Соли савум аст, ки дар кишварамон бо ташаббуси Президент лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» роҳандозӣ мешавад.
Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа ба гулу гулзор табдил додани кӯчаҳо, барпо намудани боғҳои нав мебошад. Бо ин амали нек натанҳо гирду атроф обод ва сабзу хуррам, балки дар тоза кардани ҳаво низ саҳм мегузорем. Дарахтон гази карбонро фурӯ бурда, оксиген хориҷ мекунанд. Ин ташаббуси нек дар фасли тирамоҳ идома дорад.
Бо сарварии ҳокими шаҳри Ғозғон Нуралӣ Ҷӯраев, ҷонишинони ҳоким, роҳбарони секторҳо, намояндагони шуъбаи экология ва идораи ободгардонии шаҳр ва намояндагони маҳаллаҳо ба шинонидани ниҳолҳо оғоз бахшиданд. Тибқи нақша дар 4 гектар замини холии маҳаллаи «Мармаробод» беш аз 1000 бех ниҳол шинонда шуд. Тирамоҳи соли равон дар гузарҳои гуногуни шаҳри Ғозғон беш аз 42,5 ҳазор ниҳол шинонида мешавад. Дар ҳудуди корхонаву муассисаҳо, объектҳои ҷанбаи иҷтимоӣ ва маҳаллаҳо ниҳолшинонии тирамоҳӣ идома дорад.
Ин иқдоми нек дар корхонаву муассисаҳо, ҳудуди маҳаллаҳои ноҳияи Нурато низ хуб роҳандозӣ гардидааст. Аҳолии маҳаллаи «Чуя» дар ҳудуди 1 гектар беш аз ҳазор бех ниҳол нишонда, «Боғи маҳалла»-ро бунёд карданд. Дар се гектар замини ҳудуди маҳаллаи «Истиқбол» ниҳолҳои мевадор ва ороишӣ шинониданд. Ин ниҳолҳо баъди нашъунамо ёфтан, дар баробари ба симои маҳалла ҳусн зам кардан, дар беҳгардонии ҳавои минтақа низ нақши муҳим мебозанд.
Татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Навоӣ идома дорад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».