки Сенат табдил ёбад.

Минбаъд роҳбарони шӯроҳои вилоятӣ ва шаҳри Тошканд, на ҳокимон, балки раисоне ба шумор мераванд, ки аз ҷумлаи депутатҳо интихоб шудаанд. Назорати фаъолияти мақомоти ҳудудии иҷроия аз ҳисоби механизмҳои нав, аз ҷумла пурсиш ва тафтиши шӯро пурзӯр карда хоҳад шуд.

Аз соли 2026 ҳокимон дар шӯроҳои ноҳия ва шаҳрҳо раисӣ намекунанд. Ин тадбир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷараёнҳо доир ба расондани идораи давлатӣ то ҳалқаи поёнӣ ва наздик намудани он ба аҳолӣ хусусияти бемайлон касб намуд.

Сеюм. Шӯроҳои маҳаллӣ бояд бо сохторҳои поёнии вазорат ва идораҳо, бахусус шуъбаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии маҳалҳо бо истифода аз муносибатҳои нав ҳамкорӣ кунанд.

Дар масъалаҳои буҷети ноҳия ва шаҳрҳо шӯроҳои маҳаллӣ инчунин ваколати зиёдро соҳибанд, ки аз он барои ҳалли мушкилоти нигаронкунандаи аҳолӣ оқилона бояд истифода кард. Сенат бояд дар ин самт бо шӯроҳои маҳаллӣ ҳамдастӣ намояд.

Чаҳорум. Сарқонуни таҷдидёфта ба дӯши Сенат бинобар таъмин сохтани ба қонунгузорӣ мувофиқат кардани қарорҳои шӯроҳои маҳаллӣ масъулият вомегузорад. Дар ин самт бояд низоми самарабахше, ки шаффофият ва қонуниятро кафолат медиҳад, ба роҳ монда шавад.

Панҷум. Кумитаҳои  Сенат неруи муҳаррики Палатаи болоӣ ба шумор мераванд. Замони мустаҳкам кардани асосҳои идораи баррасии кумитавӣ дар сатҳи қонун фароҳам омад.

Шашум. Иштироки сенаторон дар татбиқсозии пурраи  барномаҳо ва нақшаҳо оид ба коҳиш додани нодорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти махсус дорад.

Ҳафтум. Пурзӯр намудани назорати парлумонӣ дар мубориза ба муқобили тамаъгарӣ ва ҷалби тамоми ҷомеа ба ин ҷараён бағоят муҳим мебошад. Сенат бояд бинобар баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва мадании аҳолӣ, дар ҷомеа ташаккул додани оштинопазирӣ ба тамаъгарӣ, ҷалб сохтани ҷавонон ба эҳтиром нисбати қонун, поквиҷдонӣ ва меҳнатдӯстӣ чораҳои мушаххас андешад.

Ҳаштум. Ҷорӣ гардидани низоми аз ҷониби Сенат интихоб кардани тамоми аъзои Шӯрои Суди олӣ ба таъмин сохтани мустақилии ҳақиқии ҳокимияти судӣ нигаронида шудааст. Сенат бояд номзадро нафақат тасдиқ кунад, балки боз бо фаъолияти вай шинос гардад ва хулосаҳои дахлдорро пешниҳод намояд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ шуданд. Президент Шавкат Мирзиёев мувофиқи моддаи 101-уми Сарқонун номзадро ба вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлис пешниҳод кард.

Аз тариқи овоздиҳии пӯшида Танзила Норбоева Раиси Сенат интихоб гардид. Ҳамчунин Содиқ Сафоев муовини аввали Раиси Сенат ва Аманбай Оринбаев муовини Раиси Сенат интихоб шуданд.

Ҳафт кумита ва як комиссияи Сенат созмон дода шуд. Сенаторон оид ба масъалаҳои дигари баррасишуда низ қарорҳои дахлдор қабул карданд.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: