МИНТАҚАҲО САРСАБЗУ ХУРРАМ МЕШАВАНД

Мувофиқи барномаи умумимиллии «Макони сабз» дар ҳудуди кишвари мо бунёди боғу дарахтзор, обод кардани роҳҳо, ҳавлии корхонаву муассисаҳо босуръат идома доранд. Дар Косонсой низ ба ободгардониву кабудизоркунии қаламрави ноҳия эътибори калон медиҳанд.

Дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаву ноободи ҷомеаи шаҳрвандони маҳаллаҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ба вуҷуд овардани дарахтзор ба боз ҳам сарсабзиву тозашавии ҳавои ин масканҳо корҳои назаррас амалӣ мешаванд.

Алҳол дар ҳамаи маҳаллаҳо, муассасаҳои таълимӣ ва корхонаҳо кишти тирамоҳии ниҳолони боровару сояафкан ба таври оммавӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар ҳудуди маҳаллаи Гӯрмирон дар масоҳати умумии ду гектар қитъаи заминҳои бекорхобида беш аз ду ҳазор бех дарахтони мевадеҳу сояафкан шинонида шуданд.

Дар ҳудуди мактаби миёнаи таълими умумии рақами 32-юм низ иҷрои барномаи «Макони сабз» торафт вусъат пайдо мекунад. Ҷомеаи омӯзгорону хонандагони маърифатгоҳ беш аз 500 бех ниҳоли гуногуни мевадеҳу манзаравиро шинонданд.

Ҳамчун маълумот метавон гуфт, ки дар доираи амалигардонии барномаи номбурда дар ҳудуди ноҳия беш аз 565 ҳазор бех дарахтони боровару манзаравӣ шинонида мешаванд.

***

Дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» корҳои шинондани буттаҳо, кӯчати дарахтҳои манзараноку мевадеҳ суръат мегиранд.

Хусусан, дар ҳамаи 788 маҳаллаи вилояти Намангон ин ташаббус ибратпазир аст.

Чунончи, дар ноҳияи Уйчӣ зиёда аз 232 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, онҳо асосан бо корҳои деҳқониву боғдорӣ машғуланд. Маҳаллаи Мирзоровот низ ба боғдорӣ ихтисос дорад. Одамон нафақат дар ҳавлии худ, ҳатто дар саҳроҳо низ сабзавоту меваҷот парвариш мекунанд.

– Маҳалла зиёда аз ҳазор хонадон дорад, даромади аҳолӣ асосан аз боғдорӣ ва деҳқонӣ мебошад, – мегӯяд раиси он Баҳодир Холиқов. – Барои ҳамин дар ҳар як хонавода якчанд намуди дарахтҳои мевадеҳ ва қариб ҳамаи хели сабзавотро дидан мумкин аст. Хурсандиовар аст, ки баъзе соҳибкорон бо парвариши ниҳол машғул шуда, боғбонони вилоятро бо ниҳоли дарахтҳои гуногун таъмин мекунанд. Мувофиқи супорише, ки 21 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Президент аз тариқи видеоселектор дода шуд, мо ба нақша гирифтем, ки 10 ҳазор ниҳол шинонем. Дар ин соҳа мирзоровотиён таҷрибаи ғанӣ доранд.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: