Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бахшида ба баррасии номзади Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ассалому алайкум, депутатҳои муҳтарам!

Иштирокдорони гиромии маҷлис!

Имрӯз, мувофиқи Конститутсияи навшудаи мо, бори аввал дар палатаи поёнӣ бояд номзад ба мансаби Сарвазир ва Барномаи амалҳои Ҳукуматро барои 5 соли оянда баррасӣ намуда,а қарорҳои дахлдор қабул кунем.

Муҳим будани ин масъала, ба фикри ман, ба ҳамаамон равшан аст. Зеро, дар иҷрои вазифаҳои стратегии пешгирифтаи кишвар ва масъалаҳои ҷорӣ, масъулияти ҳамаи зинаҳои мақомоти иҷроия, пеш аз ҳама Ҳукумат ва роҳбари он, дар шароити мураккаби замони ҳозира аз ҳарвақта бештар мешавад.

Дар баробари ин, имрӯз Ҳукумат бо ваколатҳо ва вазифаҳои комилан нав ташкил меёбад. Ин аз ҷумла, бо он тасдиқ мегардад, ки бори аввал дар сатҳи конститутсионӣ ӯҳдадориҳои Девони Вазирон дар самтҳои муҳим, аз қабили коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳифзи муҳити зист муқаррар гардиданд.

Мардуми мо имрӯз аз Ҳукумати нав дар чунин масъалаҳои ҳалкунанда натиҷаҳои дақиқро интизоранд.

Пеш аз он ки ба масъалаи асосӣ гузарем, мехоҳам дар бораи иҷрои барномаҳои ҳамаҷониба ва амиқ тарҳрезишуда, ки  дар 5 соли охир амалӣ гардиданд, сухан ронам.

Пеш аз ҳама, иқтисодиёти мо 2 маротиба афзоиш ёфта, аз марраи таърихии 100 миллиард доллар гузашт. Интизор меравад, ки даромад ба сари аҳолӣ аз 1 ҳазору 600 доллари соли 2018 ба 3 ҳазор доллар расонда шавад. Бонки ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки дар соли 2024 Ӯзбекистон ба қатори 3 кишвари аз лиҳози рушди босуръати  иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ пешсаф шомил шуд.

Сатҳи камбизоатӣ дар тӯли 4 соли охир аз 23 фоиз ба 11 фоиз поён рафт. Имсол дар назар аст, ки 106 ҳазор хонавода аз камбизоатӣ раҳо ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба 9 фоиз расонда шавад.

Содирот қариб 2 баробар афзуда, бори аввал аз марраи 25 миллиард доллар гузаштааст  ва захираҳои тиллову асъори мо аз 40 миллиард доллар зиёд шудаанд. Ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ 6 маротиба афзоиш ёфта, бо ин сабаб 1,5 миллион ҷойҳои кории сердаромад таъсис ёфтаанд. Ҳиссаи сармоягузориҳо дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сатҳи 30 фоиз расида, барои рушди иқтисодиёт дар солҳои оянда асоси устувор фароҳам овардааст.

Дар соҳаҳое, ки пештар пурра таҳти идораи давлат қарор доштанд, аз ҷумла энергетика, кимиё, авиатсия, геология, металлургия, мошинсозӣ, маориф ва тандурустӣ, барои бахши хусусӣ ва шарикии давлатӣ-хусусӣ роҳ кушода шуд, ки ин омил дар рушди онҳо нақши муҳим бозид.

Аз ҳама бештар, дар соҳаи энергетика корҳои таърихӣ анҷом дода шуданд. Ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ ​​1,5 маротиба зиёд шуда, ба 80 миллиард киловатт-соат расидааст, ки ин худ нишондиҳандаи равшан аст. Дар се соли охир 9 неругоҳи бузурги офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2,4 гигаватт ба истифода дода шуданд. Ҳиссаи энергияи барқароршаванда нисбат ба соли гузашта 2 маротиба афзоиш ёфт.

Боз ба як тағйироти муҳими дигар диққати шуморо ҷалб кардан мехоҳам. Дар давраи гузашта зиёда аз 25 ҳазор кӯдакистонҳои хусусӣ ва тақрибан 70 муассисаи таҳсилоти олии ғайридавлатӣ таъсис дода шуда, фарогирӣ дар таълими томактабӣ аз 74 фоиз ва дар таҳсилоти олӣ аз 39 фоиз гузаштааст.

Дар низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ низ ислоҳоти бузург амалӣ шудаанд. Дар тамоми минтақаҳо марказҳои "Инсон" таъсис дода шуданд, ки тавассути онҳо кормандони иҷтимоӣ дар маҳалҳо ба аҳолӣ беш аз 100 намуди хизматрасониҳои иҷтимоиро пешниҳод карданд.

Дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, ки дар Париж баргузор шуданд, варзишгарони пурталоши мо натиҷаҳои воқеан рекордӣ ба даст оварда, дар маҷмӯъ 39 медал, аз ҷумла 18 медали тилло ба даст оварданд. Ин дастовардҳое, ки қаблан дар таърихи Ӯзбекистон вуҷуд надоштанд, табиист, ки ба ҳамаи мо қуввату рӯҳияи нав мебахшанд.

Муҳтарам иштирокчиёни маҷлис!

Дар шароити ниҳоят шадид ва вазнине, ки имрӯз дар миқёси ҷаҳон ҳукмфармост, нигоҳ доштани сулҳ ва ҳамдилии кишварамон, таъмин кардани рушди устувори иқтисодиёт ва ба чунин дастовардҳо ноил шудан кори осон набуд ва ҳамаи мо инро хуб дарк мекунем.

Тавре мебинед, аҳолии мо аз 37 миллион зиёд шудааст. Дар панҷ соли оянда, Худо хоҳад, ин шумора ба зиёда аз 40 миллион мерасад. Ин афзоиши демографӣ, албатта, як имконияти бузург аст, аммо, ҳамзамон, бешубҳа, вазифаҳои наву тезро пеши мо мегузорад.

Хусусан, дар самтҳои муҳими коҳиш додани камбизоатӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика, нақлиёт, роҳҳо, таъминоти оби нӯшокӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо манзил, талаботу эҳтиёҷоти мардум босуръат афзоиш меёбанд.

Ёфтани роҳҳои самарабахши ҳалли чунин масъалаҳои муҳим ва пеш бурдани фаъолият бо тарзи нав барои Ҳукумат, табиист, ки як озмоиши ҷиддӣ хоҳад буд. Имрӯз номзаде, ки ба мансаби Сарвазир тавсия мешавад, ҳамаи ин масъалаҳоро ба назар гирифта, барномаи худро оид ба иҷрои онҳо пешниҳод хоҳад кард.

Дӯстони муҳтарам!

Шумо хабар доред, ки дар Стратегияи “Ӯзбекистон – 2030” мо ҳадафҳои бузургеро барои солҳои оянда муайян кардаем. Аз ҷумла, мо мақсад гузошта будем, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ба 160 миллиард доллар расонем.

Росташро бигӯем, дар ибтидо баъзеҳо ба ин ҳадаф бо шубҳа ё дудилагӣ менигаристанд. Аммо бо татбиқи саривақтии чорабиниҳои зарурӣ ва истифодаи ҳама имкониятҳо, интизор меравад, ки соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо ба 110 миллиард доллар расад.

Ҳукумати нав ва ҳамаи роҳбарон якҷоя сахт кор кунем, суръати ислоҳотамонро суст накарда, тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро босуръат пеш барем, бовар дорам, ки то соли 2030 метавонем ҳаҷми иқтисодиёти худро ба 200 миллиард доллар расонем.

Албатта, ин рақами хурд нест. Аммо ҳадафи ноилшаванда аст. Бо ноил шудан ба ин натиҷа мо метавонем сатҳу сифати зиндагии аҳолиро ба таври назаррас беҳтар намоем. Аз ҷумла. даромади сарона барои ҳар як нафар аз 5 ҳазор доллар зиёд мешавад, сатҳи камбизоатӣ ба 5 фоиз поён меёбад, барои аҳолии эҳтиёҷманд низоми устувори суғуртаи иҷтимоӣ ҷорӣ мегардад, ҳиссаи маблағгузорӣ ба соҳаи тиб 2 баробар афзуда, гузариш ба низоми суғуртаи тиббӣ амалӣ ва фарогирии пурра бо хизматрасониҳои кафолатноки тиббӣ таъмин карда, шароит фароҳам оварда мешавад, ки ҳар сол 150 ҳазор манзили нави муосир сохта шавад.

Бори дигар таъкид мекунам, ки барои расидан ба чунин натиҷаҳо ҳам қувва, ҳам имконият ва ҳам салоҳияти мо кофӣ аст.

Дар ин замина, мехоҳам диққати шуморо ба самтҳои муҳимтарин ҷалб намоям.

Якум, дар панҷ соли оянда ба нигоҳ доштани тавозуни макроиқтисодӣ ва таъмин намудани суръати рушди иқтисодӣ дар сатҳи 6-7 фоиз аҳамияти бузург дода мешавад.

Дар ин замина, дар ҳудуди 5-6 фоиз нигоҳ доштани сатҳи таваррум, дар доираи 3 фоиз нигоҳ доштани қасри буҷа, расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ ба 30 миллиард доллар дар як сол вазифаҳои асосӣ хоҳанд шуд.

Ҳукумати кишвар бояд дар ин давра ба азхуд кардани сармоягузориҳои хориҷӣ дар ҳаҷми ҳадди ақал 100 миллиард доллар ва расонидани содироти солона ба 45 миллиард доллар, то 50 фоиз афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр ноил гардад.

Инчунин, таъкид бояд кард, ки барои расонидани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 15 миллион нафар дар панҷ соли оянда ва баланд бардоштани содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ ба 5 миллиард доллар тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

Ҳамзамон, дар самти коҳиш додани андозаи "иқтисодиёти хуфиёна" -и ғайрирасмӣ бояд технологияҳои рақамӣ ба воситаи асосӣ табдил дода шаванд. Аз ҷумла, дар соли оянда рушди ҳисобу китоби ғайринақдӣ бо афзоиши ҳиссаи пардохтҳои онлайнӣ то 60 фоиз яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумат ва Бонки марказӣ хоҳад буд.

Мо дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо чораҳои асосиро амалӣ кардем ва дар солҳои наздик бояд ба ин созмон аъзои комилҳуқуқ шавем.

Дуюм, дар соли ҷорӣ, дар асоси натиҷаҳои мусбати корҳои дар ноҳияҳои Сайҳунобод, Уйчи, Зарбдор ва Ғиждувон анҷомшуда, мо барномаи “Аз камбағалӣ ба фаровонӣ” -ро қабул кардем.

Акнун, дар асоси равишҳои бисёрпаҳлу, пакетҳои кумакрасонӣ оид ба додани таълими босифат ба аъзои оилаҳои камбағал, касб омӯзонидан, бо кор таъмин кардан, беҳтар кардани саломатӣ ва кӯмак равонӣ расондан ба онҳо индивидуалӣ хоҳад буд.

Корро маҳаллабайъ ташкил карда, дар соли 2025  аз вазъи камбизоатӣ баровардани 1 миллион аҳолӣ вазифаи асосии маҷмааи иқтисодии Девони Вазирон муайян шудааст.

Барои расидан ба ин мақсад, барои фарзандони оилаҳои камбағал дар мактабҳо ҷиҳати омӯхтани забони хориҷӣ, касб ва ҳунар ва IT ройгон таҳсил кардан 500 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Барномаи беҳтар кардани инфрасохтори 1000 маҳаллаи ҳолати иҷтимоиашон душвор амалӣ мегардад, ки барои ин 2 триллион сӯм сарф карда мешавад. Ба таври умум, барои коҳиш додани камбағалӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаровонии аҳолӣ 46,5 триллион сӯм маблағ ҷудо хоҳад шуд.

Ҳукумат бояд то соли 2030 масъалаҳои муҳими кам кардани сатҳи бекорӣ ва нигоҳ доштани онро дар дараҷаи эътирофшудаи байналмилалӣ (5-6%) ва ҳалли самарабахши онҳоро ба иҷро расонад.

Сеюм, барои рушди иқтисодиёт ва боло бурдани даромади аҳолӣ бояд ба соҳаҳои саноате, ки арзиши баланди изофӣ эҷод мекунанд, таваҷҷуҳи хос дода шавад.

Маҷмааи сармоягузории Девони Вазирон бояд соли оянда зиёда аз 300 лоиҳаи бузургро, ки барои иқтисодиёти мо аҳамияти муҳим доранд, ба кор дарорад ва таъмин намояд, ки онҳо бо иқтидорҳои пурра фаъолият кунанд. Аз ҷумла, марҳилаи аввали кони "Ёшлик I" ва марҳилаҳои минбаъдаи кони "Мурунтов" оғоз мешаванд. Ҳамчунин, дар вилояти Самарқанд маҷмааи истеҳсоли 910 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ дар як сол, корхонаи металлургӣ бо иқтидори истеҳсоли 600 ҳазор тонна маҳсулот, заводи содаи каустикӣ дар Зарафшон ва иқтидорҳои истеҳсоли низоми гармидиҳӣ дар Нукус ба истифода дода мешаванд.

Дар кишвари мо барои пурра ба кор андохтани имкониятҳои кооператсияи саноатӣ ва маҳаллисозӣ шароитҳо мавҷуданд. Намунаи равшани инро метавон дар мисоли Навоӣ дид, ки дар он марҳилаҳои сохтмони микро НБО-ҳо бо истифодаи захираҳои худӣ ташкил карда шудаанд.

Аз ин рӯ, барномаи бузурге оид ба кооператсияи саноатӣ ва маҳаллисозӣ қабул карда мешавад. Ҳукумати нав бояд вазифаи асосии худро дар панҷ соли наздик ба 32 фоиз расонидани ҳиссаи маҳсулоти саноатии амиқ коркардшуда муайян намояд.

Як масъалаи дигари муҳим — боэътимод таъмин намудани иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ ва дучанд зиёд кардани самаранокии энергетикӣ мебошад. Дар соли оянда зарур аст, ки дар кишвар 90 миллиард киловатт соат неруи барқ истеҳсол карда шавад, то талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёт пурра таъмин гардад. Дар ин замина, иқтидорҳои неруи барқароршаванда то ба 25 гигаватт расонида мешаванд ва ҳиссаи онҳо дар истеъмоли умумӣ ба 40 фоиз мерасад.

Чорум, дар панҷ соли оянда ба 85 фоиз расондани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёт яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад.

Дар ин самт фурӯши саҳмияҳои давлатӣ дар 2 ҳазор корхона, зиёда аз 5 ҳазор объекти амволи ғайриманқул ва баровардани саҳмияҳои 16 маҷмааи бузург ба IPO тақозо мегардад. Ҳукумат бояд татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлату хусусиро ба маблағи 30 миллиард доллар таъмин намояд.

Девони Вазирон бояд дар соли 2025 трансформатсияи ширкатҳои давлатиро дар асоси принсипи “сарфакорӣ ва устуворӣ” суръат бахшида, хароҷоти онҳоро 15-20 фоиз коҳиш диҳад. Дар ин самт зарур аст, ки фаъолияти Фонди миллии сармоягузорӣ, ки дорои саҳмияҳои 18 ширкати давлатӣ бо арзиши 1 миллиард доллар аст, самаранок ба роҳ монда шавад.

Панҷум, дар шароити афзоиши шумораи аҳолии мо таъмин намудани амнияти озуқаворӣ яке аз вазифаҳои муҳим боқӣ мемонад.

Дар ин самт бояд ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус боғдорӣ ва сабзавотпарварӣ, ба таври интенсивӣ рушд дода шаванд. Барномаҳо оид ба офаридани навъҳои нави тухмӣ ва коҳиши воридоти маҳсулоти кишоварзӣ то 50 фоиз мавҷуданд.

Ҳукумат бояд иҷрои ин барномаҳоро таъмин намуда, ҳаҷми истеҳсолотро дар соҳаи кишоварзӣ 1,3 баробар афзоиш диҳад, даромади миёнаро аз ҳар гектар замин то 5 ҳазор доллар расонад, ҳаҷми содиротро ба 10 миллиард доллар баробар намояд ва майдонҳои бо технологияҳои сарфакунандаи обёришавандаро ду баробар зиёд кунад.

Дар соли нав барои татбиқи технологияҳои сарфакунандаи об 5 триллион сӯм ва барои бетонкунии каналҳо 800 миллиард сӯм равона карда мешаванд.

Муҳтарам иштирокдорони маҷлис!

Рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва варзиш тавассути татбиқи пурра ва самараноки барномаҳои бузург ҳамеша бояд дар рӯзномаи кори Ҳукумат ҳамчун вазифаи асосӣ боқӣ бимонад.

Якум, барои расидан ба сатҳи миёнаи умри 78-сола зарур аст, ки сифати хидматрасониҳои аввалияи тиббиро баланд бардорем ва онҳоро барои аҳолӣ дастрас гардонем. Аз ҷумла, дар соли 2025 гузаронидани ташхиси скрининг барои 3 миллиону 700 ҳазор зан пешбинӣ шудааст. Бо рақамисозии ин раванд метавон сатҳи ошкоркунии саратонро дар марҳилаҳои аввали он аз 60 то 85 фоиз расонд.

Ҳукумат бояд як низоми навро ҷорӣ намояд, ки он омӯзиши 18 ҳазор гурӯҳи тиббиро дар маҳаллаҳо ва фаро гирифтани 884 ҳазор беморро бо офият дар шароити хона дар бар мегирад. Илова бар ин, барои мустаҳкамсозии пойгоҳи моддӣ-техникии таваллудхонаҳо 100 миллион доллар ҷудо хоҳад шуд.

Системаи суғуртаи тиббии давлатӣ ва хидматрасонии тиббӣ дар асоси пакети кафолатнок дар се соли оянда бояд тамоми шаҳр, ноҳия ва деҳотро фаро гирад. Ҳамзамон, Ҳукумат бояд барномаҳои алоҳида оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст, оммавигардонии  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия намояд.

Дуюм, сиёсати баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи ҷавонони ҳамаҷониба баркамол пайваста идома хоҳад ёфт.

Дар солҳои оянда Ҳукумат вазифадор аст, ки сатҳи фарогирии кӯдакистонҳоро то 80 фоиз ва муассисаҳои олии таълимиро ҳадди ақал то 50 фоиз расонад. Бо истифода аз 61 миллион доллари ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар соли 2025 сохтмони 252 кӯдакистони нав ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, 174 кӯдакистон ва 379 мактаб таъмир ва аз нав сохта мешаванд. Барои ин мақсадҳо 4 триллион сӯм аз буҷет ҷудо карда мешавад.

Ба соҳибкорон барои сохтани мактаб то 20 миллиард сӯм қарзҳои имтиёзнок дода мешавад. Қисми ставкаи қарз, ки аз 13,5 фоиз зиёд аст, аз ҷониби буҷет ҷуброн карда мешавад.

Муҳтарам депутатҳо!

Барои иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки зикр шуданд, ҳамкории боз ҳам муассиртар миёни Ҳукумати нав ва Палатаи қонунгузорӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба вазифаҳои афзалиятнок, ки дар назди таркиби нави Девони Вазирон қарор доранд, ҷалб намоям.

Пеш аз ҳама, зарур аст, ки фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия боз ҳам ба мардум наздиктар шавад.

Дар ин замина мехоҳам боз як бор талаботи муҳими фаъолиятро, ки меъёри асосии кадрҳои роҳбаркунанда мебошад, ёдрас намоям. Яъне, мардум набояд ба идораҳои давлатӣ, балки баръакс ташкилотҳои давлатӣ ба халқ, барои таъмини манфиатҳои қонунии онҳо хизмат кунанд.

Ҳадафи асосии ҷорӣ кардани низоми нави пайваста баҳо  додан ба иҷрои қонунҳо дар соли ҷорӣ низ маҳз ҳамин аст. Агар қонун қабул шавад, он бояд ҳатман амал кунад ва дар зиндагии мардум тағйироти назаррас ба вуҷуд оварад. Иҷрои қонунҳо бояд бо иштироки кумитаҳои дахлдори палатаҳои Олий Маҷлис ва мақомоти масъули иҷроия пайваста омӯхта ва назорат карда шавад.

Боз як масъалаи муҳимтарин ин аст, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия бояд қонунмандӣ ва асоснокии қарорҳои қабулкардаи худро таъмин намоянд.

Дар давраи охир талаботи муқарраршудаи қонунҳо оид ба машварат бо ҷомеа дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зериқонунӣ ҳамеша риоя намешавад. Вазорати адлия бояд дар муддати як моҳ ин масъаларо якҷо бо кумитаи дахлдори Палатаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, ба Ҳукумат пешниҳодҳо тақдим намояд.

Баланд бардоштани сифати лоиҳаҳои қонунҳое, ки бо ташаббуси қонунгузории Ҳукумат ба Палатаи қонунгузорӣ пешниҳод мешаванд, низ масъалаи муҳим боқӣ мемонад.

Қабули қонунҳое, ки ба талаботи шадиди замон ҷавобгӯ, босифат ва дар амалия самаранок мебошанд, муҳимтарин вазифа ва ҳатто обрӯи Олий Маҷлис мебошад. Дар ин замина ба ёд овардани суханони файласуфи машҳури чинӣ Шан Ян зарур аст, ки гуфта буд: "Қонуни хуб ифодаи эҳтироми ба халқ".

Ҳамчунин мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи дигар ҷалб намоям. Ҳукумат, вазорату идораҳо ва роҳбарони минтақаҳо бояд барои ҳаллу фасли мушкилоти ошкорнамудаи вакилон дар маҳалҳо бо кумитаҳои палата пайваста ҳамкориро ба роҳ монанд. Аммо айни замон низоми ҳамкорӣ миёни инспексияҳои давлатӣ, ки назоратро дар соҳаҳои гуногун таъмин мекунанд ва кумитаҳои Палатаи қонунгузорӣ ба таври кофӣ ташкил нашудааст.

Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки ҷорӣ намудани низоми нави таъсирбахш барои баррасии ҳисоботҳои онҳо дар кумитаҳо метавонад самаранокии назорати парлумониро боз ҳам беҳтар гардонад.

Илова бар ин, агар барои самараноктар шудани ин раванд муовинони роҳбарони вазорату идораҳоро барои ҳамкории доимӣ бо кумитаҳои палатаи поёнӣ масъул намоем, шумо чӣ мегӯед?

Албатта, ин масъулиятро аз дӯши роҳбарони аввал соқит намекунад, зеро пурсиш барои ҳамкорӣ бо палатаҳо, пеш аз ҳама, ба дӯши онҳо хоҳад буд.

Умуман, мехоҳам боз як бор таъкид кунам, ки муносибатҳои байни парлумон ва Ҳукумат бояд на ба зиддият, балки ба муколамаи созанда асос ёбанд.

Дар баробари ин, набояд фаромӯш кунем, ки назорати парлумонӣ, пеш аз ҳама, "назорати мардум, талаботи мардум" мебошад. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо ба дархостҳои парлумон ва депутатҳо сатҳӣ муносибат шуда, ба онҳо беэътиноӣ карда мешавад.

Дар ин маврид, ҳамаи роҳбарон бояд масъулият ва ҷавобгарии худро пурра дарк намоянд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба ин масъала бемасъулиятона муносибат кунад. Ҷавоб ба дархостҳои парлумон ва вакилон бояд дақиқ ва мазмуннок бошад ва шахсан аз ҷониби роҳбаре дода шавад, ки ба ӯ ин дархост ирсол шудааст. Гузариши раванди ирсол ва қабул кардани дархостҳо ба низоми онлайн метавонад ҳалли мушкилоти мавҷударо дар ин самт таъмин намояд.

Дӯстони гиромӣ!

Барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо, пешбурди сиёсати хориҷии самаранок, васеъ кардани доираи дӯстон ва шарикони худ, ҳамчунин амиқтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҳамсоягони наздикамон, вазифаи ниҳоят муҳим маҳсуб меёбад.

Бо ҳамин мақсад, пеш аз ҳама, қабул кардани Консепсияи сиёсати хориҷӣ дар таҳрири навро зарур мешуморам. Қавитар намудани муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмин намудани амният ва суботи минтақа дар сиёсати хориҷии мо самти афзалиятнок боқӣ хоҳад монд.

Соли оянда дар кишвари мо баргузор гардидани мулоқоти «Панҷгонаи Осиёи Марказӣ», бешак, боз як қадами амалии бузург дар ин самт хоҳад шуд. Дар ин анҷуман ба масоили ташкили минтақаи савдои озод, фаъол гардонидани тиҷорат ва сармоягузорӣ, маркази ҳамкории илмӣ, технологӣ ва истеҳсолӣ диққати хоса дода мешавад, ки ин далели равшан барои муҳимияти онҳо мебошад.

Айни замон шаҳрвандони мо метавонанд бо корти ID ба Қирғизистон бемамониат сафар кунанд. Мо низоми мазкурро бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ хоҳем кард.

Рушду тавсеаи робитаҳои самаранок ва мунтазам бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, дигар давлатҳои пешрафта, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин муассисаҳои молиявӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо хоҳад буд.

Бо истифода аз фурсат, тамоми аъзои корпусҳои дипломатӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалиро, ки дар ҷаласаи имрӯза иштирок доранд, самимона табрик мегӯям.

Барои дастгирии дилсӯзонаатон аз ислоҳоти мо, барои сафар ба манотиқи кишвари мо ва шиносоии наздик бо тағйирот ва навовариҳо, ҳамчунин барои мубодилаи таҷрибаҳои кишваратон, аз номи худ ва аз номи халқи кишварамон ба шумо изҳори миннатдорӣ мекунам.

Ҳамватанони муҳтарам!

Имрӯз ҳамаамон шоҳид ва эҳсос мекунем, ки ҷаҳон дар шароити ниҳоят ноором ва таҳдидбор қарор дорад. Дар чунин давраи мураккаб, ҳифз ва ҳимоя кардани истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатамон, инчунин зиндагии ором ва озоди халқи мо ҳамчун арзиши гаронбаҳо вазифаи муҳимтарини боқӣ мемонад.

Мо набояд фаромӯш кунем: амнияти кишвар ва дифои Ватани мо на танҳо вазифаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, балки ӯҳдадории муқаддаси ҳар як шахсе мебошад, ки новобаста аз миллат, забон ва динаш Ӯзбекистонро Ватани модарии худ меҳисобад. Барои ин, ҳисси Ватани ягона ва оилаи калони сермиллати аҳил бояд аз қалбу дили ҳар яки мо ҷой гирад.

Дар шароити имрӯза, ки таҳдидҳо ва хатарҳои гуногун дар ҷаҳон зиёд шуда истодаанд, мо таваҷҷуҳи бештарро ба баланд бардоштани иқтидори ҷангӣ ва маънавии Қувваҳои Мусаллаҳи худ равона мекунем.

Ба мақсади дар шуури ҷавонони мо дар баробари  ифтихори миллӣ ба арзишҳои умумиинсонӣ ташаккул додани ҳисси эҳтиром бояд сиёсати давлатии ҷавононро такмил дод. Мо тамоми қувва ва имкониятҳои худро барои таъмини фарзандонамон бо дониш ва ҷаҳонбинии муосир, касбҳои сердаромад, ҳамчунин барои ҷалби онҳо ба илм, фанновариҳои IT, маърифат, санъат, адабиёт ва варзиш сафарбар мекунем.

Имрӯз танҳо давлате, ки чунин ҷавонони пешқадам, зиёиёни фидоӣ ва халқеро, ки барои шукуфоии Ватан муттаҳид шудаанд, дорад, метавонад манфиатҳои миллии худро таъмин намояд.

Бо ин муносибат, мехоҳам фикреро, ки чанде пеш дар вилояти Навоӣ изҳор кардам, такрор намоям.

Мо ду раги ҳаётӣ ва ду пояи устувор дорем: яке — иқтисодиёт ва дигаре — маънавият. Мардуми аз ҷиҳати маънавӣ бузург дар самти иқтисодӣ низ бузург хоҳад шуд.

Айни замон мо корҳоеро, ки бобати  таҳкими муҳити рӯшодӣ ва шаффофият дар ҷомеа, ҳамдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни миллат ва динҳо,  таъмин намудани озодии сухан, матбуот ва виҷдон оғоз намуда будем,  идома хоҳем дод.

Депутатон ва сенаторони муҳтарам, Ҳукумати нав, ҳокимон ва вазирони мо бояд моҳияти ин вазифаҳоро дуруст дарк кунанд. Бовар дорам, ки онҳо ҳамроҳ бо шахсони соҳибэҳтироми кишвар, маҳаллаҳо, ташкилотҳои занон ва ҷавонон, иттифоқҳои касаба, зиёиёни илмӣ ва эҷодӣ бо якдилӣ ва саъйи муштарак фаъолона кор хоҳанд кард.

Ҳамватанони азиз!

Тавре мебинед, пеши рӯи мо ҳадафҳои бузурге истодаанд. Ӯзбекистони Нави мо бо парлумони нави худ ба марҳалаи ҳалкунандаи рушди худ қадам мегузорад.

Албатта, дар ин давраи нав бо усулҳои кӯҳна кор карда намешавад. Аз ин рӯ, Ҳукумат бояд фаъолияти худро дар заминаи комилан нав ташкил кунад. Ҳамаи мо хуб дарк мекунем, ки барои ин роҳбари қавӣ, яъне Сарвазири тавоно зарур аст.

Ман, пас аз андешаи ҳамаҷониба дар ин масъала, қарор кардам, ки номзадии Абдулла Нигматович Ариповро ба вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намоям.

Шумо ин роҳбарро хуб мешиносед. Абдулла Арипов қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошта, дар низоми ҳокимияти иҷроия дониш ва таҷрибаи фаровон андӯхтааст. Ӯ ҳамеша масъулиятро амиқ эҳсос мекунад ва аз роҳбароне аст, ки на танҳо моҳияти ислоҳоти дар Ӯзбекистони Нав пешниҳодшударо комилан дарк менамояд, балки дар татбиқи онҳо фидокорӣ нишон медиҳад.

Ман бо ӯ солҳои зиёд кор карда, мутмаин шудам, ки дар татбиқи барнома ва лоиҳаҳои бузурги давлатӣ ҳамеша серталабӣ ва ҷонфидоӣ зоҳир мекунад. Абдулла Арипов бо масъулиятпазирии баланд, кушодабинӣ дар муошират бо аҳолӣ, заҳматкашӣ ва хоксорӣ миёни мардуми мо обрӯ ва эҳтироми зиёд ба даст овардааст.

Бовар дорам, ки ин номзад фаъолияти самараноки Девони Вазиронро барои ҳаллу фасли вазифаҳои бузурги пешомада, ки аҳамияти фавқулодда доранд, ташкил намуда, узви Ҳукумат, роҳбарони вазорат ва идораҳоро муттаҳид месозад ва ба ҳадафи ягона сафарбар мекунад.

Дар шароити мураккаби имрӯза, ин хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, имрӯз ин номзадро барои баррасии шумо пешниҳод менамоям.

Аз шумо, депутатҳои муҳтарам ва роҳбарони фраксияҳо, хоҳиш дорам, ки номзадии мазкур ва барномаи амалии Ҳукумати ояндаро барои панҷ соли оянда баррасӣ ва дастгирӣ намоед.

 

* * *

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳоло, мувофиқи анъана, биёед дар бораи самти муҳимтарине, ки дар маркази таваҷҷуҳи мо дар соли оянда хоҳад буд, машварат намоем.

Имрӯз на танҳо мо, балки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлимро равшан эҳсос мекунанд. Олудагии ҳаво ва об, эрозияи хок, биёбоншавӣ ва истифодаи беандозаи сӯзишвории канданиҳо боиси гармшавии глобалӣ, афзоиши офатҳои табиӣ ва зарар ба муҳити зисту саломатии аҳолӣ мегардад.

Мо кӯшиш мекунем, ки оқибатҳои ин мушкилотро пешакӣ бубинем ва дар ин самт корҳои бузургро амалӣ намоем. Лоиҳаи умумиимиллӣ бо номи "Макони сабз", ки се сол пеш оғоз шуда буд, то имрӯз ба як ҳаракати воқеан мардумӣ табдил ёфтааст. Ин барнома дар беҳтар намудани вазъи экологӣ дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла дар назди Арал, нақши муҳим мебозад.

Бо ҳамкории кишварҳои ҳамсоя, мо татбиқи Стратегияи минтақавии иқлим-ро оғоз кардем. Дар пойтахти мо Донишгоҳи омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин, мо ташаббускори ду қатъномаи муҳиме шудем, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд. Дар айни замон, энергетикаи "сабз" ба яке аз таҳрикдиҳандагони иқтисодиёти мо табдил меёбад.

Мо дар масъалаи номгузории соли нав фикру пешниҳодоти мардуми худро ҳамаҷониба омӯхтем. Бо назардошти тавсияҳои пешниҳодшуда ва бо мақсади ба сатҳи наву баландтар бардоштани корҳоямон, пешниҳод мекунам, ки соли 2025 дар кишвари мо “Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти сабз” эълон карда шавад.

Вақте мо дар бораи табиат сухан мегӯем, аксар вақт ибораи "Модар  – табиат"-ро истифода мебарем. Бовар дорам, ки ин танҳо як каломи зебо ва шоирона нест, балки дар он як ҳақиқати амиқи ҳаётӣ нуҳуфтааст.

Чӣ гуна мо ба шахси воломақоми модар бо эҳтироми баланд муносибат кунем, бояд нисбат ба табиате, ки моро иҳота кардааст, низ ҳамин гуна муносибат намоем.

Зеро, ҳифзи табиат, ҳифзи инсон аст.

Албатта, таҳти роҳбарии Сарвазири тозаинтихобшуда Ҳукумат дар асоси муҳимтарин вазифаҳои дар номи сол пешбинишуда барномаи давлатӣ таҳия мекунад. Дар ин барнома масъалаҳое мисли ҷорӣ кардани технологияҳои “сабз”, сарфакории об, афзоиши назарраси минтақаҳои сабз, сабук кардани оқибатҳои фоҷиаи Арал, ҳалли мушкилоти партовҳо ва муҳимтар аз ҳама, тақвияти саломатии аҳолӣ бояд авлавияти хос дошта бошанд.

Ҳамватанони азиз ва муҳтарам!

Имрӯз, бо шумо, ҳамватанони гиромӣ ва халқи азизи мо, ба як давраи комилан нави рушд дар кишвари худ қадам мегузорем.

Бешубҳа, он ки ин давра чӣ гуна хоҳад буд, ба он вобаста аст, ки мо чӣ гуна мақсад ва вазифаҳои бузургеро, ки дар назди худ гузоштаем, бомуваффақият иҷро мекунем.

Итминони комил дорам, ин давра барои Ӯзбекистони Нави мо давраи рушди босуръат ва фатҳи қуллаҳои баланди тараққиёт хоҳад шуд.

Ин давра ҳамчунин давраи ташаккули анъанаҳои ибратомӯз дар фаъолияти парлумон ва Ҳукумат, бо усули нав кор кардан, хизмат ба халқ бо садоқат ва давраи муҳрбандӣ дар таърих хоҳад буд.

Авлоди оянда албатта бо ифтихор чунин таърих ва ояндаи бузургеро, ки мо меофарем, ба забон  хоҳанд овард.

Дар тӯли се рӯзи охир, бо шумо, ҳамватанони гиромӣ ва ҷомеаи васеи мо, дар бораи рушду тараққиёти имрӯзу фардои кишвари худ муфассал мубодилаи афкор намудем. Корҳоеро, ки дар соли 2024 – “Соли дастгирии ҷавонон ва соҳибкорӣ” анҷом додем, ҷамъбаст кардем.

Дар Парлумони мо – “Хонаи халқ” бо вакилони мардумӣ тамоми ташаббус ва нақшаҳои баррасишуда, ғоя, ҳадаф ва вазифаҳои дар онҳо пешниҳодшударо, аз лиҳози моҳият, Муроҷиатномаи навбатии мо ба Олий Маҷлис ва халқи кишвар гуфтан мумкин аст ва ман фикр мекунам, ки шумо низ ба ин фикр ҳамроҳ мешавед.

Ман итминон дорам, ки шумо, вакилони мӯҳтарам ва аъзои Ҳукумат, инчунин тамоми роҳбарони хурду калон, барои иҷрои вазифаҳои бузурге, ки дар ин Муроҷиатнома муайян шудаанд, бо фидокорӣ ва намунавӣ меҳнат хоҳед кард.

Дар роҳи расидан ба чунин ҳадафи шарафманд, ба ҳамаи шумо тандурустӣ, бахту саодати хонаводагӣ, дастовардҳои бузург ва муваффақиятҳои фаровон орзу мекунам!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: