Собирҷон (номҳоро тағйир додем) аз соли 2021 дар хати роҳи оҳани Андиҷон таъмиргар буд. Ӯ хушмуомила ва ҳоҷатбарори ҳамкоронаш буд.
Рӯзе яке аз ҳамкасбонаш – Икром аз ӯ чӣ тавр тавассути алоқаи мобилиаш аз бонк онлайн гирифтани кредитро мепурсад. «Дӯсти ҳоҷатбарор» ба миқдори 10 миллион сӯм маблағро аз тариқи онлайн расмӣ мегардонад. Икром мувофиқи шартномаи бонк дар давоми ду сол аз картаи пластикиаш маблағи гирифтаашро ҳар моҳ бояд бармегардонд. Бонк ба таври автоматӣ ҳаҷми тақсимшударо аз картаи пластикии Икром мегирифт. Собирҷон ба иловаи мобилии ҳамкораш «парол» ҳам гузаронида дод.
Худи Собирҷон моҳи сентябри соли 2023 ба пул эҳтиёҷ пайдо кард. «Аз куҷо пул ёбам» – гуфта каме ба фикр фурӯ рафт. Ба телефони Икром васл кардани иловаи мобилии бонк ба ёдаш омад. Нақшаи аз бонк пул гирифтанро пухта кард. Рӯзи дигар ҳангоми ба кор омадани Икром ҳила кор фармуд. «Бо дӯстам суҳбат доштам, аз телефонат истифода барам» – гуён телефони Икромро гирифт. Аз ҳамкорон каме канортар рафта, ба иловаи мобилии банк пайвастанӣ шуд. Аммо «парол»-и пештара кор наомад. Хабари «парол нодуруст чинда шуд» омад. Собирҷони ӯҳдабаро паролро бекор намуда, ба ҷойи он пароли дигарро гузошт ва ба иловаи бонк дохил шуда, ба номи Икром 14 миллиону 244 ҳазор сӯм кредити иловагӣ расмӣ намуд. Барои азхуд намудани ин пул Собирҷон ба яке аз ҳамсинфонаш занг зада, ба картаи вай гузаронидани пулро илтимос кард. «Гӯё як дӯсти қаринаш аз Русия ба ӯ пул фиристодааст». Аз сабаби пардохти кредитҳояш ба картаи худаш қабул карда натавонистанашро гуфт. Ҳамсинфаш розӣ шуд. Собирҷон амалиётро ба охир расонда, телефони Икромро бармегардонад. Худи ҳамон рӯз Собирҷон аз кор баромада, бо ҳамсинфаш вомехӯрад ва пули ба картаи ӯ фуровардаро тавассути банкомат нақд мекунад.
Рӯзҳо мегузаранд. Баъди афтидани маош бонк ҳаққи ҳармоҳаи Икромро медорад. Аз хабари «смс» маълум мегардад, ки пули пардохти кредит аз пештара зиёд шудааст. Ҳайрон мешавад. Дар ин бора ба бонк муроҷиат менамояд. Ходимони бонк маълумоти 14 миллиону 244 ҳазор сӯм илова ба кредити пештара расмӣ шудан ва он пул ба картаи дигар кӯчонда шуданашро доданд.
Икром дар ин бора ба корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Дар натиҷаи ҳаракатҳои тафтишӣ ҳилаи Собирҷон фош гардид. Оиди фиребгариву ғоратгирии ҳамкораш нисбати ӯ кори ҷиноӣ кушода, мувофиқи банди «г»-и қисми сеюми моддаи 168-уми Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон айбдор дониста ва ба тариқи чораи эҳтиётӣ ба ҳабс мегиранд.
Аз шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки ба бегонаҳо рақам ва коди картаашонро нагӯянд, инчунин телефони дастиро, то ки аз иловаи мобилиашон истифода набаранд, надиҳанд.
Шерзод Шодмонов, муфаттиш оид ба корҳои муҳими садорати тафтишоти департаменти таъмини бехатарӣ дар нақлиёт ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон.