РУШДИ ИЛМ ВА ИСЛОҲОТИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ВЕТЕРИНАРИЯ ВА ЧОРВОДОРИИ ҶУМҲУРӢ

Бо ташаббуси шуъбаи тошкандии Донишгоҳи давлатии тиббии ветеринарӣ, чорводорӣ ва биотехнологии Самарқанд дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ оиди рушди илм ва ислоҳоти таълим дар соҳаи ветеринария ва чорводории ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Барои фаровонии зиндагии халқ ва рушди барқарории иқтисодиёти мамлакат кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи чорводорӣ нақши муҳим дорад. Бинобар ин, аз солҳои аввали истиқлолият барои қонеъ сохтани эҳтиёҷи аҳолӣ ва дар бозори дохилӣ зиёд кардани гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва дигар маҳсулоти чорво, ҳамчунин таъмин кардани барқарории нарх дар бозор эътибори алоҳида дода мешавад. 

Бо ташаббуси шуъбаи тошкандии Донишгоҳи давлатии тиббии ветеринарӣ, чорводорӣ ва биотехнологии Самарқанд дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ оиди рушди илм ва ислоҳоти таълим дар соҳаи ветеринария ва чорводории ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ проректори якум доир ба масоили ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатии донишгоҳ Алибек Ғаффоров таъкид кард, ки дар мамлакатамон масъалаи ҳарҷониба рушд додани ветеринария ва чорводорӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, то имрӯз дар соҳа бо ташаббуси Сарвари давлат 5 фармон, 32 қарор ва 55 қарори Девони Вазирон қабул гардидааст. Мувофиқи ақидаи мутахассисон пешрафти соҳа ба дуруст ташкил кардани корҳои наслгириву наслпарварӣ, истифодаи васеъ аз таҷриба ва комёбиҳои пешқадами ҷаҳонӣ, эҳтиёт кардани генофонди зотҳои маҳаллии чорво ва ҳамзамон дар хоҷагиҳо зиёд кардани саршумори молҳои наслдор ва ғайра вобастагии зиёд дорад.

Дар кишварамон ба мақсади беҳтар кардани наслпарварӣ, рушди хоҷагиҳои фермерии чорводорӣ ва дар онҳо зиёд намудани чорвои калони наслдор, баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар давоми соли ҷорӣ аз Белорус, Полша, Австрия, Олмон, Нидерландия ва мамлакатҳои дигари Аврупо 80 ҳазор сар гови наслдори навъҳои голштинфриз, алобуло, симментал, голштейн ва ғайра, ки маҳсулнокиашон баланд мебошанд, харида шуданд, – гуфт директори шуъбаи тошкандии донишгоҳ Ҷаҳонгир Турсагатов. – Соли гузашта бори аввал дар мамлакатамон  аз ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ говҳои гаронмаҳсули голштейн оварда шуда, трансплантатсияи эмбрион гардид.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа дар говпарварӣ ба вусъат додани наслгузории сунъӣ, бо асбобу анҷомҳои зарурӣ муҷаҳҳазсозии нуқтаҳои наслгузории сунъӣ ва зооветеринарӣ, беҳтар кардани насли молҳо эътибори махсус дода мешавад. Фаъолияти дорухонаҳои ветеринарӣ ҳамеша дар мадди назари ташкилотҳои дахлдор аст. Бо роҳбарони дорухонаҳое, ки аз рӯйхати давлат гузаштаанд, оиди ба фурӯш набаровардани доруҳои биологии бесертификат суҳбат ва чораҳо андешида мешавад. Ба мақсади ҳифзи чорво аз касалиҳои сирояткунанда ва ба тарзи намунавӣ ташкил намудани хидматҳои зооветеринарӣ дар асоси нақша корҳои сӯзандору бо воситаи доруҳои биокимиёвӣ ба амал меояд. Дар байни аҳолӣ низ корҳои тарғиботӣ оиди касалиҳои ҳорӣ ва оқибатҳои нохуши он бурда мешавад.

Дар бозорҳои кишварамон маҳсулоти шир, тухм, асал, моҳӣ ва чанд намуди гӯшт баъди тафтиш аз тарафи ходимони лаборатория ба фурӯш бароварда мешаванд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: