«ХУЗОР», «ХАЗОР» Ё «ҒУЗОР»?

ХУЗОР – аз вожаи арабии «хизор», «хазар», «ахзар» буда, маънии «кабудӣ, сабза»-ро дорад, чунончи, чархи ахзар, яъне осмони нилгун, гардуни тозаву поки кабуд аст.

Вожаи «Хузор» алҳол дар талаффузи мардум шакли «Ғузор»-ро гирифтааст. «Ғузор»-ро, баъзан чун вожаи «гузар», «роҳи корвонгузар», «гузари роҳи корвони савдову тиҷоратии Шоҳроҳи абрешим» низ маънидод намудаанд, ки агарчи саҳв аст, ба воқеъоти таърихи ин минтақа вобастагӣ дорад. Бино бар ахбори илмии таърихӣ аз рӯзгори мозӣ то ҳол як шохаи роҳи савдову тиҷоратии Шоҳроҳи абрешим аз ин сарзамин убур намуда, тавассути Тирмизу Балх ба сӯйи Хуросону Эрону Арабистону Миср мерафт ва корвони тиҷоратии мамолики мазкур бад-ин роҳ ба Самарқанду Тошканду Туркистону Чин меомад. Дар рӯзгори гуногун бо номҳои суғдии «Искифағн»,  арабии «Субаҳ» ва аз асрҳои X то соли 1926, яъне то дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил гардидани ноҳияи мазкур ҳамчун «Хузор»-маълум буд.

Хузор соли 1938 ба таркиби вилояти Бухоро дароварда шуд. Соли 1943 боз ба ҳудуди вилояти Қашқадарё ворид гардид. Солҳои 1960-1964 дар ҳайати вилояти Сурхондарё буд ва аз соли 1977 мақоми шаҳрро гирифта, тобеи вилояти Қашқадарё шуд. Масоҳаташ 2620 километри мураббаъ мебошад.

Аҳолии он мувофиқа омори соли 2016-ум 187000 нафар аст.

Дар бораи Хузор, таърих ва хусусиёти ҷуғрофии он дар асарҳои «Сурат ул-арз»-и Ибни Ҳавқал [асри Х], «Зафарнома»-и Низомиддин Шомӣ, «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздӣ, «Мунтахаб ут-таворих»-и Натанзӣ, «Мазҳар ул-аҷоиб вал маҷмаъ ул-ғароиб»-и Муҳаммадхоҷаи Хузорӣ [1522], «Бадоеъ ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, «Наводир ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Наводири Зиёия»-и Садрӣ Зиё, «Торихи ҳумоюн»-и Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ, «Девон»-и Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва осори дигар маълумот оварда шудааст.

Ибни Ҳавқал дар асари таърихию ҷуғрофии «Китоб-ул-масолик ва-л-мамолик» [бо номи «Сурат ул-арз» машҳур буда, соли 977 навишта шудааст] дар ҷое «Хизор» ва дар ҷойе вожаи «хазор»-ро истифода бурда, рустои мазкурро тобеи вилояти Кеш навиштааст.

Низомиддини Шомӣ дар «Зафарнома», ҳангоми тасвири ҷангҳои Амир Темур номи «Хузор»-ро чун як макони муҳориба зикр карда, чунин навиштааст: «Амири соҳибқирон аз дунболи онҳо рафта, барои ҷанг кардан Сайфиддин ва Хитойбаҳодурро бо панҷоҳ нафар фиристод. Худи ӯ бо ҳафтод нафар савора ҷониби Хузор рафт».

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар асари «Бадоеъ ул-вақоеъ» ҳангоми сафар ба Мовароуннаҳр номи «Хузор»-ро дар қатори номи вилоятҳои Кобулу Омул, Ҳисор, Самарқанду Бухоро ба забон оварда, мегӯяд: «Чун муқаррар буд, ки корвон дар лаби об мутафарриқ гарданд ва баъзе мутаваҷҷеҳи Кобулу Омул ва баъзе рӯй ба ҷониби Ҳисору Хузор доштанд ва фирқае ливои азамат ба савби Самарқанду Бухоро меафроштанд...»

Заҳириддин Бобур дар асари таърихию этнографии «Бобурнома» пас аз тасвири вилоятҳои Кешу Қаршӣ дар бораи Хузор танҳо дар як ҷумлаи кӯтоҳе «Боз вилояти Хузор аст» [«Яна Хузор вилоятидур»] гуфта, онро ба сифати вилояти мустақил тавсиф намудааст.

Шоир ва маорифпарвари бузург Шарифҷон Махдуми Садри Зиё [1867-1932] дар асари «Наводири Зиёия»-и хеш номи «Хузор»-ро  ҳангоми тасвири характери як қозии бесаводи амлоки Хузору Кармина овардааст: «Ҷаноби Маъсумхӯҷа амали ӯроқӣ ҳам доштанд, аз гову хар фарқ намекарданд. Маазолик [бо вуҷуди ин] ҳамеша ба амлоки Хузору Кармина ва баъзе тумонҳо қозӣ мешуданд. Аз он ҷумла боре ба тумони Шофиркон қозӣ буданд».

Шоири шаҳири тоҷик Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат [1878-1902] ба шаҳрҳои Нахшабу Кеш ва Хузор саёҳат намуда, таассуроти худро дар ғазале бо радифи «Нахшаб аст» тасвир намуда, номи Хузорро низ овардааст:

Пурсад ба ҳусн ноҳияи

Кеш то Хузор,

Ин шаҳриёри ҳусн магар

шоҳи Нахшаб аст?!

Муаррих ва ҷуғрофиёшиноси тоҷик Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ дар асари «Торихи ҳумоюн» фасли ҷудогонае бо номи «Зикри вилояти Хузор»-ро оварда, дар ин фасл доир ба таърих, ҷуғрофиё, тарзи муҳити зисти аҳолӣ, омори аҳолӣ, суннатҳои динию миллӣ ва мазору зиёратгоҳҳои ин сарзамин маълумоти муфид медиҳад, ки дорои аҳамияти таърихию илмист.

Зиёратгоҳи Мири Ҷанда – ёдгории меъмории асрҳои XI-XII милодӣ буда, дар маҳаллаи Гулшани ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё бино гардидааст. Овардаанд, ки: Мири Ҷанда тахаллуси Шаҳобуддин Умари Сӯҳравардӣ буда, дар ин обида қабри ӯ ва наздиконаш ҷо гирифтааст. Шоёни таъкид аст, ки Шаҳобуддин Умари Сӯҳравардӣ – асосгузори тариқати сӯҳравардия буда, асари «Авориф ул-маориф»-и ӯ дар олами ислом машҳур аст ва аз дастуруламалҳои роҳи омӯзиши тариқати илоҳӣ мансуб меёбад. Мири Ҷанда падари Шайх Зайниддин мебошад, ки қабраш дар деҳаи Кӯкчаи шаҳри Тошканд воқеъ аст.

Мардтеппа – қалъаи қадим дар ноҳияи Ғузор аст. Аз рӯйи маълумоти  бостоншиносӣ дар садаҳои II-I то милодӣ ва то асри VII милодӣ маркази ҳокимият – қароргоҳи мардон будааст.

Нақл аст, ки Мардтеппа то замони паҳншавии дини ислом қароргоҳи ҳокимони маҳаллӣ – «мардҳо» буда, онҳо хеле бебок, далер, ҷасур, шуҷоъ, ҷавонмард ва нисбат ба аҳли фақр саховатманду адолатпарвар будаанд. Онҳо пас аз истилои араб ин ҷойро тарк намудаанд.

Ин қалъа барои ҳимоят аз душманони дохилию аҷнабӣ, ба вижа аз хавфу хатари лашкари Бохтару Тахористон бино шудааст.

Ин қалъа то истилои араб маркази вилояти Хузор будааст.

Дар Ғузор (Хузор) олимону донишмандони тоҷик, аз ҷумла лаҳҷашинос, муаллифи як қатор асарҳои илмӣ Миср Эшниёз [1919, деҳаи Сангмӯла, мавзеи Боғичорбоғи ноҳияи Деҳқонобод, – 2002, 20 январ, Мазори Меҳробод, ш. Душанбе, Тоҷикистон], Асом Амирқул [1930, маҳаллаи Гулшани ноҳияи Хузор, – 2006, маҳаллаи Гулшан, Ғузор], адабиётшинос Субҳон Амирзода ва дигарон ба воя расида, ба дараҷаи доктори илмҳои филологӣ ва унвони профессорӣ ноил гардидаанд, ки имрӯз боиси ифтихори ғузориён мебошанд.

Норхӯҷа ЧОРИЕВ,

пажӯҳишгар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: