Дар асоси созишномаи роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Самарқанд дар соли 2024 мақоми «Пойтахти фарҳанги ҳамдӯстӣ»-ро гирифта буд.
Дар Театри давлатии мусиқиву драмаи Самарқанд ба итмом расидани чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ нисбати он ва ба шаҳри Лочини Озарбойҷон гузаштанаш баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар тӯли чанд моҳи гузашта дар шаҳри бостонӣ бисёр анҷуманҳои бошукӯҳи фарҳангии хотирнишин шуда гузашт.
Дар тадбир ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров, ҷонишини нахустини вазири фарҳанги Ӯзбекистон Авазхон Тоҷихонов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳамкории гуманитарии давлатҳои ҳамдӯстии мустақил Анатолий Исанов ва дигарон ширкат варзиданд.
Сипас, вакили махсуси Президенти Озарбойҷон дар шаҳри Лочин Маъсум Мамедов сертификати пойтахти фарҳангиро қабул кард.
Дар поёни чорабинӣ ҳозирон аз консерти санъаткорони ҷавони оркестри симфонии давлатҳои ҳамдӯстӣ таҳти роҳбарии ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Скрипка ғизои маънавӣ гирифтанд.
– Санъат сарҳад надорад ва он барои таъмини амнияти миллии халқҳои ҷаҳон хидмат мекунад,– гуфт Сергей Скрипка,– мо хеле хушҳол ҳастем, ки дар Самарқанд – маркази тамаддуни Шарқ баромад намуда, ба ивазаш гулдастаҳои тару тоза ва кафкубии самимона гирифтем.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.