СУПОРИШҲО ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафар ба вилояти Навоӣ бо фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва муассисаҳои истеҳсолӣ шинос шуд.

Барои роҳандозии лоиҳаҳои нав оид ба рушди минбаъдаи минтақа, зиёд намудани даромади аҳолӣ, беҳтар гардонидани инфрасохтори иҷтимоӣ, пурзӯр гардонидани ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва дар ин замина барҳам додан ба бекориву камбизоатии оилаҳо супоришҳо дода шуд. Ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи «сабз», самаранок истифода бурдан аз захираҳои мавҷудаи энергияи барқӣ мадди назар буд.

Дар шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Навоӣ татбиқи амалии супоришоти Сарвари давлат оғоз ёфт. Дар маҳаллаи «Темирқовуқ»-и ноҳияи Нурато барои занону духтарони хонанишин курсҳои омӯзишии касбу ҳунар, асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ таъсис ёфта, дар чорабинӣ аз ҷониби мактаби дӯзандагии «Райҳон» ба 90 нафар бонувон доири шуғли дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ сертификатҳо дода шуд.

Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия А. Файзиев, прокурори ноҳия Н. Авазов, роҳбари шуъбаи оила ва бонувони ноҳия Г. Бобомуродова, роҳбари Маркази иттифоқи ҷавонон ва бонувони «Келажак сари» иштирок доштанд. Ба бонувони сертификатдор мошини дарздӯзӣ, дарзмол ва бухориҳои барқӣ тариқи субсид дода шуд.

Чунин чорабиниҳо дар маҳаллаҳои «Синтаб», «Каттасой» ва «Бӯйдиқ» низ баргузор шуданд. Зимни тадбирҳо садҳо нафар бонувони хонанишин бо шуғл таъмин ва чанд оила дорои манбаи даромад гардиданд.

Дар ҷараёни чорабиниҳо самаранок истифода бурдани неруи барқ ва афзалиятҳои энергетикаи «сабз» тарғибу ташвиқ карда шуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: