РӮЗИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БОШУКӮҲ ГУЗАШТ

Чун соири шаҳру вилоятҳои кишвар дар вилояти Фарғона низ 33-солагии рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо тантанаи хос таҷлил карда шуд.

18 ноябр дар кӯчаи Ал-Фарғонӣ бо дастгирии сарбозон Парчами азим аз тариқи раҳпаймоӣ ба самти Театру консерти вилоятии ба номи И. Каримов ҳаракат намуд. Ба ин раҳпаймоӣ мошинҳову аспсаворон ва сокинону меҳмонони шаҳр пайваста, шукӯҳи ин чорабиниро боз афзуданд.

То назди театр мавҷи иштирокчиёни ин раҳпаймоӣ боз ҳам бештар гардид.

Дар саҳни пеширӯи театр раҳпаймоёну парчами давлатиро мардуми зиёд бо хурсандиву кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд. Баъд маросими расмии Рӯзи қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Гуфта шуд, ки яке аз рамзҳои кишвари мо Парчами Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ҳастии мо дар рангҳои ҳаётбахши он ҷилвагар шудааст ва қалбҳоро ифтихору умед ва боварӣ ба фардои дурахшон  боз ҳам қавӣ месозад.

– Ҳар вақт ин парчамро бинам, ифтихорам боло гирифтаву дилам беихтиёр ба таппиш меояд. Шояд ин ҳамон эҳсоси баландест, ки дар ҷисму ҷони мо реша гирифтааст ва моро ҳамеша неруи тоза мебахшад, – мегӯяд яке аз иштирокчиёни ин чорабинӣ Муҳаммадамин Замонов, –  маҳз ҳамин парчам аст, ки дар ҷараёни чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ парфишонӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки зимни пирӯзии варзишгарон ин манзара боз ҳам бештар дилҳоро тасхир мекунад. Зеро баланд шудани парчам аз он шаҳодат медиҳад, ки варзишгари кадом кишвар дар сабқат дастболо шудааст. Хушбахтона, парчами давлатии мо даҳҳо маротиба дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ бо виқор баланд шудааст ва боиси  ифтихори мардуми мо гаштааст.

Дарвоқеъ, чунин чорабиниҳои идона дар шаҳрҳои Марғелону Қӯқанд ва Қувасой, марказҳои маъмурии ҳамаи ноҳияҳо, муассисаҳову корхонаҳои вилоят бо шаҳомати хос баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки 33 сол муқаддам, 18 ноябри соли 1991 қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул шудааст ва он ҳар сол дар мамлакати мо дар сатҳи баланд ид карда мешавад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: