Дар давраи тараққиёти рӯҳиву маънавии асримиёнагии Осиёи Марказӣ аз Хуросон омада, дар Бухоро мактаби тасаввуфро кушодани Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ аз тарафи шогирдонаш ба арзи ҳастӣ кардани се равия асос гузошт, ки ин равияҳо тариқати Нақшбандия, Яссавия ва Кубравия буданд.
Дар мактаби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ шогирдон Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Аҳмади Яссавӣ ва Наҷмиддини Кубро якҷоя таълим гирифта, ҳамчун ҳосилаи таҳсил равияҳои мустақилро тартиб додаанд, ки айни ҳол дар тамоми ҷаҳон пайравонаш ҳастанд ва барои донистани тафриқаи онҳо чунин мафҳумҳоро ба истеъмол дохил кардаанд. Пеш аз ном бурдани пайравони тариқати Нақшбандия ба номашон албатта нисбаи «Хоҷа»-ро истифода мебаранд. Аз ин сабаб ин тариқатро то Баҳоуддин «Тариқати Хоҷагон» ва пирони онро ба тариқи Хоҷа Абдулхолиқ, Хоҷа Ориф, Хоҷа Шарофуддин, Хоҷа Андақ, Хоҷа Азизон, Хоҷа Саид Амири Кулол ном бурдаанд. Дар байни пайравони ин тариқат аз мардуми одӣ сар карда то ҳукмдорон ба назар мерасанд.
Ҳукмдорони зиёд, ки пайравони ин равия буданд, аз ҷумла Субҳонқулихон, Убайдуллохон, Темуриён, Шайбониён, Манғитиён макони охирини худро дар тарафи ғарбии қабри ҳазрати Баҳоуддин бино кардаанд, ки то ба имрӯз побарҷост. Ҳар касе, ки ба нияти зиёрати қабри ин бузургвор меравад, аввал назараш ба «Дахмаи шоҳон» афтода, даст ба дуо мебардорад, ки мақсад дар ин макони табаррук манзили охирини худро интихоб кардани ҳукмдорон низ маҳз аз ҳамин иборат буд.
Ба номи пайравони тариқати «Яссавия» бошад, пасоянди «ато»-ро ҳамроҳ намуда, ба забон меоранд. Масалан Саидато, Чаманато, Мискинато, Зангиато ва ғайра. Пайравони ин тариқат бо чорводорӣ бори умр кашида, асосан бо қироати шоҳбайту ғазалҳои Аҳмади Яссавӣ байни мардум гашта, дар дашту саҳроҳо бештар умргузаронӣ кардаанд. Дар байни пайравони ин тариқат низ аз касони одӣ сар карда, то шоҳон ба чашм мерасанд, аз ҷумла Амир Темур чун арзи ихлос баҳри ободии марқади ин пири тариқат ба ободиҳо даст задааст, ки имрӯз ҳам бинандаро ба ҳайрат мегузорад. Шоири дарвеш Шоҳ Машраби Намангонӣ намояндаи машҳуртарини ин тариқат буд. Бо ивазшавии давру даврон авлодони Хоҷа Аҳмади Яссавӣ пеш аз истилои Русия ба Ҳиндустон кӯч бастанд.
Дар як нишастамон нависандаи шодравони бухороӣ Нусратулло Наимов бо ҳасрат гуфта буд:
— Солҳое, ки чун мухбири вилоятии рӯзномаи «Совет Ӯзбекистони» фаъолият доштам, ба идораи Амнияти бехатарии давлатӣ хонда гуфтанд, ки ба мо то пагоҳ авлодони бухороии Хоҷа Аҳмади Яссавиро пайдо мекунӣ. Падаркалони модарам ба ин авлод вобастагӣ дошт. Аз ин хешу таборамон ҳар сол то «инқилоб»-и Бухоро ба оилаи мо чизе аз назру вақфияҳо омада мерасид. Рости гап, ман тарсида, ба онҳо ҳарфе нагуфтам ва баъдтар «Насабнома» – шаҷараи оилаамонро навишта, дар он бархе аз хотираҳои модарамро ҷой додам...
Ҳарчанд равияи Кубравия дар Бухоро ба вуҷуд омада, дертар дар Хоразм маъмул гашт, то имрӯз низ дар Бухоро пайравони худро дорад. Пеш аз истилои Хоразм аз тарафи муғулҳо шогирди Шайх Наҷмиддини Кубро — Сайфиддини Бохарзӣ бо рухсати устоди худ ба Бухоро омада, ба муборизаи зидди истилогарони муғул сарварӣ менамояд ва дар давраи минбаъдаи чингизиён бо номи ҳазрати Шайх ул-олам Сайфиддини Бохарзӣ машҳур мегардад. Мисли ин аз ном бурдани пайравон ё худ пирони ин тариқат нисбаи «шайх»-ро ба забон меоранд, монанди Шайх Наҷмиддини Кубро, Шайх Сайфиддини Бохарзӣ, Шайхи Шиблӣ ва ҳоказо.
Хулоса, гуфтанӣ ҳастам, ки мардуми мо вориси ончунон таърихи ғанианд, ки олимон омӯхтанду меомӯзанд. Дар Туркманистон, Хоразм, Бухоро манзилу маконҳои ҳамном зиёданд, инчунин дар Бухорои қадим ва мавзеъҳои гирду атрофи он зиёратгоҳҳои муқаддаси исломиву тоисломӣ, мисли масҷиди Мағоки Аттор, Бурқи Сармасти Худо, Бибикабудпуш, Чилдухтарон ва ғайра ҳастанд, ки бояд таърихи он пурратар омӯхта шаваду мардум аз он баҳрабардор гарданд.
Алимурод Темиров,
эксперти оид ба масъалаҳои таърихии телевизиони
давлатии Бухоро.