ЭЙ ИШҚ, ИШҚИ БЕБАДАЛ

Ҳар лаҳза мавҷ мезананд ин нонавиштаҳо, То чашмро ба рӯйи зебое вузӯ диҳам. То ин шақоиқи нафас бахшам ба дилбаре, Гулвожаҳои сабзро майли нумӯъ диҳам.

Бар хонаи Худои худ дасти дуо барам,

То қалбро ба ёди покаш ошно кунад.

Дар кӯлвори зиндагиям дода ишқу меҳр,

Дилро пур аз карашмаҳои дилрабо кунад.

 

Эй ишқ, ишқи бебадал, бо чанд усули нав

Дар зери панҷаҳои худ мумам намудаӣ.

Ин ман наям, ки месарояд қитъаи сапед,

Балки туӣ, ки аз даҳони ман сурудаӣ.

 

МЕЪМОРИ ШЕЪР

Ба шоираи рангинхаёл Фарзонаи ХУҶАНДӢ

Дар ҳоли рӯъё бар кафам девони худро дод ӯ,

Садҳо дари андешаро бар рӯйи ман бикшод ӯ.

 

Дар сатрҳояш дода ҷо афсуни алфози дарӣ,

Ҳар дам фаротар меравад то қуллаи эҷод ӯ.

 

Номаш гиромӣ доштам, арзандаи тавсифҳост,

Дар роҳи қудсии сухан бошад маро устод ӯ.

 

Бедори ишқ асту ҷунун, то умқи матлаб метапад,

Меъмори шеър асту зи нав кохе кунад бунёд ӯ.

 

Бо боли ҷуръат меравад бар арши маънои қавӣ,

Шояд, ки моро ҳам диҳад бар кӯйи ҳарф иршод ӯ.

 

Чун ҷодаро тай мекунад бо корвони вожаҳо,

Оинаро сайқал диҳад аз мавҷи истеъдод ӯ.

***

БИРАВАМ БА КӮЙИ АРМОН...

Ба умеди он ки охир бирасам ба хеш рӯзе,

Ба даруни сина пинҳон бувадам ҳамеша сӯзе.

 

Ҳама рӯшанӣ бихоҳам, зи тулуъи ноб гӯям,

Ту биё, ки дар замирам гули офтоб дӯзӣ.

 

Ба нигорхонаи дил амали шукуфтане ҳаст,

Биравам ба кӯйи армон, чу ба каф бувад ҳанӯзе.

 

Бинамо, ба ман киям ман? Ба ҷаҳон пайи чиям ман?

Ки ниёз дорам, инак, ба азизи дилфурӯзе.

 

Ману иттифоқи ёрон бувад асли комёбӣ,

Ки ҳузури дӯст бошад сабабе ба некрӯзӣ.

 

Ту, ки нақд менамоӣ ҳама хислате, ки дорам,

Ҳама тандуруст бошӣ, ҳама лаҳзае накӯ зӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: