Ӯ дар мактаби рақами 12-уми (собиқ мактаби рақами 95) деҳаи Хаймар таҳсил мегирифту баъди дарс рост ба кӯдакистони сари роҳ, ки модараш Ҳамида Зокирова мудир буд, омада ба ҳалқаи тифлакони шӯху беқарор пайваста, гоҳо ҳатто чун мураббӣ амру фармоиш медод.
Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ,
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон,
Бигардонад ӯро чу хоҳад чунон.
Абушакури БАЛХӢ.
Ӯ дар мактаби рақами 12-уми (собиқ мактаби рақами 95) деҳаи Хаймар таҳсил мегирифту баъди дарс рост ба кӯдакистони сари роҳ, ки модараш Ҳамида Зокирова мудир буд, омада ба ҳалқаи тифлакони шӯху беқарор пайваста, гоҳо ҳатто чун мураббӣ амру фармоиш медод.
– Ҳамидаойтӣ, – мегуфтанд мураббиён, – ин духтаратон касби шуморо мегирад.
– Дар урфият «ба ҷои асп той» гуфтагӣ гапҳо ҳаст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд дигаре, – охир таги дарахти себ – себ меафтад-дия, дугонаҷон.
Дарҳақиқат, Шаҳноза Шодиева пас аз гирифтани номаи камол аввал дар омӯзишгоҳи томактабӣ, сипас дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифта, соҳиби дипломи имтиёзнок гардид ва фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси мураббӣ дар кӯдакистони зодгоҳ оғоз намуд. Дар тӯли беш аз 10 сол аз устодони соҳибтаҷриба, хосатан модари меҳрубону дилсӯзаш бисёр чизҳоро омӯхт. Албатта, суҳбат ва дастуру тавсияҳои мутахассисони соҳа, бозомӯзӣ, навоварӣ, қолабшиканӣ, эътимод ба касб, меҳру муҳаббат ба тифлакон самараи нек дод. Вай ҳатто дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятии «Мураббияи сол» ширкат варзида, бахту иқболи пирӯзӣ насибаш гашт.
Соли 2018 нобаҳангом мудири таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов назди худ хонд ва гуфт, ки аз комёбиҳои ӯ хабардор аст.
– Шаф-шаф нею шафтолуи гап ҳамин, ки бо тавсияи мутахассисон ва розигии ҳокими ноҳия Шуҳрат Ҷамолов шуморо мудири кӯдакистони рақами 23-юми воқеъ дар маҳаллаи Чунгул таъин мекунем,– ба мақсад гузашт мудир. – Медонем, огоҳ ҳастем, ки ному коратон шудааст овоза...
– Баҳриддин Ҳабибович, якбора чунин вазифаи пурмасъулиятро ба зиммаи ман гузоштед, – дар тааҷҷуб афтод Шаҳноза. – Магар дар ҷои нав, аз ӯҳдаи вазифаи нав мебароям?
– Шояд барои дигарон душвор, – завқ карда хандид мудир, – аммо барои шумо кор осон хоҳад шуд. Аввало, модаратон маслиҳатгар, сонӣ мо тамошобин нестем. Барои ҳалли муаммоҳо кӯмак мерасонем.
Воқеан, таъмиру тармим, азнавсозии бинои кӯдакистон қариб ду моҳ тӯл кашид. Ҳомиёни хайрандеш ва аз ҳама бештар ҳамсари ӯ Зафар Қуддусов, ки худ соҳибкор ва шахси савобталабу бомаърифати ҷомеа мебошад, ин тасмими ҳамсарашро ҷонибдорӣ намуда, шароити мусоид ба бунёдкорӣ фароҳам оварданд, ки кӯдакистон бо роҳи ҳашар ба кошонаи хушсохти замонавии тифлакон табдил ёфт.
Ба муносибати ба истифодабарӣ супоридани муассисаи навбунёди муҳташам барои насли наврас чорабинии бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Собиқ ҳокими ноҳия, мардуми бешумори маҳалла, вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ҷамъ омада, ҳозирон ба мудири ташаббускору ғайратманд аҳсант гуфтанд.
Чанде пеш мо бо тавсияи мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов ба ин кӯдакистон омадем. Гарчанде ҳоло хазонрез аст, вале дар ҳудуди ин муассисаи томактабӣ гулҳои ранг ба ранг шукуфта, бӯйи хуши онҳо ба машом мерасанд. Тозаву озодагӣ низ ҷолиби диққат аст.
Аҷибаш он, ки волидайн тифлакони худро назди дарвоза оварда хайру хуш мекунанд ва онҳо бо табъи болида, сӯйи гурӯҳҳои хеш тозон-тозон мераванд.
Афсӯс, дар баъзе кӯдакистонҳо манзара тамоман дигар аст.
Долону хонаҳои васеъ, равшан, хушҳаво бо дид ороиш ёфта, расму ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои халқҳои ҷаҳон низ пурҷозиба мебошанд.
– Самараи меҳнати софдилонаю содиқона ва талошҳо дар роҳи ба муроди дил расидани аҳли ҷамоати мо буд, ки сол то сол ба комёбиҳои назаррас соҳиб мешавем, – гуфт Шаҳноза Шодиева, – рости гап, чунон эҳсос мекунам, ки бо мураббиён ва хосатан бо дастпарварон гӯё дар як оила зиндагӣ мекунем.
Ногуфта намонад, ки дар робита бо наврасон ҳамқадами замон бошем ва мо, мураббияҳоро лозим аст, ки пеш аз ҳама ба рушди зеҳнии кӯдак таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, ҳамаи пешрафту навгониҳоро ба ақлу зеҳни онҳо бирасонем, роҳу усулҳои нави тарбияро пайдо кунем, ки дар Ӯзбекистони Нав ҳамнафаси замон бошанд.
Воқеан, Шаҳноза Шодиева бар ин назар аст, ки асоси тарбияи кӯдак аввал дар оила ва сипас дар муассисаҳои томактабию таълимӣ гузошта мешавад. Аз ҳамин сабаб бештари масъулият дар зиммаи мураббиён аст.
– Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки мураббиён донишу маърифати баланди муносибат бо кӯдак дошта, муҳимтар аз ҳама онҳоро мисли фарзанди худ дӯст доранд. Зеро қалби поку беолоиш ва кӯчаку пурэҳсоси тифл неку бадро фарқ карда метавонанд.
Ҳоло дар панҷ гурӯҳ 140 нафар фарзандони маҳаллаи Чунгул ва дигар гузарҳои гирду атроф ба камол расида, мураббиёни соҳибтаҷриба чун Нигина Исломова, Саида Усмонова, Мунаввара Розиқова, Гулрух Шодиева, Шоҳсанам Бердиева дар атрофи онҳо парвонаанд. Агар ошпаз Азиза Қодирова бо таомҳои серғизо, хуштамъ ғизои озуқавӣ диҳад, санъаткор Фарангис Шарифова онҳоро бо олами мусиқӣ шинос менамояд.
– Табиб Дилрабо Метинова посбони саломатӣ аст. Ҷонишини мудир оид ба корҳои хоҷагӣ Дилором Давронова дар таъминот бо маводи озуқа ва асбобҳои аёнӣ ҷавобгар мебошад, – хулоса намуд мудир,– мақсад дар ҳама соҳа комёбиҳои назаррасро ба даст овардан аст.
– Шаҳнозабону, ҳамааш аҷоиб, лекин тааҷҷуби мо аз он аст, ки қариб ҳама – аз посбон то мудир ва алалхусус, мураббиёну тарбиятгирандагон тоҷиканд, вале ҷараёни машғулот ба забони модарӣ нест.
– Ин масъала дар шуъбаи таълими халқи ноҳия низ баррасӣ гардид ва шояд дар арафаи Рӯзи қабули Қомуси Асосии мо – Конститутсия ҳалли худро ёбад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: аз фаъолияти кӯдакистони рақами 23-юми ноҳияи Самарқанд.
Аксбардор: Баҳодури ЗОҲИР.