НУТҚИ ПРЕЗИДЕНТ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҶАМЪОМАДИ НАХУСТИНИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ассалому алайкум, аъзои муҳтарами Сенат!

Дӯстони азиз!
Пеш аз ҳама Шумо, азизонро бо эътимоди баланде, ки сазовор шудед, аъзои Сенати Олий Маҷлис гардидед, аз таҳти дил ва самимона муборакбод менамоям.
Бешубҳа, сенатор ном ва мақоми баланду пуршараф, баробари ин ҳамаамон хуб медонем, ки масъулияти бузург ҳам ҳаст.
Умедворам, ки шумо дар роҳи барпо кардани Ӯзбекистони Нав, бунёди ҳаёти орому осоишта, озоду фаровони халқ тамоми дониш ва таҷриба, иқтидор ва салоҳияти худро истифода бурда, эътимоди халқамонро сафед мекунед.
Дар натиҷаи интихоботе, ки бо рақобати ҷиддӣ, дар рӯҳи адолат ва рӯшодӣ гузаштанд, таркиби даъвати панҷуми Сенат аз ҷиҳати сифат хеле баланд гардид. Ҳоло дар шахси шумо бисёр вакилони соҳа ва самтҳои пешқадам, намояндагони шинохтаи сиёсат, иқтисодиёт, илму фан ва фарҳангро мебинам ва аз ин хеле хурсанд ҳастам.
Ҳангоми дар бораи салоҳияти зеҳнии сенаторонамон сухан рондан, бояд махсус таъкид намоям, ки аз ҳар 3 нафар яке дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Он чиз боиси эътибор аст, ки тақрибан 25 фоизи аъзои Сенат, ё худ 16 нафари онҳо занону духтарон мебошанд. Ин бошад, баҳри ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак, занону духтарон, умуман фаъолияти қонунгузорӣ бинобар масъалаҳои иҷтимоӣ ва беш аз пеш пурқувват кардани назорати парлумонӣ, бешубҳа, аҳамияти муҳим дорад.
Интихоботе, ки дар мамлакатамон баргузор шуданд, агар гӯем, ки ҳам дар пешрафти давлат ва ҷамъият ва ҳам фаъолнокии шӯроҳои маҳаллӣ даврони навро боз карданд, хато намешавад. Таркиб ва мақоми шӯроҳои навинтихобшудаи маҳаллӣ аз ҳайати пешина куллан фарқ мекунад. Таркиби он тақрибан 60 дарсад нав шуд, беш аз 3 ҳазор ҳамватанонамон бори аввал депутат интихоб шуданд, ки тасдиқи гуфтаҳои болост. Бахусус дар шӯроҳои маҳаллӣ саҳми занони депутат ба 32 дарсад расид, миқдори депутатҳои то 30-сола 3,5 баробар афзуд ва ба 266 нафар расид, ки бобати муносибат ва нуқтаи назари нав дар фаъолияти Сенат нақши муҳим хоҳад бозид. Аксар сенатороне, ки дар ҷамъомади имрӯза ширкат меварзанд, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ ҳам мебошанд.
Ҳар кадоми мо хуб дарк менамоем, ки дар вазъи кунунӣ, ки дар миқёси ҷаҳон вазъият қатъиян мураккаб мегардад, таъмин сохтани сулҳу салоҳ ва пешрафти мамлакат ба вазифаи аз ҳарвақта муҳимтар табдил меёбад.
Тавре ки шоир ва мутафаккири бузург, ниёямон Паҳлавон Маҳмуд фармудааст, агар аҷдоди гузаштаи мо як тӯфонро аз сар гузаронида бошанд, имрӯз мо ҳазорҳо тӯфонро аз сар мегузаронем. Воқеан, ҳар кадом муаммои ҷаҳоние, ки мо имрӯз бо он рӯ ба рӯ мешавем, оё тӯфоне нест?
Зиддиятҳои хунин дар минтақаҳои гуногун, фоҷиаҳои экологӣ ва техногенӣ, дигаргуниҳои иқлимӣ, инқирозҳои иқтисодӣ, таҳдидҳои террористӣ ва экстремистӣ, мушкилоти нашъамандӣ торафт авҷ мегиранд, ки инро ҳамаи мо мушоҳида мекунем.
Дар чунин як вазъияти мушкил мо танҳо аз тариқи иродаи мустаҳкам, ягонагӣ ва ваҳдат, бо меҳнати фидокорона метавонем сулҳу салоҳ ва пешрафти кишварамонро таъмин намоем.
Бовар дорам, ки сенаторони мӯҳтарам, депутатҳои аз шӯроҳои маҳаллӣ интихобшуда ин ҳақиқати воқеӣ, масъулияти бузурги ба зиммаашон гузошташударо амиқ дарк мекунанд ва мувофиқи он кор мебаранд.
Дӯстони азиз!
Барои татбиқ намудани вазифаҳои бузурге, ки ба барпо кардани Ӯзбекистони Нав нигаронида шудаанд, таркиби аввалаи палатаи болоӣ саҳми муносиб гузошт. Бахусус, Сенат баҳри муътамадона таъмин намудани масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи занон, аз зӯроварӣ ҳифз намудани бонувону духтарон ва кӯдакон фаъолнокии махсус зоҳир намуд. Тӯли панҷ соли охир аз ҷониби палатаи болоӣ 106 ҳисобот шунида шуд, 1300 пурсиш ба мақомоти иҷроия ворид гардид, ки натиҷаҳои хеле муҳим ба шумор мераванд.
Нуфузи парлумон низ дар арсаи байналхалқӣ ба дараҷаи эҳсосшаванда меафзояд. Дар давраи сипаришуда миқдори гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ бо давлатҳои хориҷӣ аз 26 то ба 73 адад афзуд. Сенати мо ба анҷумани занону духтарони Осиё, ҷамъомади байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ барин чорабиниҳои бузурги байналхалқӣ мизбонӣ кард.
Соли оянда иҷлосияи 150-умини Ассамблеяи байнипарлумонии иттифоқ, яъне анҷумани ҷашнӣ дар пойтахти мо баргузор мегардад, ки сазовори эътибори махсус мебошад. Фикр мекунам, агар Сенат барои дар сатҳи бағоят баланд гузаштани ин анҷумани байналхалқӣ сару сарвар шавад, айни муддао мегардад.
Дар ин маврид бояд таъкид кунам, ки бинобар назорати парлумонӣ аз иҷрои мушоҳидаҳои байнидавлатӣ дар Сенат аввалин амалиёти мусбӣ ба роҳ монда шуд.
Муҳтарам сенаторон!
Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ таркиби Сенат ихчамтар шуд, миқдори аъзои он аз 100 ба 65 нафар ихтисор гардид. Ҳамзамон ваколат ва масъулияти сенаторон чандин карат афзуд. Бахусус, назорати парлумонии Палатаи болоӣ ва иштироки он дар ташаккул додани як қатор мақомоти муҳими давлатӣ ба дараҷаи эҳсосшаванда вусъат пайдо кард.
Боз як масъалаи муҳим. Пештар сенаторони мо бобати иштирок дар тадбирҳои назоратӣ, ё худ вохӯрӣ бо интихобкунандагон бинобар ҳаллу фасли муаммоҳои дар қонунҳо муайяншуда ваколати дақиқ надоштанд. Бинобар дар Сарқонуни нав ба Сенат додани ҳуқуқи ворид кардани таклифи қонунгузорӣ ин масъала ҳаллу фасли худро дарёфт. Муътақидам, ки сенаторони навинтихобшуда дар ин ҷараён фаъолона ширкат меварзанд.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Акнун мехоҳам ба имконият ва самтҳое, ки Палатаи болоӣ дар фаъолияти худ бояд онҳоро пурра истифода барад, таваққуф намоям.
Дар Сарқонун Сенат чун палатаи ваколатдори ҳудудӣ мушаххас карда шудааст. Баробари ин бояд эътироф кард, ки дар даъвати пешина Сенат бобати мулоқот ва ҳамкорӣ бо шӯроҳои маҳаллӣ танҳо қадамҳои нахустин гузошта буд. Чунончи, ҳарчанд шӯроҳои маҳаллӣ ваколатдори қабул кардани қарор бинобар беш аз 15 масъала бошанд ҳам, то ҳол тартиби ягонаи тайёру мувофиқа кардан ва тасдиқ намудан коркард нашудааст.
Боз як масъала. Мо ба шӯроҳои маҳаллӣ ваколатҳои зиёд дода, мақоми онҳоро хеле афзудем. Вале таассуфовар аст, ки низоми таҷрибаивазкунӣ ва такмили малакаи депутатҳои шӯроҳо ба роҳ монда нашуд. Фикр мекунам, масъалаи мазкур низ аз эътибори ҳайати нави Сенат берун намемонад.
Ғайр аз ин, агар ташаббусҳои беҳтарини шӯроҳои маҳаллӣ ба ҳудудҳои дигар низ оммавӣ карда, эътироф намудани шӯроҳои намунавӣ ба роҳ монда шаванд, бешубҳа, самараи корамон беш аз пеш меафзояд.
Мувофиқи Қонуни Асосии мо Сенат ҳисоботи беш аз 10 нафар мансабдори баландпояро мешунавад. Тӯли панҷ соли гузашта зиёда аз 100 чунин ҳисобот шунида шудааст. Вале аксар вақт ин ҳисобот бидуни таҳлили амиқ гузаштааст. Чунончи, бигирем масъалаи ҷинояткориро. Дар давоми 9 моҳи соли 2024 дар тамоми мамлакат зиёда аз 45 ҳазор нафар ба ҷиноят даст задаанд. Дар вилоятҳои Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё ва Самарқанд дуздӣ, дар вилоятҳои Навоӣ, Сирдарё ва Хоразм фиребгарӣ, дар вилоятҳои Сурхондарё ва Тошканд, ҳамчунин шаҳри Тошканд нашъамандӣ нисбат ба ҳудудҳои дигар бештар содир шудаанд.
Агар Сенат дар доираи назорати парлумонӣ ин аҳволро ҳамаҷониба таҳлил карда, ҳудудҳои «сурх»-ро таҳти назорат қарор диҳад, дар ин бобат қатъият зоҳир кунад, фикр мекунам, вазъиятро метавон беҳтар кард.
Ҳамватанони азиз!
Солҳои охир, бинобар ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ, мавқеи Ӯзбекистон дар рейтинг­ҳои байналхалқӣ беҳтар мегардад. Рейтинги кишвар, бинобар устувории қонун 8 зина, ҳукумати электронӣ 18, мувофиқи иқтисодиёти озод 49, бинобар логистика ва инноватсия 10 зина боло гардид.
Баробари эътироф намудани ин натиҷаҳои баланд, мо айни замон хуб дарк менамоем, ки дар самтҳои мазкур ҳанӯз корҳои зиёд бояд иҷро шаванд.
Алҳол Ӯзбекистон аз минбарҳои бонуфузи байналхалқӣ ташаббусҳои бузургро пеш мегузорад. Ҳамаи мо умедворем, ки барои ба халқамон, коршиносони хориҷӣ ва маҳаллӣ расонда додани мазмуну моҳияти онҳо сенаторон фаъолтар мешаванд. Аммо таассуфовар аст, ки нақши онҳо дар ин бобат ҳанӯз ба дараҷаи эҳсосшаванда нест. Кумитаи масъули корҳои байналхалқӣ дар Сенат низ, бинобар ҳаллу фасли ин масъала суст амал мекунад. Умедвор ҳастам, ки таркиби нави Палатаи болоии мо дар самти мазкур фаъолияти худро ҷонноктар менамояд.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Замони пуртаҳлукаи имрӯза аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки ба кори худ аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо дода, онро комилан аз нав ташкил кунем. Ба ин муносибат, мехоҳам мухтасар ба вазифаҳои таъхирнопазире, ки дар назди Сенат қарор доранд, таваққуф намоям.
Якум, дар таҳрири нави Конститутсияи мо ҳолатҳои такрории ваколатҳои Сенат ва Палатаи қонунгузорӣ бартараф гардида, вазифаҳое, ки ба ҳар кадоми онҳо дахл доранд, мушаххас нишон дода шуданд.
Акнун Сенатро зарур аст, ки дар муҳокимаи қонунҳо механизмҳои навро ҷорӣ намояд. Бахусус, ба раванди эҷодкории қонун васеъ ҷалб кардани Шӯроҳои маҳаллӣ, роҳандозии амалиёти гирифтани фикри онҳо аз рӯйи ҳар як қонун, аҳамияти муҳим касб мекунад.
Таваҷҷуҳ кунед, ки имсол депутатҳои шӯроҳо дар рафти вохӯриҳо бо шаҳрвандон беш аз 22 ҳазор мушкилотро муайян карданд. Яъне, вазъи воқеии минтақаҳоро онҳо беҳтар медонанд. Аз ин рӯ, ҳангоми баррасии қонунҳо дар кумитаҳои парлумон, на бо намояндагони вазорат ва идораҳо, балки бо депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ бештар кор барем, одилона мешавад.
Зеро, қонунҳое, ки хусусияту имконоти хоси минтақаҳоро ба назар намегиранд, дар зинаи поёнӣ самаранок кор намекунанд. Муҳимтар аз ҳама, мо бояд ба муштаракии манфиатҳои минтақавӣ ва умумидавлатӣ дар қонунҳо ноил шавем. Имконот ва захираҳои ҳокимият, ё ки шӯрои маҳаллӣ дар таъмини иҷрои қонунҳо бояд доимо дар маркази диққати Сенат қарор бигирад.
Дувум, кумаки ҳамаҷониба ба фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ бояд вазифаи устувори Сенат бошад.
Ин, махсусан дар шароити ҳозира, ки дар идоракунии маҳаллӣ модели сифатан нав ҷорӣ мешавад, аҳамият пайдо кардааст. Тавре хабар доред, акнун ба Шӯроҳои намояндагони халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд на ҳокимон, балки раисони шӯроҳо, ки аз байни депутатҳо интихоб шудаанд, сарварӣ мекунанд. Агар гӯем, ки бо ин ислоҳоти сиёсӣ орзуи 30-солаи халқамонро амалӣ кардем, ҳақиқат хоҳад шуд.
Аз фурсат истифода бурда, раисони Шӯроҳои минтақавиро, ки дар ҷамъомади имрӯза иштирок доранд, табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбиҳо таманно мекунам.
Имсол 33 ваколати ҳокимон ба шӯроҳо гузаштанд ва боз гузаронидани 17 ваколати дигар дар назар аст. Масалан, ба шӯроҳои маҳаллӣ гузаронидани ҷамъ 7 намуди ваколатҳо аз рӯйи тасдиқи миқдори ҷамъоварии маҳаллӣ, аз ҷумла, иловапулӣ ба тарифи оби ошомиданӣ, пардохти иҷора дар объектҳои давлатӣ ва бозорҳо пешбинӣ шудааст.
Инчунин, тавассути механизмҳои нав, аз қабили пурсиши Шӯро ва санҷиши Шӯро назорат аз болои фаъолияти мақомоти иҷроияи минтақавӣ пурзӯр карда мешавад.
Роҳандозии амалиёт аз рӯйи дар ҳар нимсола як маротиба гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Шӯроҳои маҳаллӣ оид ба корҳои иҷрошуда, фикр мекунам, дар фаъолияти онҳо ошкорбаёнӣ ва ҳисобдориро пурзӯр мекунад.
Ҳамаи ин чорабиниҳо аз он далолат медиҳанд, ки дар мамлакатамон равандҳои ба зинаи поёнтар фаровардани идораи давлатӣ ва ба аҳолӣ наздик кардани он, хусусияти бебозгашт гирифтааст.
Дар ин ҷо мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як ҷиҳати хеле муҳим ҷалб намоям. То соли 1992 дар мамлакати мо ҳолатҳое буданд, ки як муддат ба ҳокимияти маҳаллӣ ду роҳбар сарварӣ мекарданд. Инро одамони калонсол, ки дар ҷамъомади имрӯза иштирок доранд, хуб дар хотир доранд. Дар он замон баъзе аз роҳбарон ба ҷойи ҳалли мушкилоти таъхирнопазир ва ривоҷдиҳии минтақа, барои обрӯи худ талош мекарданд.
Мо бояд аз чунин хатоҳои дар гузаштаи наздик содиршуда хулосаи дуруст барорем ва ба такрор кардани онҳо роҳ надиҳем. Умуман, ҳам ҳоким, ҳам раиси Шӯро бояд, пеш аз ҳама манфиатҳои аҳолии сокини ҳудуди худро дар мадди аввал гузошта, як ҷамоа гардида, кор пеш барад.
Ҳоло мехоҳам таъкид намоям, ки ҳокимон барои иҷрои бечунучарои ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сатҳи ноҳия, шаҳру вилоятҳо, инчунин, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологии минтақаҳо, ки дар Конститутсия муқаррар гардидааст, масъул ва ҷавобгар мебошанд.
Бесабаб нест, ки ин фикрҳоро дар мулоқот бо шумо, сенаторони муҳтарам баён мекунам. Зеро шумо, аз як тараф, депутати Шӯрои маҳаллӣ ҳастед, аз тарафи дувум, ҳамчун аъзои Сенат бар ӯҳдаи шумо вазифаи кумакрасонӣ ба намояндагиҳои маҳаллӣ гузошта шудааст.
Сенат бояд бо ҳокимият ва шӯроҳои маҳаллӣ ҳамҷиҳат фаъолият намояд ва барои ташкили дурусти муносибатҳои байниҳамдигарӣ ба онҳо аз наздик кумак расонад.
Аз соли 2026 сар карда, ба Шӯроҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҳокимон раисӣ намекунанд. Ин ҳам як раванди муҳими демократӣ аст. Палатаи болоии мо бояд ба ин ислоҳот тайёрии ҷиддӣ бубинад.
Сеюм, дар асоси талаботи Конститутсияи навшуда, чанде пеш шӯроҳои маҳаллӣ бори аввал ҳокимонро ба вазифа тасдиқ, барномаҳои онҳоро оид ба ривоҷдиҳии минтақаҳо баррасӣ ва маъқул карданд.
Халқамон аз депутатҳо онро интизор ҳастанд, ки дар татбиқи назорати депутатӣ ва шӯроӣ бобати иҷрои вазифаҳои ин барномаҳо фаъол ва ташаббускорӣ нишон диҳанд.
Масалан, дар панҷ соли охир ба соҳаи сохтмони роҳ 48 триллион сӯм маблағ ҷудо гардида бошад ҳам, 32 дарсад ё худ 66 ҳазор километр роҳҳо ҳанӯз ба таъмир ниёз доранд. Ба шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсия 23 триллион сӯм равона шудааст, лекин дар 747 маҳалла тақрибан 8 миллион нафар аҳолӣ то ҳол ба шабакаи марказонидашуда напайвастаанд. 8 дарсади дегҳои гармидиҳӣ ва 14 дарсади шабакаҳои гармии марказонидашуда корношоям мебошанд.
Дар 826-то шаҳру шаҳракҳо ё худ 70 дарсад, 5 ҳазору 859 ё 78 дарсади пунктҳои аҳолинишини деҳот сарнақша вуҷуд надорад. Дар натиҷа, дар ҷойҳо сохтмонҳои бетартиб ва ғайриқонунӣ зиёд мешаванд. Соли гузашта 1600 иншооти сохтмонӣ бидуни аз рӯйхат гузаштан корро оғоз карда бошанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин рақам аз 1900 адад зиёд шудааст, ки далели ин гуфтаҳост.
Ин аз Шӯроҳои маҳаллӣ тақозо мекунад, ки бо сохторҳои поёнии вазорату идораҳо, бахусус шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии онҳо дар асоси тамоюлҳои нав кор баранд.
Дӯстони азиз!
Маълум аст, ки шӯроҳои маҳаллӣ дар муносибатҳои буҷет ваколатҳои хеле калон доранд. Мо аз соли 2025 аз рӯйи дар ихтиёри худи ноҳияву шаҳрҳо гузоштани тамоми андозҳои замин, молу мулк, муомилот ва ҳадди ақал 50 фоизи андози даромад қарор қабул мекунем. Тавассути ин нақши шӯроҳои маҳаллӣ дар ин соҳа боз ҳам меафзояд.
Дар натиҷа, даромади буҷети ноҳия ва шаҳрҳо дар соли 2025 9,4 триллион сӯм ё ки 47 дарсад меафзояд. Масалан, даромади буҷети танҳо ноҳияи Хатирчӣ 69,4 миллиард сӯм ё қариб 2 баробар, ноҳияи Бухоро 29 миллиард сӯм ё худ 1,3 баробар меафзояд.
Ин ислоҳоти мо баробари афзунсозии имконияти масъулони ноҳия ва шаҳрҳо бобати ҳалли мустақилонаи мушкилоти минтақаи худ, талаб мекунад, ки аз имкониятҳои барои шӯроҳои маҳаллӣ фароҳамгардида оқилона истифода намуда, аз рӯйи ҳалли масъалаҳое, ки аҳолиро ба ташвиш меандозанд, ташаббусҳои асоснокро ба миён гузоранд.
Сенат бошад, дар ин самтҳо фаъолияти шӯроҳои маҳаллиро аз рӯйи низом таҳлил карда, ба онҳо бояд кумак расонад.
Чорум, дар таҳрири нави Конститутсияи мо ба зиммаи Сенат масъулияти бузурги мувофиқат кардани қарорҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ба қонунҳо гузошта шудааст.
Танҳо дар соли гузашта 34 ҳазору 400 қарор қабул кардани ин шӯроҳоро ба ҳисоб гирем, то чӣ андоза муҳим будани ин вазифа бараъло аён мегардад. Дар ин самт Сенат бояд аз рӯйи таъмини ошкороӣ, шаффофият ва қонуният низоми самарбахшро ба вуҷуд оварад. Дар ин самт аз имкониятҳои Маркази бозомӯзии фаъолияти мақомоти намояндагии минтақавӣ, ки чанде пеш дар назди Палатаи болоӣ ташкил гардид, босамар истифода бурдан зарур аст.
Панҷум, кумитаҳои Сенат дил ва неруи пешбарандаи Палатаи болоӣ мебошанд.
Ҳар як кумита дар давоми панҷ соли охир бобати омӯхтани мушкилот дар ҷойҳо ва ҳалли онҳо ба ҳисоби миёна 37-тоӣ чорабинии назоратӣ-таҳлилӣ гузаронидаанд. Албатта, ин нишондиҳанда ва рақамҳо хубанд. Аммо сенаторони мо бояд дар бораи он фикр кунанд, ки оё чораҳои назоратӣ натиҷаи интизорӣ медиҳанд, пас аз онҳо дар ҷойҳо ягон мушкили мушаххас ҳалли худро ёфт ё не?
Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки вақти дар сатҳи қонун мустаҳкам кардани пояҳои институти шунавоӣ дар кумитаҳо фаро расидааст. Агар ҳар як кумита аз рӯйи самти худ ба Шӯроҳои маҳаллӣ кумак расонад, табиист, ки фаъолияти онҳо ҳам дар сатҳи назаррас пурзӯр мегардад.
Шашум, мо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барномаҳои калонро татбиқ карда истодаем.
Чор сол пеш даромади 23 дарсад ё худ 7,5 миллион нафар аҳолии мо ҳатто дар ҳадди камбизоатӣ набуд. Дар давраи гузашта барои 3,5 миллион нафар шаҳрвандон имкониятҳои даромад гирифтанро фароҳам намуда, сатҳи камбизоатиро 11 дарсад кам кардем. Мо ният дорем, ки дар се соли оянда ин шумораро ба 7 дарсад коҳиш диҳем.
Бо мақсади коҳиш додани камбизоатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли оянда аз буҷет 500 миллиард сӯм равона мегардад. Яке аз навгониҳои муҳим ин аст, ки аз соли нав низоми ягонаи «Корти иҷтимоӣ» ба роҳ монда мешавад, ки он 65 намуди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кумакҳо, инчунин тақрибан 50 имтиёзро фаро гирифтааст.
Миқёси дастгирии ҳамватанони мо, ки дар натиҷаи аз даст додани даромад ё саломатӣ ба ҳолати вазнини иҷтимоӣ дучор шудаанд, тадриҷан васеъ карда мешавад. Барои ин Қонуни «Дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ» қабул мегардад. Барои мутобиқшавии шахсони дорои маъюбият ба ҷомеа, миқёси хизматрасониҳо ва кумакҳои иҷтимоӣ густариш меёбад.
Хабар доред, ки имрӯз аксари кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҷудоӣ аз муҳити иҷтимоӣ таҳсил мегиранд. Барои иштирокашон дар мактабҳои таълими умумӣ ба онҳо муҳити бидуни монеа ва шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад, инчунин, омӯзгорони махсус ва равоншиносон ҷалб мегарданд.
Боз як масъалаи муҳимро мехоҳам махсус таъкид кунам. Ба ман маълум аст, ки дар ҷомеаи мо ҳолатҳои фишор ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ҷой доранд. Мо бояд нисбат ба чунин амалҳои номатлуб, ки ба фарҳанги миллии мо хос нестанд, мавқеи оштинопазир дошта бошем ва бо онҳо сахт мубориза барем. Ин масъала шахсан зери назорати Президент қарор хоҳад дошт.
Ба ҳамин хотир, чанде пеш бо қонун мустаҳкам карда шуд, ки дар ҳамаи ҳолатҳое, ки ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва қадру қимати кӯдак таҳдид мекунад ё метавонад азобҳои ҷисмонӣ ва равонӣ расонад, давлат чораҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии лозимаро татбиқ менамояд.
Мақомоти прокуратура бояд чораҳои муассирро барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни зӯроварӣ боз ҳам тақвият диҳад.
Иштироки сенаторҳо дар татбиқи пурраи чунин нақша ва ташаббусҳои мо, бешубҳа, ниҳоят муҳим аст.
Ҳафтум, дар самти мубориза бо коррупсия фаъолияти Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия ба роҳ монда шуда, роҳбарии он ба раиси Сенат супурда шуд, ки дурустии ин қарорро худи ҳаёт тасдиқ намуд.
Дар панҷ соли охир, дар нишондиҳандаи «Мавҷуд набудани коррупсия» Ӯзбекистон 23 зина боло рафта, дар соли 2023 дар миёни 140 кишвар ҷойи 66-умро ишғол кард ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаҳои назарраси мусбат нишон дод.
Ҳамчунин, «Индекси рӯшод» барои баҳогузорӣ ба фаъолияти шаффофияти идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҷорӣ карда шуд. Мувофиқи натиҷаҳои баҳогузорӣ, ҳисоботи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияташон «ғайриқаноатбахш» дониста шудааст, дар ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ шунида мешаванд.
Бо вуҷуди ин, дар ин самт ҳанӯз масъалаҳое мавҷуданд, ки ҳалли худро интизоранд. Гарчанде соли гузашта ҷиноятҳои вобаста ба коррупсия 12 дарсад коҳиш ёфтаанд, 6 ҳазору 500 нафар барои амалҳои коррупсионӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Умуман, зарур мешуморам, ки назорати парлумонӣ ва иштироки тамоми ҷомеаро дар мубориза бо коррупсия боз ҳам қавитар гардонем.
Сенат бояд барои баланд бардоштани сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва хидматчиёни давлатӣ, ташаккули муҳити оштинопазир нисбат ба коррупсия дар ҷомеа ва ба шуури насли ҷавон ворид намудани эҳтиром ба қонун, ростқавлӣ ва меҳнати ҳалол чораҳои мушаххас таҳия намояд.
Ҳаштум, аз ҷониби Сенат низоми интихоб кардани ҳамаи аъзои Шӯрои Суди олӣ ба роҳ монда шудааст, ки он ба таъмини истиқлолияти воқеии ҳокимияти судӣ мусоидат мекунад.
Дар ин маврид мехоҳам як нуктаро таъкид кунам: ваколати конститутсионии Сенат набояд танҳо бо тасдиқи номзадҳо маҳдуд шавад. Зарур аст, ки дар кумитаҳои Палатаи болоӣ шиносоӣ ва баҳогузорӣ ба фаъолияти номзадҳо, инчунин, таҳияи хулосаҳо дар бораи онҳо ба роҳ монда шавад.
Илова бар ин, бар он ақидаам, ки вақти он расидааст, мақоми судяҳо ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ниҳодҳои ҳамҷавории судяҳо, инчунин, кафолати иштироки ин ҳамҷаворӣ дар ҷудо кардани маблағҳо барои маблағгузории низоми судӣ тавассути қонунҳои алоҳида танзим карда шаванд.
Дӯстони муҳтарам!
Имрӯз мо бояд якҷоя масъалаи ташкилии ба рӯзномаи ҷаласа воридшуда – интихоби Раиси Сенат ва муовинони ӯро баррасӣ кунем.
Мувофиқи моддаи 101-и Конститутсия, пас аз машварат бо аксарият, аз ҷумла, сенаторони собиқадор, мехоҳам номзадии сенатори муҳтарам Танзила Камаловна Норбоеваро ба вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлис пешниҳод кунам.
Ҳамаи шумо ин номзадро хуб мешиносед. Танзила Камаловна дар идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Дар давраи гузашта, дар натиҷаи фаъолияти самараноки ӯ ҳамчун Раиси Сенати Олий Маҷлис, вазъият дар кишвар барои таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии занон ва кӯдакон ба таври назаррас беҳтар шуд. Бисёр ташаббусҳое, ки барои боло бурдани нақши занон дар ҷомеа, таъмини баробарии гендерӣ ва ҳалли масъалаҳои оила пешниҳод шуданд, имрӯз натиҷаҳои худро дода истодаанд.
Итминон дорам, ки муҳтарам Танзила Камаловна дар ин мансаби баланд дар ҳамкорӣ бо шумо боз ҳам муваффақиятнок фаъолият анҷом хоҳад дод.
Барои вазифаи муовини аввали Раиси Сенат номзадии сенатори муҳтарам Содиқ Солиҳович Сафоев пешниҳод карда мешавад.
Шумо ин роҳбарро ҳамчун дипломати барҷаста ва арбоби ҷамъиятӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар шинохта шудааст, хуб мешиносед. Азбаски ҳамаатон фаъолияти меҳнатии Содиқ Солиҳовичро хуб медонед, дар бораи он тӯлонӣ сухан намегӯям.
Барои вазифаи муовини Раиси Сенат номзадии сенатори муҳтарам Аманбай Тлеубаевич Оринбаевро пешниҳод менамоям.
Ин шахс фарзанди содиқи халқи мо буда, аз 26-уми августи соли 2022 ҳамчун раиси Ҷоқарғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва аз 13-уми сентябри ҳамон сол дар як вақт ҳамчун муовини Раиси Сенат самаранок фаъолият пеш мебарад.
Аманбай Оринбаев солҳои зиёд дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои масъул хидмати самаранок анҷом додааст. Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш худро ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, содиқ ба Ватан ва касб, ки дар лаҳзаҳои душвор тавони муттаҳид кардани мардумро дорад, нишон додааст.
Аз шумо хоҳиш мекунам, ки номзадии Аманбай Оринбаевро дастгирӣ намоед.
Муҳтарам аъзои Сенат!
Раиси Сенат ва муовинони он, Танзила Норбоева, Содиқ Сафоев ва Аманбай Оринбаевро бо эътимоди баланди имрӯз, шахсан аз номи худам ва аз номи шумо бо қалби пур аз самимият табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон барори кору муваффақият таманно дорам.
Дӯстони азиз!
Шумо, бешак, суханони таъсирбахши ниёи бузургамон соҳибқирон Амир Темурро хондаед: «Ҳангоме ки ҷомаи салтанатро пӯшидам, аз танам ҳаловат рафт». Дар ин суханони гузаш­таи бузурги мо як меъёри олӣ дар назар аст, ки ҳар шахсе, ки худро ба хидмати давлат ва халқ мебахшад, бояд аз рӯйи он амал кунад.
Дар ҳақиқат, хидматчии давлат ва халқ – новобаста аз он ки сенатор, депутат, ҳоким ё вазир бошад – пас аз ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ дигар ҳаққи маънавии роҳгузорӣ ба беэътиноӣ, лоқайдӣ, ё ҳузуру ҳаловатро надорад.
Тасаввур кунед, ки аз миёни 37 миллион нафар аҳолӣ танҳо ба 65 нафар шараф ва бахти бузурги сенатор шудан насиб гардидааст. Боварӣ ва масъулияти чунин эътимоди бузург­ро дарк кардан ва ба он бо хидмати ҳалолу содиқона сазовор шудан қарзи муқаддаси ҳар яки мост.
Чуноне ки донишмандон гуфтаанд, аз меҳнати бо виҷдон анҷом додашуда – наҷот, бо адолат анҷом додашуда бошад, пирӯзиву муваффақият ҳосил мегардад.
Итминон дорам, ки шумо дар таҳкими пойдевори Ӯзбекистони Нав ва Ренессанси сеюм саҳми муносиб хоҳед гузошт, қонунҳои халқӣ ва одилона қабул намуда, барои ҳамагон намуна хоҳед шуд.
Дар симои шумо, сенаторони муҳтарам, инсонҳои содиқеро мебинам, ки қодиранд ба корҳои бузург даст ёбанд, вазифаҳои стратегиеро, ки дар назди Ӯзбекистон қарор доранд, амиқан дарк кунанд ва манфиатҳои Ватан ва халқро аз ҳама боло гузоранд.
Бовар дорам, ки шумо бо истифода аз тамоми донишу таҷриба, неру ва имкониятҳои худ дар ҳаёти кишварамон ва фаъолияти Сенат саҳифаи наву дурахшоне боз хоҳед кард.

Дар ин роҳи пуршараф ба ҳар яки шумо саломатӣ, неруи бузург, муваффақият ва зафарҳои беназир таманно менамоям!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: