Имрӯзҳо дар кишвари мо равандҳои муҳими сиёсӣ ҷараён доранд. Дар асоси натиҷаи интихоботҳои ахир парлумони нав ташаккул дода шуд. Имрӯз маҷлиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба баррасӣ ва тасдиқи номзадии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Ба кори ҷамъомад Раиси Палатаи қонунгузорӣ Нуриддин Исмоилов роҳбарӣ кард.
Дар оғози маҷлис Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.
Мувофиқи моддаи 94-и Конститутсияи навшудаи мо, баррасӣ ва тасдиқи номзади Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ваколати истисноии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис мансуб аст. Мувофиқи моддаи 118, номзади Сарвазир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод карда мешавад.
Аз ин рӯ, дар ҷамъомад Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
– Дар шароити мураккаби имрӯза, масъулият барои иҷрои вазифаҳои стратегӣ ва ҷории мамлакат, пеш аз ҳама, ба зиммаи мақомоти иҷроия, бахусус ҳукумат ва роҳбари он гузошта шудааст. Мардум аз ҳукумати нав натиҷаҳои мушаххасро интизоранд, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Президенти кишвар қабл аз ҳама ба иҷрои барномаҳои панҷсолаи гузашта ишора намуд. Дар ин давра иқтисодиёти кишвар ду баробар рушд карда, аз марраи таърихии 100 миллиард доллар гузаштааст. Пешбинӣ мешавад, ки даромади ҳар сари аҳолӣ ба 3 ҳазор доллар мерасад.
Содирот қариб ду маротиба афзоиш ёфта, аввалин бор ба 25 миллиард доллар расид. Захираҳои тиллою асъорӣ аз 40 миллиард доллар гузаштанд. Ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ азхудшуда шаш маротиба зиёд шуда, ба туфайли он 1,5 миллион ҷойи кории сердаромад ташкил карда шуданд.
Дар се соли охир 10 неругоҳи бузурги офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2,7 миллион киловатт-соат ба кор даромаданд. Нақши энергияҳои алтернативӣ нисбат ба соли гузашта се маротиба афзоиш ёфтааст.
Фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ аз 74% ва ба таҳсилоти олӣ аз 39% гузашт.
Дар ҳамаи минтақаҳо “Марказҳои инсон” ташкил шуда, бо иштироки кормандони иҷтимоӣ дар маҳаллаҳо зиёда аз 100 намуди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ пешниҳод мегарданд.
Дар Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030” афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то ба 160 миллиард доллар ҳамчун ҳадаф муқаррар шуда буд. Бо истифода аз тамоми имкониятҳо, пешбинӣ мешавад, ки ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ ба 110 миллиард доллар расонда мешавад.
Таъкид гардид, ки агар ин суръат нигоҳ дошта шавад, то соли 2030 ҳаҷми иқтисодиёти кишвар метавонад ба 200 миллиард доллар расад, ки асоси беҳбуди назарраси сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ мегардад.
Аз ҷумла, даромади ҳар сари аҳолӣ аз 5 ҳазор доллар зиёд мегардад, сатҳи камбизоатӣ то 5% коҳиш ёфта, низоми устувори суғуртаи иҷтимоӣ барои қишрҳои ниёзманд ҷорӣ карда мешавад, маблағгузорӣ ба соҳаи тиб ду маротиба зиёд шуда, гузариш ба низоми суғуртаи тиббӣ ва фаро гирифтани пурраи аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббии кафолатнок таъмин мегардад, ҳамасола 150 ҳазор манзили истиқоматии нав ва замонавӣ сохта мешавад.
Президенти кишвар дар ин бобат ба муҳимтарин самтҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд:
Якум, бояд тавозуни макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шавад ва дар панҷ соли оянда суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи 6-7% таъмин гардад. Ҳамчунин, сатҳи таваррум дар доираи 5-6%, касри буҷет дар сатҳи 3% ва ҳаҷми солонаи қарздиҳӣ то 30 миллиард доллар расонида шавад.
Дуюм, то соли 2025 мебоист 1 миллион нафар аз камбизоатӣ берун оварда шаванд. Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки то соли 2030 сатҳи бекориро дар доираи стандарти байналмилалӣ – 5-6% нигоҳ дорад.
Сеюм, ба соҳаҳои саноате, ки арзиши иловашудаи баланд доранд, аҳамияти махсус дода мешавад. Вазорати сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ вазифадор аст, ки дар соли оянда зиёда аз 300 лоиҳаи бузургро, ки барои иқтисодиёт муҳиманд, амалӣ намояд. Ҳамчунин, таъмини боэътимоди иқтисодиёт бо манбаъҳои энергетикӣ ва дучанд намудани самаранокии истифодаи энергия низ аз масоили муҳим мебошад.
Чорум, ба 85 фоиз расонидани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёт дар панҷ соли оянда низ яке аз вазифаҳои асосӣ мебошад. Дар ин самт фурӯши саҳмияҳои давлатӣ дар 2 ҳазор корхона, зиёда аз 5 ҳазор иншооти ғайриманқул ва баровардани саҳмияҳои 16 маҷмааи бузург ба “IPO” талаб карда мешавад. Ҳукумат бояд татбиқи лоиҳаҳои шарикии хусусиро бо арзиши 30 миллиард доллар таъмин намояд.
Панҷум, таъмини амнияти озуқаворӣ муҳимтарин вазифа боқӣ мемонад. Ҳукумат бояд иҷрои барномаҳои ин соҳаро таъмин карда, истеҳсолотро дар кишоварзӣ 1,3 баробар зиёд намояд ва даромади миёнаро аз ҳар гектар замин ба 5 ҳазор доллар расонад.
Вазифаҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди тандурустӣ, варзиш ва беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ қайд карда шуданд.
Президенти мо таъкид намуд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории ҳукумат бо парлумон муҳим аст.
Пеш аз ҳама, зарур аст, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимият ба мардум боз ҳам наздиктар шавад. Ҷараёни иҷрои қонунҳо бояд ҳамроҳи кумитаҳои дахлдори палатаҳои Олий Маҷлис ва мақомоти масъули иҷроия омӯхта шавад.
Ҳукумат, вазорату идораҳо ва роҳбарони минтақаҳо бояд барои ҳалли мушкилоти аз ҷониби депутатҳо дар маҳалҳо муайяншуда бо кумитаҳои палатаи поёнии парлумон ҳамкории системавӣ роҳандозӣ кунанд. Бо ин мақсад ташаббус дар бораи ҷорӣ намудани низоми нав барои муҳокимаи ҳисоботи инспексияҳои назоратии давлатӣ дар кумитаҳои палатаи қонунгузорӣ пешбарӣ гардид.
Таъкид шуд, ки назорати парлумонӣ пеш аз ҳама “назорати мардумӣ, талаботи мардум” аст. Дар ин самт ҳамаи роҳбарон бояд масъулият ва ҷавобгарии худро пурра эҳсос кунанд.
Роҳбари давлат инчунин ба васеъ намудани доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҳамсояҳои наздик таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар ин замина қабули консепсияи сиёсати хориҷӣ дар таҳрири нав зарур дониста шуд.
Гуфта шуд, ки рушду тавсеаи муносибатҳои судманд ва системавӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои пешсаф, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин муассисаҳои молиявӣ бояд ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта бошад.
Дар замони ҳассоси кунунӣ ҳифзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ҳаёти осудаву озоди халқи мо муҳимтарин вазифа маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ба баланд бардоштани иқтидори ҷангӣ ва маънавии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳ бештар карда мешавад. Барои тарбияи ҷавонон ба ҳайси соҳибони донишҳои муосир ва касбҳои замонавӣ имкониятҳои бузург равона мегарданд.
– Имрӯз танҳо давлате, ки чунин ҷавонони пешқадам, зиёиёни фидокор ва халқи барои рушди Ватан муттаҳидро дорад, метавонад манфиатҳои миллии худро таъмин кунад, – гуфт роҳбари кишвари мо.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев номзадии Абдулла Ариповро ба вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намуд.
А.Арипов Барномаи амалии Девони Вазиронро барои муддати кӯтоҳ ва дурнамои дароз муаррифӣ кард.
Роҳбарони фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва вакилон доир ба ин номзад ва барнома фикрҳои худро баён намуданд.
Тибқи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии Абдулла Арипов ба вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъқул дониста шуд. Дар ин замина қарори Палатаи қонунгузории Олии Маҷлис қабул гардид.
Дар анҷоми ҷаласа самтҳои афзалиятнок барои соли оянда низ баррасӣ шуданд.
Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки соли 2025 дар кишвари мо "Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти “сабз" эълон карда шавад. Вазифаҳои муҳими вобаста ба ин самт зикр гардиданд.
– Имрӯз мо бо мардуми худ ба як давраи нав ва тамоман дигар дар рушди кишвари худ қадам мегузорем. Боварӣ дорам, ки ин давраи рушди босуръат ва расидан ба қуллаҳои боз ҳам баланди пешрафт дар Ӯзбекистони Нави мо хоҳад буд. Ин давраест, ки дар фаъолияти парлумон ва ҳукумат усулҳои нави корӣ ташаккул меёбанд ва хизмат ба халқи мо бо садоқат ба як суннати ибратбахш табдил меёбад ва дар таърих сабт хоҳад шуд, – гуфт Президент дар анҷоми суханронии худ.