НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ НУФУЗИ БЕШТАР ПАЙДО МЕКУНАД

Дар шаҳри Тошканд 29-умин Ярмаркаи байналмилалии туризм таҳти унвони «Туризм дар роҳи абрешим» баргузор гардид.

Ба ҳайси ташкилкунандагони он Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, Кумитаи туризм, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази PR» ва ширкати «Team & Co Group» ва ҳамкори  он ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» муаррифӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи туризм Умед Шодиев дар маросими ифтитоҳи он гуфт, ки таҳти роҳбарии Президент  Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон соҳаи туризм ба таври назаррас рушд менамояд, фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар он ба таври назаррас беҳтар мегардад.

– Фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои туризми мамлакат шакли оптималиро касб менамояд. Барои сохтани меҳмонхонаҳои нав, ҷалби брендҳои меҳмонхонаҳои байналмилалӣ ва ташкили парвозҳои чартер, ки ҷалби бештари сайёҳонро таъмин мекунад, корҳои муайян анҷом дода шуданд, – изҳор намуд Шодиев. 

Ба таъкиди ӯ корҳои роҳандозишуда самараи калон медиҳанд. Сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо сол то сол меафзояд. Танҳо соли 2023 ин рақам ҳудуди 7 миллионро ташкил дод ва имсол тамоми имконот барои он сафарбар шудаанд, то ки ин рақам ба 10 миллион расад.

Маълум шуд, ки намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд, ки аз соли 1995 ба ин сӯ бо дастгирии Созмони ҷаҳонии гардишгарии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, роҳбарону коршиносони соҳаи мазкурро гирди ҳам овардааст. Ҷуғрофия ва доираи иштирокчиёни ин ярмарка сол то сол васеъ мегардад. Имсол аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия, Беларус, Малайзия, Индонезия, Таиланд, Ҳиндустон, Куриё, Гурҷистон, Чехия, Бразилия, Олмон ва амсоли он  созмонҳои сайёҳӣ, соҳибкорону корчаллонҳо, ширкатҳои ҳавонавардӣ, оҷонсиҳои бимавӣ, меҳмонхонаҳо иштирок карданд, ки шумораи иштирокчиён ва меҳмонони тасдиқшуда беш аз 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дарвоқеъ, намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд бузургтарин чорабинии иттилоотӣ арзёбӣ гардид, ки маҳсулоти сайёҳиро таблиғ мекунад ва робитаҳои корӣ ва ҳамкориҳои судмандро барқарор менамояд. Гуфта мешавад, дар давоми се даҳсолаи охир TITF худро яке аз чорабиниҳои ҷолибтарин дар соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ намуда, бузургтарин чорабинии Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Хусусияти вижаи TITF-2024 иштироки экспонентҳои нав аз минтақаҳои Федератсияи Русия, аз қабили Ҷумҳурии Олтой ва вилояти Владимир, инчунин ширкатҳои нав аз Гурҷистон, Чехия ва Олмон хоҳад буд. Ин ширкатҳо дар якҷоягӣ бо намоишгоҳҳо дар самтҳои нав, аз ҷумла саёҳат, ҳузури байналмилалиро дар намоиш ба таври назаррас васеъ мекунанд ва имкониятҳои беназири шабакавӣ ва шарикиро фароҳам меоранд.

Инчунин, дар соли ҷорӣ иштироки Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳим мебошад, ки дар чаҳорчӯби TITF-2024 бори нахуст дар зери павилони миллии Чин муаррифӣ мешавад. Ҳузури онҳо дар TITF 2024 аҳамияти афзояндаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва фарҳангро таъмин менамояд, инчунин барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон ва Чин имкониятҳои наву тозаро фароҳам меоварад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: