НАТИҶАИ КОР МУҲИМ АСТ

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар тамоми гӯшаву канори шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё шинонидани ниҳоли дарахтони манзаравию борвар ва буттаҳои гуногуне, ки заминҳоро аз чанги биёбоншавӣ наҷот медиҳанд, бо суръати ҳарчӣ бештаре идома мекунад.

Дар ин кори хайр кормандони ҳамаи муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, коргоҳҳои хусусӣ, ҷамоаҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагиҳои фермерии минтақа якдилона ҳиссаи худро мегузоранд ва саъй доранд, ки то фаро расидани рӯзҳои шадидан сарди фасли зимистон дар татбиқи бахшҳои алоҳидаи тарҳ мусоидат намоянд. Бояд таъкид кард, ки ба фарқ аз солҳои пешин тирамоҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Қашқадарё «Боғҳои ҷавонон» таъсис дода шудаву нерӯи ҷавонон барои обод сохтани он сафарбар гардиданд. Ҷавонон ин гӯшаҳоро аз таҳти дил ба як макони сабзу хуррам мубаддал месозанд. Ҳамчунин ба як гурӯҳи хоҳишманди ҷавонон қитъ-аҳои алоҳидае низ дода шуданд, ки онҳо ба ҷуз кишти маҳсулоти гуногун дар ҳошияи он заминҳо ниҳолҳои мухталиф шинонданд. Ин тадобир ба он боис мегардад, ки Ватани мо қиёфаи дигаре касб кунад ва ба як кишвари сабзу хуррам мубаддал шавад. Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар ҳоле татбиқ мегардад, ки иқлим дар рӯйи Замин тағйир ёфта, ба аҳолии маскуни он мушкилоти гуногуни муҳитизистӣ пеш меорад. Гармоҳои шадиду сармоҳои мислаш дар гузашта дучорнашаванда падид меоянд, ки ҳодисоти табиии аномалӣ ба ҳисоб мераванд ва ин ҳаводис зиндагиро барои инсоният душвортар месозанд. Назар ба гуфтаи мутахассисон, аз биёбоншавӣ нигаҳ доштани заминҳо ва ба мазраҳои сабз мубаддал сохтани онҳо яке аз роҳи муассири ҳалли мушкили муҳитизистӣ ва хоса, таъмини бехатарии ғизо дар бозорҳои дохилӣ ба шумор меравад. Гирифтани пеши роҳи дефитсити ҳар гуна ғизоҳои барои зиндагии рӯзмарраи аҳолӣ хеле зарур ва бисёр муфид маҳз дар татбиқи бахшҳои лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» бастагӣ доранд. Ин аст, ки тарҳи мазкур аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гашта ва пайгирона назорат мешавад.

– Роҳи наҷот аз таҳдидҳои ногузири экологӣ маҳз дар татбиқ гардидани ин лоиҳа вобаста буда, мардуми мо ин нуктаро хеле хуб дарк мекунанд, – гуфт корманди Саридораи ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлим Элёр Зиёдов.  

Назар ба маълумоти Саридораи ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлими вилоят дар шаҳру навоҳии ин минтақа танҳо дар мавсими тирамоҳии татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» бояд 6 млн. 540 ҳазор бех ниҳоли дарахтони манзаравӣ ва боровару буттаҳо шинонида шаванд. Аммо ин дар ҳолест, ки то 19 ноябри соли ҷорӣ дар саросари вилоят 400 ҳазор бех ниҳол шинонида шудаву халос. Барои сад дар сад иҷро намудани нақшаи мазкур аҳолии вилоятро зарур аст, ки то интиҳои соли равон боз 6 млн. 140 ҳазор бех ниҳолу буттаҳо шинонанд.

Бояд гуфт, ки шабакаи расмии телеграми ҳокимияти вилоят 16-уми ноябри соли равон дар такя ба гуфтаи ҳокими вилоят маълумоти наверо ба нашр расонидааст. Ҳангоми омӯзиши ҷараёни корҳо дар роҳи татбиқ намудани лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳокими вилоят гуфтааст, шумори ниҳолҳое, ки дар фасли тирамоҳи соли равон дар қаламрав шинонида хоҳанд шуд, 10 млн. 500 ҳазор бехро ташкил медиҳанд.

– Ин як кори бузургу бошарафест, ки дар сурати софдилона иҷро гардидан вилоятро ба як мавзеи саросар сабзу хуррам мубаддал хоҳад кард, – таъкид кардааст ҳоким.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими баҳории татбиқи лоиҳа 10 млн. 174 ҳазор бех шинонидани ниҳолҳо дар нақша буд ва дар амал 11 млн. 124 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуданд, ки ҳаҷми корҳои умумии дар ин самт иҷрогардида ба 109,3 фоиз баробар шуда буд. Корҳои иҷрошуда ба платформаи электронии «Yashilmakon.eco» ворид гаштанд ва зери назорати қатъӣ қарор доранд.

Солҳои қаблӣ дар натиҷаи беназорат мондан як бахши аъзами ниҳолҳои шинонидашуда хушк шуданд, ки аз ҷониби мутахассисон шадидан танқид гашт ва гуфта шуд, ки хидматҳо набояд барабас раванд.

Шариф ХАЛИЛ,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: