Президент Шавкат Мирзиёев 26 ноябр оид ба чорабиниҳои беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва рушди фазои тиҷоратӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар вилояти Намангон ҷамъомад баргузор намуд.
Тайи даҳ моҳи гузашта дар вилоят 681 лоиҳа амалӣ гардида, 21 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфтанд. Маҳсулот бо арзиши зиёда аз 21 триллион сӯм истеҳсол гардид, ки аз он ба маблағи 702 миллион доллар содир карда шуд. Интизор меравад, ки то охири сол иқтисодиёти минтақа 8 фоиз афзоиш ёбад.
Акнун зарур аст, ки ҳадафҳо барои соли оянда муайян шаванд. Ба ин муносибат, гурӯҳҳои корӣ ба ҳамаи ноҳияҳо равона гардида, пешниҳодҳои соҳибкорон омӯхта ва нақшаҳо таҳия мешаванд.
Дар вилояти Намангон имкониятҳо барои татбиқи 182 лоиҳаи нав ба маблағи 527 миллион доллар муайян шудаанд. Масалан, агар минтақаи хурди саноатӣ дар маҳаллаи «Баркамол авлод»-и шаҳри Намангон васеъ карда шавад, метавон корхонаи чармгарӣ ва пойафзолсозиро бо арзиши 60 миллион доллар ҷойгир намуд. Ташкили чунин минтақа дар мавзеи «Намангон»-и ноҳияи Мингбулоқ барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои саноатӣ ба маблағи 25 миллион доллар шароит фароҳам меоварад.
Соҳибкор аз ноҳияи Поп дар ҳамкорӣ бо шарикони амрикоӣ пешниҳод кардааст, ки 80 миллион доллар сармоягузорӣ карда, дар як сол 1,8 миллион тонна санги флуоритиро коркард намояд. Дар натиҷа, 200 ҷойи корӣ таъсис ёфта, имконияти содироти маҳсулот ба маблағи 70 миллион доллар фароҳам меояд. Инчунин, як корхонаи дигар изҳори омодагӣ кардааст, ки 40 миллион доллар ба кишти растаниҳои доруворӣ дар 5 ҳазор гектар, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва ташкили маркази сайёҳӣ сармоягузорӣ намояд.
Дар ин ноҳия, дар заминҳое, ки дастрасӣ ба обҳои зеризаминӣ вуҷуд дорад, имконияти кишти шолӣ, зироатҳои ғалладона, растаниҳои доруворӣ ва хӯроки чорво мавҷуд аст. Дар атрофи чоҳҳои мелиоративии ноҳияи Норин метавон моҳипарвариро ба роҳ монд. Дар Чоркесар, Заркент ва Испарон, бо беҳтар намудани обёрӣ ва ҷудо кардани замин ба чорводорон, имконияти парвариши 100 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва буз фароҳам меояд.
Ташкили таҳсилоти дуалӣ дар техникуми кишоварзии ноҳияи Янгиқӯрғон якҷо бо маркази картошкапарварӣ ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва истеҳсоли маҳсулоти асосии ғизоӣ мусоидат мекунад. Ба туфайли кооператсия бо хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ метавон парвариши занбӯри асалро дар шароити хона ташкил намуда, барои онҳо даромади иловагӣ фароҳам овард.
Дар ҷамъомад ҳокими вилояти Намангон нақшаҳоро оид ба татбиқсозии чунин имкониятҳо пешниҳод намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар соли 2025 ба вилояти Намангон ҷалби 4,2 миллиард доллар сармоя, таъсис додани 34 ҳазор ҷойи корӣ ва таъмин намудани содирот ба маблағи 1 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, ки то охири сол сатҳи камбизоатӣ дар вилоят тақрибан 8 фоиз коҳиш ёбад. Дар соли 2025 то 5,3 фоиз коҳиш додани ин нишондиҳанда ва аз камбизоатӣ раҳо кардани 78 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин кардани тақрибан 100 ҳазор нафар, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат дастур дод, ки ташаббусҳои соҳибкорон дастгирӣ гардида, барои татбиқсозии лои-ҳаҳои онҳо шароит фароҳам намоянд ва ба барномаҳои сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтори саноатӣ маблағҳои зарурӣ ҷалб карда шаванд. Таъкид гардид, ки суръат бахшидан ба татбиқ кардани лоиҳаҳо дар минтақаҳои хурди саноатӣ, бобати ҷалби аҳолӣ ба соҳибкорӣ ва таъмин намудан бо ҷойи кор аҳамияти бузург дорад.