Бо ташаббуси Президенти мо дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз», ки дар кишварамон амалӣ мешавад, дар вилояти Андиҷон соли ҷорӣ шинондани зиёда аз 15 миллион ниҳоли дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар мавсими баҳор зиёда аз 9,5 миллион ниҳол шинонда шуда, нақша ба 112 фоиз иҷро гардид.
Дар вилоят барои мавсими тирамоҳ шинондани 5 миллиону 780 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳо шинондани ниҳолҳо тибқи нақша идома доранд.
Мардуми мо ба анъанаи ибратбахши «Шинондани ниҳол, бунёди боғ – кори хайр ва савоб» риоя намуда, дар ин кори хайр — сабз гардонидани минтақаҳо фаъолона иштирок мекунанд.
Хусусан, имрӯзҳо шинондани ниҳолҳо дар минтақаи Андиҷони нав, ки дар теппаҳои ноҳияи Андиҷон барпо мешавад, бо шиддат идома доранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси ҳокими вилоят дар ин минтақа дар масоҳати 19 гектар боғ ташкил мешавад. Дар ин раванд гурӯҳҳои меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллаҳо фаъолона иштирок намуда, барои бунёди боғ саҳми худро мегузоранд.
Дар ҳамин рӯзҳо ҷавонони ихтиёрӣ, ки дар ҳаракати миллии мазкур фаъол иштирок мекунанд, бо дастгирии Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон зиёда аз 2 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба боғи навбунёд шинонданд.
Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА).