Дар Бухоро марҳилаи вилоятии озмуни «Аз пайи ҷадидон» баргузор гардид.
Ба мақсади тарғиб намудани мероси пурарзиши маънавии адиб ва мутафаккирони ҷадид дар байни хонандагони мактабҳои таълими умумӣ, ғанитар гардондани олами маънавии онҳо Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон таҳти унвони «Аз пайи ҷадидон» озмун эълон карда буд. Дар Бухоро марҳилаи вилоятии он баргузор гардид.
Дар он 26 нафар донишомӯзон, ки бино ба тоифаи синну сол дар марҳилаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ғолиб гаштаанд, иштирок намуданд.
Дониши онҳо оид ба ҳалли масъала, саволу ҷавоб ва таҳлили асар санҷида шуд. Бинобар натиҷаи ниҳоӣ дар байни хонандагони синфҳои 6-7-8 ҷойи якум ба талабаи мактаби рақами 20-уми шаҳри Бухоро Мадина Шарофова, ҷойи дуюм ба талабаи мактаби 3-юми ноҳияи Вобканд Зафар Муродов, ҷойи сеюм ба хонандаи мактаби рақами 6-уми ноҳияи Шофиркон Гӯзалхон Салимова насиб кард.
Дар мусобиқаи байни шогирдони синфҳои 9-10 ҷойи аввал ба хонандаи мактаби рақами 4-уми ноҳияи Бухоро Машҳура Толибова, ҷойи дуюм ба шогирди мактаби 45-уми ноҳияи Ҷондор Марҷона Файзиева ва ҷойи сеюм ба хонандаи мактаби рақами 18-уми ноҳияи Вобканд Азиза Туропова дода шуд.
Ғолибон ва иштироккунандагони озмун бо диплом, ташаккурнома ва туҳфаҳо қадр карда шуданд.
Соҳибони ҷойи аввал дар марҳилаи ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.