ЗАФАРИ ВАРЗИШГАРОНИ ҚАШҚАДАРЁ

Дар шаҳри Қаршӣ марҳилаи ниҳоии сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол баргузор гардид.

Ин мусобиқа дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» рӯйи кор омада, тимҳои беҳтаринро аз тамоми нуқоти кишвар гирдиҳам овард. Онҳо барои дарёфти «Ҷоми вазорати умури дохила» вориди сабқат гаштанд. Мусобиқа дар байни ҷавонони синни 16 то 21-сола гузаронида шуд. Байни тимҳо мубориза барои дарёфти «Ҷоми Вазорати умури дохила» хеле пуршиддат буд ва доварони сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳунари варзишгарони волейбол баҳои ҳаққонӣ доданд.

Дар натиҷа дастаи ҷавонписарони вилояти Қашқадарё ғолиби мусобиқа дониста шуданд. Ҷойи дуюм насиби варзишгарони вилояти Андиҷон гашт. Ҷойи сеюми сабқатро намояндагони вилояти Намангон забт намуданд.

Ҷавононе, ки дар ин сабқат ғолиб омаданд, минбаъд дар мактабҳои маъруфи варзишии вилояти Қашқадарё ва ҷумҳурӣ хоҳанд хонд ва ба онҳо имкон фароҳам оварда шуд, ки дар тимҳои яккачини волейболбозони кишвар сабти ном шуда, маҳорати худро сайқал диҳанд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: