Президент таъкид кард, ки таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷӣ қабул карда шавад.
Барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар пешбурди сиёсати хориҷии самаранок, тавсеаи доираи дӯстону шарикон ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ бо ҳамсоягони наздик вазифаи муҳим аст.
Ба ин мақсад зарурияти таҳияи таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷӣ зикр шуд.
Мустаҳкам намудани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ авлавият хоҳад дошт. Соли оянда дар кишварамон баргузор шудани вохӯрии “Панҷгонаи Осиёи Марказӣ” як қадами бузурги амалӣ дар ҳамин самт хоҳад буд.
Ҳоло шаҳрвандони мо метавонанд бо ID-корт озодона ба Қирғизистон сафар кунанд. Акнун чунин низом бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ карда мешавад.
Илова бар ин, таъкид шуд, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои муассир бо кишварҳои минтақа ва шарикони бонуфуз, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин институтҳои молиявӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ хоҳанд буд.
Президенти мо, бо истифода аз ин фурсат, дипломатҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро, ки дар ҷаласаи имрӯза ширкат доранд, самимона табрик гуфт ва барои дастгирии ислоҳот ва ҳамкорӣ миннатдорӣ изҳор карданд.