БУЗУРГДОШТИ БУЗУРГОН

Имрӯзҳо Мустафо Бафоевро хамчун бастакори номдор на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ хуб мешиносанд ва асарҳои ӯро бо самимияти ба худ хос мепазиранд.

Эҷодиёти бастакории ӯро бидуни санъати овозхонӣ бо ҷӯрнавозии оркестри симфонӣ ва халқӣ тасаввур карда наметавонем. Солҳои охир бастакор ба асарҳои таърихӣ бештар рӯ оварда, дар бораи қаҳрамонони таърихӣ асарҳо эҷод кардааст. Аз ҷумла операҳои «Аллома», «Умари Хайём», «Осмони ишқи ман», «Ибни Сино», «Борбад», «Алишер Навоӣ» ва ғайра манзури тамошобинон гаштаанд.

Дар Театри калони давлатии академии ба номи Алишер Навоии пойтахт операи «Алишер Навоӣ», ки беҳтарин асари симфонии бастакор ба шумор меравад, намоиш дода шуд. Ин асари нотакрор ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккир  Алишер Навоӣ бахшида шуда, дар он муколамаи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Бойқаро ва Алишер Навоӣ низ инъикос ёфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки бузургон на танҳо масъалаҳои муҳими замони худро баррасӣ кардаанд, балки дӯстӣ, эҳтироми забону миллат, муҳаббат, хирад ва маънавиятро ба ҳам пайвастаанд, ки ин асари таърихӣ ба насли наврас аҳамияти тарбиявӣ дорад. Бинанда боз як бори дигар симои мутафаккирони бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ (Шукур Ғафуров), Алишер Навоӣ (Рустам Алимардонов), Ҳусайн Бойқаро (Ҳотам Йӯлдошев), Хадичабегим (Азиза Муҳамедова) ва дигаронро пеши назар овард. Бори дигар бо ҳаёти ҳамондавра, ҷабру зулм ба халқи одӣ, фитна, туҳмат, хиёнат барин ноадолатиҳо ошно гардид. Ин асари М. Бафоев ба 610-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ туҳфаи муносибе гардид.

С. Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: