Маълум аст, ки ин озмуни миллӣ мувофиқи қарори Сенати Олий Маҷлис аз 27 апрели соли 2022 ташкил ёфта, ба мақсади дастгирӣ намудани фаъолияти иҷтимоию иқтисодии занону духтарон, боло бардоштани мавқеи онҳо дар ҷамъият, инчунин муносиб ҳавасманд гардондани фаъолияти бонувони пешқадаму фаъол, тарғиб ва дастраси ҷамоа гардондани ислоҳот оиди баробарии гендерӣ ҳамчун анъана гузаронда мешавад.
Боиси хушнудист, ки дар марҳилаи шаҳрию ноҳиявии озмун сафи занону духтарони ташаббускор сол то сол меафзояд. Дар тадбири имсола бештар аз 300 нафар бонувони фаъол иштирок карданд. Кори иштирокдорони марҳилаи вилоятиро доварон аз рӯйи 11 намуди фаъолият баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян сохтанд. Маросими тантанавии ҳавасмандгардонии онҳо дар маҷлисгоҳи Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино ба амал омад. Ҳамин тариқа бонувони зерин аз рӯйи 11 номина ғолибони марҳилаи вилоятии озмуни «Бонуи сол» дониста шуданд: ректори Институти технологияи муҳандисии Бухоро, дотсент Садоқат Сиддиқова – «Ташаббускори ғояҳои беҳтарини сол»; профессори Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро, номзади илмҳои филологӣ Нигора Сафарова – «Беҳтарин олими фаъоли сол»; инспектори калони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шофиркон Гулӣ Очилова – «Беҳтарин бонуи ватанпарвари сол»; омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 21-уми ноҳияи Ғиждувон Лайло Каримова – «Устоди беҳтарини сол»; фаъоли занону духтарони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чеқирчӣ»-и ноҳияи Пешкӯ Вазира Умедова – «Иқтидорноктарин тарғиботчии маънавият ва маърифати сол»; соҳибкор аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мирзоқалъа»-и ноҳияи Қарокӯл Зулфизар Тӯраева – «Зарбдортарин соҳибкорзани сол»; сарҳамшираи иттиҳодияи тиббии ноҳияи Рометан Мамлакат Раҷабова – «Фаъолтарин тарғибгари тарзи солими зиндагии сол»; аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Мустақиллик»-и шаҳри Когон Вазира Содиқова – «Беҳтарин соҳибхоназани сол»; ҷонишини сардори шуъбаи ноҳияи Шофирконии бонки СТ «Халқ банки» Ҳилола Холова – «Бонуи сол – устоди касби худ»; тарроҳи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Pixel Star»-и ноҳияи Ҷондор Маҳбуба Болтаева – «Беҳтарин зан – барномасози IT-и сол»; сармутахассиси бахши Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Олот Диловар Ҷӯраева – «Беҳтарин бонуи эҷодкори сол».
Ғолибон бо ташаккурнома ва туҳфаҳои муносиби ҳокимияти вилоят ва созмондиҳандагони тадбир сарфароз гардонда шуданд.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ (ӮзА).