Президент пешниҳод намуд, ки соли 2025 дар кишварамон "Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти “сабз” эълон карда шавад.

Дар давоми суханронии худ Президент қайд кард, ки имрӯз на танҳо Ӯзбекистон, балки бисёр кишварҳои ҷаҳон оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлимро равшан эҳсос мекунанд.

Олудашавии ҳаво ва об, эрозияи хок, биёбоншавӣ ва истифодаи беандозаи сӯзишвории канданиҳо боиси гармшавии глобалӣ, афзоиши офатҳои табиӣ ва зарар расонидан ба муҳити зисту саломатии аҳолӣ мегарданд.

Ҷавобан ба ин, дар кишварамон се сол пеш лоиҳаи умумимиллии “Макони сабз” оғоз гардид. Ҳамчунин, бо ҳамкории кишварҳои ҳамсоя Стратегияи минтақавии иқлим амалӣ мешавад. Дар пойтахт Донишгоҳи омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.

Илова бар ин, Ӯзбекистон ташаббускори ду қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт гардид. Дар айни замон, энергетикаи сабз ба яке аз омили пешбарандаи иқтисоди кишварамон табдил меёбад.

Бо дарназардошти андешаҳо, хоҳишу пешниҳодҳои мардум, барои ба сатҳи нав бардоштани корҳо дар ин самт, Президенти мо пешниҳод кард, ки соли 2025 дар кишвар “Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти “сабз” эълон карда шавад.

Ҳозирин ин ташаббусро пурра дастгирӣ намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: