«МЕХРИБОН», «ХУРАМ», «БЕКЗОТ», «МОХИСАР»...

Аҷаб нест, ки баробари хондани сарлавҳа аксар дар ҳайрат афтода бошанд. Росташ худам ҳам вақте дар рӯйхати алоқаҳои мобилӣ, яъне «контакти телефон»-и ин ё он нафар нодуруст сабт гардидани номҳоро мебинам, ҳайрон мешавам.

Ғалатнависӣ дар интернетро нагӯем ҳам мешавад. Чунки чунин ҳолат дар фазои маҷозӣ ба маъное одати маъмулӣ шудааст. 

Аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ «қоида»-е доранд: дар интернет хато навиштан мумкин аст. Бо ин баҳона, ғалатнависӣ дар шабакаҳо то ҳадде доман паҳн кард, ки истифодабарандагон ҳатто дар навиштани маъмултарин калимаҳо иштибоҳ мекунанд. Инак, мо ба дараҷае расидем, ки ҳатто номи худ ё дӯсту наздиконамонро дуруст навишта наметавонем. Масалан, ба ҷойи «Маҳмуд» – «Махмут», ба ҷойи «Хуррам» – «Хурам» ё ба ҷойи «Моҳизар» – «Моҳисар» менависем. Номҳои «Азам» (Аъзам), «Бекзот» (Беҳзод), «Супхон» (Субҳон), «Сайит» (Саид), «Мехрибон» (Меҳрубон), Мухайо (Муҳайё), Шахило (Шаҳло), Феруз (Фирӯз) ва ғайра низ аз ин гурӯҳанд. Бубинед, ки дар натиҷаи ғалатнависӣ чӣ қадар номҳои созгор, гӯшнавоз, дилрасу дилнишин, мазмуну муҳтавои худро гум карда, ба худ маънои «нав» гирифтаанд ва гӯшхарош шудаанд. Савол ба миён меояд: ин чӣ сабаб дорад? Чаро мо одитарин калимаҳоро ва ҳатто номҳоро хато менависем?

– Ғалатнависӣ як қатор сабабҳо дорад, ки яке аз муҳимтарини онҳо бо таълим вобаста мебошад, – гуфт тарҷумони касбӣ Мавлон Мамарасулов. – Чунки наврасон ҳангоми мактабхонӣ дурустнависиро наомӯзанд, минбаъд омӯхта наметавонанд. Аз ин рӯ, мо бояд дар бачаҳо аз хурдсолӣ чунин малакаро ташаккул диҳем. Аммо ин ҷараёне нест, ки танҳо дар мактаб амалӣ гардад. Барои ин падару модарон ҳам масъуланд. Онҳо дар хона бо фарзандонашон якҷоя китоб хонанд, аз онҳо диктант гиранд ба фоидаи кор аст. Нависандаи рус Александр Герсен барҳақ гуфтааст, ки «Таълими бидуни мутолиа ҳеҷ аст». Вақте мутолиа намекунем, ба ҷое намерасем. Натиҷае ба даст намеояд.

Мавсуф зикр кард, ки дар ин раванд тағйир додани методҳои корбарӣ ва баррасии эҳтиёҷоти ҷавонон низ аҳамият дорад. Бо ҳамин роҳ метавон сатҳи саводнокии ҷавононро беҳтар кард. Дар ин ҷода баробари тарғиби мутолиа, афзунсозии теъдоди адабиёти босифат муҳим аст. Чунки онҳо аз китобҳо шакли саҳеҳи калимаҳоро мехонанд ва бо тарзи дурусти навишти он ошно мешаванд.

– Ҳоло аксар маълумотро аз Интернет мегиранд, – афзуд М. Мамарасулов. – Дар шабакаҳо ҳама ҳар хел менависанд. Ҳатто дар саҳифаҳои расмии баъзе корхонаву ташкилотҳо гоҳо ба ғалат роҳ медиҳанд. Дар натиҷа корбар чанд тарзи навишти як калимаро мебинад ва дар интихоби варианти дуруст душворӣ мекашад. Аз ин рӯ, бобати ташаккули таҷрибаи беғалат навиштан, шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо ҳеҷ чиз намедиҳанд. Дониши ҳақиқиро мо аз китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо мегирем. Одамоне, ки бисёр китобу газета мехонанд, кам хато мекунанд.

Бино ба таъкиди тарҷумон сабаби дигари ғалатнависӣ тағйир ёфтани алифбо аст, ки хеле таъсиргузор мебошад. Мардуми давлатҳое, ки алифбои худро иваз накардаанд, саводноктаранд. Дар навишт кам саҳв мекунанд ва бидуни мушкилӣ фикри худро баён менамоянд. Дар давлатҳое, ки хати худро тағйир додаанд, баръакс. Инчунин, эҳтиром ба забон низ дар ин ҷода аҳамият дорад.

– Агар инсон забонашро дӯст дорад, онро арҷ гузорад, барои бехато навиштан ҳаракат мекунад, – хулоса кард М. Мамарасулов. – Чунки забон оинаи мост. Аз рӯйи нутқ ва тарзи навиштамон ба мо баҳо медиҳанд. Шахсияти моро мешиносанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ҷавононро дар руҳияи муҳаббат ба забони модарӣ тарбия кунем. Ин меҳр асосан дар муҳити хонавода ташаккул меёбад. Мо бояд дар оила ба фарзандонамон моҳияти забондӯстиро фаҳмонем. Онҳо донанд, ки забони худро гум кардани халқ, монанди решаи худро аз даст додани дарахт аст. Яъне хушк мешавад, аз байн меравад. Фаҳманд, ки забони модарӣ забонест, ки инсон бо он нафас мекашад.

Дар ҳақиқат, нуфузи як миллат бо арзиши забони он муайян мешавад. Гоҳо мумкин аст, ки ба баъзе масъалаҳо бетаваҷҷуҳӣ намоем. Лекин дар масъалаи забон бепарво будан нашояд. Чунки забон ин ҳастии халқ, сарват ва мавҷудияти он аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки забони худро дӯст дорем, эҳтиром кунем, ҳифз намоем ва чун як шахси зиёӣ ҳамеша қоидаҳои имлоро риоя карда, дуруст нависем. Ин малака бошад, бо роҳи бисёр хондан, худомӯзӣ ва омӯхтани қоидаҳои имло такмил меёбад. Чунки чӣ қадар бисёр хонем, шакли дурусти калима дар пеши назари мо таҳнишин мешавад ва ҳангоми навиштан пеши рӯ омада, дуруст менависем.

Шояд ин масъала дар назари аввал беаҳамият ё майдакорӣ намояд. Аммо фатҳи марраҳои бузургтарин ҳам, аз қадамгузориҳои хурд оғоз мешаванд. Аз ин рӯ, умед дорем, ки ҳоло телефонро мегиреду рӯйхати алоқаи телефонро аз назар мегузаронед. Хатоҳоро як-як ислоҳ намуда, минбаъд кӯшиш мекунед, то ҳар як паёми худро беғалату саҳеҳ нависед.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: