ПРЕЗИДЕНТ ПЕШНИҲОД КАРД, КИ СОЛИ 2025 ДАР МАМЛАКАТАМОН «СОЛИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ИҚТИСОДИЁТИ «САБЗ» ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД

Ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баргузор гардид.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ кард.

Президент зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳоло на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим равшан эҳсос мегардад.

Ифлосшавии ҳаво ва об, эрозияи хок, биёбоншавӣ, истифодаи аз ҳад зиёди сӯзишвории истихроҷшаванда боиси гармшавии ҷаҳонӣ, афзоиши офатҳои табиӣ гардида, ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ зарар мерасонад.

Дар ҷавоб ба ин се сол пеш дар мамлакати мо лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» оғоз гардид. Якҷоя бо кишварҳои ҳамсоя татбиқи Стратегияи минтақавии иқлим оғоз шуд. Дар пойтахти мо Донишгоҳи омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Осиёи Марказӣ таъсис ёфт.

Инчунин, Ӯзбекистон ташаббускори ду қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар ин замина гардид. Ҳоло энергетикаи «сабз» ба яке аз драйверҳои пешбарандаи иқтисодиёти мо табдил меёбад.

Президенти мамлакат бо назардошти фикру мулоҳиза ва хоҳишҳои мардуми кишвар, дар асоси тавсияҳо ва бо мақсади ба сатҳи нав, баланд бардоштани кор дар ин самт пешниҳод намуд, ки соли 2025 дар мамлакатамон «Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти «сабз» эълон карда шавад.

Ҷамъомадагон ин ташаббусро комилан дастгирӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: