Дастаи футболи «Бухоро» як соли расо таҳти роҳбарии сармураббӣ (футболбози собиқи ҷамоа) Улуғбек Бақоев бо азми қавӣ ва боварии комил қувваозмоиҳои пролигаро бомуваффақият гузаронида, пеш аз муҳлат ба роҳхати суперлига соҳиб шуд.
Маълум аст, ки дастаи футболи «Бухоро» суперлигаро тарк намуда буд. Вай як соли расо таҳти роҳбарии сармураббӣ (футболбози собиқи ҷамоа) Улуғбек Бақоев ба умеди бозгашт ба суперлига бо азми қавӣ ва боварии комил қувваозмоиҳои пролигаро бомуваффақият гузаронида, ниҳоят комёб гардид ва пеш аз муҳлат ба роҳхати суперлига соҳиб шуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки бо сабабҳои гуногун: аввал номувофиқии шароити варзишгоҳи «Бухоро» бошад, сонӣ мувофиқи татбиқи лоиҳаи нав аз байн рафтани он футболбозони «Бухоро»-ро маҷбур кард, ки бештар аз ду мавсим вохӯриҳоро дар варзишгоҳи «Баҳром Вафоев»-и шаҳри Муборак (вилояти Қашқадарё) ва мусобиқаҳои мизбониро дар Тошканд гузаронанд.
Хушбахтона, дар ҳудуди маҷмӯи варзишии «Тӯқимачи»-и собиқи шаҳри Бухоро варзишгоҳи нави Академияи футболи минтақавии Бухоро барои 10 ҳазор нафар тамошобин дар муддати кӯтоҳ бунёд гардид. Баъди танаффуси тӯлонӣ бухориён метавонанд дар ин ҷо аввалин қувваозмоии расмӣ – вохӯрии 27-уми пролигаро байни ҷамоаҳои «Бухоро» – «Арал» 22 ноябр тамошо кунанд.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.