УСТОДОН ВА ШОГИРДОН

Даҳҳо шоиру нависандагон, донишмандонеро медонем, ки дар мактаби эҷодии устод Айнӣ таълим гирифта, ба дараҷаи баланд расидаанд.

«ИН МЕГИРЁНАДУ МАН ХАНДАМ?»

Даҳҳо шоиру нависандагон, донишмандонеро медонем, ки дар мактаби эҷодии устод Айнӣ таълим гирифта, ба дараҷаи баланд расидаанд.

Сахтгирии устод, хусусан, вақте бо навқаламон машғулот мегузаронд, амиқтар ҳис мегашт. Коргардон Борис Кимёгаров хост дар мавзӯи «Кор бо ҷавонон» филми ҳуҷҷатӣ офарад. Бо азобе Айниро розӣ кунонд. 

Инак, «адиб»-и оянда дастнависашро хонда медиҳад.

– Ист!

Шогирд аз хондан бозистод.

– Ҷумлаи охирро аз нав хон.

Шогирд дар вазъе, ки худро гум мекард, бо овози ларзон ҷумларо аз нав хонд. Авзои устод беҷо гашт. Вақте теғкашон ба шогирд менигарист, Кимёгаров:

– Стоп, стоп! – гуфт норозиёна. – Ин хел не-да, устод. Ба навор мебардорем  охир. Барои Худо, саҳл чеҳраатонро кушоед.

– Чӣ гуфтӣ?

– Филм мебардорем. Филм! Дидагӣ чӣ мегӯяд? Танбеҳро ба сонитар гузошта, андак табассум мекардед. Илтимос!

– Табассум кунам? Мана ин ношуд хун мекунад ҷигарамрову ман хандам? Филм меофарӣ гуфта-а? Ман ба ту артист ё масхарабоз? Бардор дову дастгоҳатро!

 

«МАРО ҒАФУР ҒУЛОМ РОНДААСТ!»

Ғафур Ғулом ба шогирдон чӣ тавр муносибат мекард? Ба остонааш омадаро чӣ хел пешвоз мегирифт? Қадбаланд, китфвасеъ буд адиб. Бо зувонаш бақувват. Дар нигоҳаш низ як салобат. Ба наздик шудан одам меҳаросид.

Кадоме хиҷолатомез ба дарвозааш панҷа мезанад. Дар бар куртаи васеи сафед, миёнаш баста, дар сар тоқӣ берун мебарояд.

– Биёянд, – мегӯяд баъди вохӯрӣ. – Дароянд.

Дар яке аз шеърҳояш «ӯзбекман, сода...» навиштааст Ғафур Ғулом. Ҳамон ба ёдаш расида, навқалам дилпур ба ҳавлӣ медарояд. Баъде нишастанд, шеърҳояшро нишон медиҳад... Хуллас, ҳамааш хуб. Вале на ҳама вақт. Навъе ҳамзамонҳояш нақл мекунанд, Ғафур Ғулом баъзан ҳаваскоронеро, ки гоҳу бегоҳ безобита ва хирагӣ карда менишастанд, аз дар меронд. Аммо «рондашуда»  хафа намегашт. Баръакс, ба худ ифтихор менамуд, ки «маро Ғафур Ғулом аз дар рондааст!»

Аксари онҳое, ки «аз дар баромада, аз тиреза медаромаданд», баракат меёфтанд.

 

ДОРУ БА «ҶАРОҲАТҲО»-И АДАБИЁТ

Абдулло Қаҳҳор низ мисли Айнӣ сахтгир буд. Меранҷад гуфта нанишаста, гапи ҳақро мегуфт. Ба  шогирдоне ҳам, ки атрофашро печонда буданд! Ба шогирди суст мегуфт: «Адабиёт воситаи рӯзгузаронӣ нест. Бо дигар роҳ рӯзгор ҷунбонед. Адабиётро хор накунед!» Мегӯянд гапи ҳақ ба таваллудкардаат намефорад. Ба шогирд мефорад?

Бинобар ҳамин баъзе шогирдон дигар наздик нашуда ва ранҷурии худро пинҳон намедоштанд. «Одам ҳамин хел заҳр мешавад?» Аммо ин гуна «заҳр», дар мавриде, даво (марҳам)-и беҳтарин буд ба «ҷароҳатҳои адабиёт».

 

«ХОНАИ УСТОД – ХОНАИ МО!»

– Бемалол дароед!

Мегӯянд Комил Яшину ҳамсараш Ҳалима Носирова шогирдонро ҳамеша бо чеҳраи кушод истиқбол мекарданд.

– Худро дар хонаи худ ҳис кунед...

Комилака дар хонае ба нависандаи ҷавон машғул шавад, завҷааш дар хонаи дигар ба санъаткори оянда сабақ медиҳад.

Шаб нисф шудааст. Баъзеҳо хайрухушкунон рафтанд, чанд нафар «ҳамин ҷо хоб меравем» гӯён мондаанд.

Бевақтии шаб, асное зану шавҳар дар хонаи хоб дароз кашидаанд, дар ҳуҷраи дигар кадоме пианино менавозад, гурусна шудам гуфта кадоме таом мепазад, шоиршаванда дар балкон коғаз сиёҳ мекунад.

Вақте соҳибони хона ҳамин қадар «садқаю банда»-анд, дигар чиро интизор шудан мумкин?

 

КАЙФИЯТИ УСТОД БА ШОГИРД ВОБАСТА

Ҳамид Олимҷон дар чаҳордаҳсолагӣ аз Ҷиззах ба Самарқанд омада, ба омӯзишгоҳи педагогӣ ҳуҷҷат супурд ва қабул гашт. Дар вақти холӣ шеър машқ мекард ва аз назари Фитрат мегузаронд.

Бинобар сахтгирии Фитрат боре гапашон гурехт. Ҳамид Олимҷон болои қаҳр дафтарашро шарт-шарт даронд. Хуб кардӣ, гуфт Абдурауф Фитрат, аз ту шоир намебарояд.

Шогирд бо аҳволе баромада рафт. Чанд вақт ба худ омада натавонист. Аз адабиёт дилмонда шуда буд. Вале боз ҳис мекард,  бе шеърият наметавонад. Аз нав қалам ба даст гирифт. Бо чанд шеър дубора назди Фитрат рафт.

– Ҳмм, – гуфт Фитрат ба машқҳо нописандона нигариста. Ва нохост:

– Во, – гуфт ӯ ҳаяҷономез, – дар ана ҳамин ҷойи шеърат як чиз ҳаст.

Ҳамид Олимҷон нафаси сабук кашид. «Хайрият-э!»

Фитрат ҳамон рӯз ду шеъри Ҳамид Олимҷонро интихоб кард. Гуфт:

– Аз ту шоир намебарояд гуфта хато мекардаам аз афт. Мешавӣ! Лекин агар дар болои худ кор кунӣ, баирода бошӣ, – мамнунии вай низ ҳис мегашт. Дар ин гуна ҳолатҳо кайфияти устод ба савияи эҷодии шогирд вобаста аст. Чизе ба чашмаш дурахшад, кӯдаквор хурсанд мешавад.

Дере нагузашта Ҳамид Олимҷон чун шоир ном баровард. Вай акнун дар сахтгирии ҳар устод ҳикмате медид. Фитрат бошад бинобар дар кашфи истеъдоди тозае саҳм доштанаш ба худ ифтихор менамуд.

 

«ФОТИҲА» ДАР ҚӮҚАНД

Ба ду олими ҷавон гуфтанд:

– Ба назди устод Чархӣ равед. Вай манбаи зинда, маълумоти зиёд гирифтанатон мумкин.

Олимҳо Чархиро аз наздик мешинохтанд, ӯро устод мешумурданд. Бо ҳамин баҳона мӯйсафедро хабар мегирем, гуфта ба роҳ даромаданд. Поезд субҳдам ба Қӯқанд расид. Олимаҳо аз бозор нон ва меваҷот гирифтанд. Онҳоро дида, чашмони мӯйсафед барқ зад:

– Духтарҷонҳом-ку? Тошканд дар ҷояш?

Меҳмонҳо нишастанд. Якдигарро ҳолпурсӣ намуданд.

– Чӣ бардошта омадед, асалҳом? Овора  шудаед.

– Оворагиаш ҳаст-мӣ, устод? Ҳамроҳ нонушта мекунем. Примус доштед-а? Ман чой гузорам.

Чунин гуфт яке аз бонувон ва ба сӯйи ошхона роҳ пеш гирифт.

– Кайҳо боз якдигарро надидаем, – ба меҳмони дувум рӯй овард соҳибхона. –  Ширинҷон, хонагиҳо дуруст?

– Шукр, устод, шукр. Аз худатон пурсем. Эҷод чӣ хел? Монда намешавед?

Вақте Чархӣ аз пирӣ шикоят мекард, ҳамон, ки чойгузорӣ баромада буд, баргашт ва омада нишаст.

– Духтарҷон, шумо чӣ хел? – ба вай нигарист мӯйсафед. – Бачаҳо калон мешаванд? Домод сиҳат-саломат?

Олим даступо хӯрд. Зуд худро ба даст гирифт ва:

– Домод нест. Рафт, – гуфт бо нимтабассум.

– Рафт? Яъне...

– Э, напурсед, – ба замин нигарист меҳмон.

– Қазо кард?

– ...

– Ба раҳматаш гирифта бошад, – гуфт устод дар вазъе, ки изтироб ба гунааш панҷа мезад. – Нашунида мондаам-а.

Баъд ӯ чорзону нишаст, чашмонашро пӯшид ва «Аъузу биллаҳи...»

Мӯйсафеди содадил оят қироат мекард, онҳое, ки наздаш менишастанд, лаб газида ва бо илоҷе хандаи худро фурӯ менишонданд. «Худоҷон, шарманда накун!», мегуфтанд дар дил.

– Омин! Илоҳо...

Даст ба рӯ кашиданд. Мисле дар болои хор нишаста бошанд, меҳмонҳо бетоқатӣ доштанд.

– Домулло, ба мо рухсат, – ҳарду баробар хестанд ва худро ба дар заданд.

– Э, меравед? Барои чӣ? Алавгирӣ омада будед? Нонушта мекунем гуфта будед!

– Дафъаи дигар, – аранг овози онҳоро шунид мӯйсафед.

Вай, бечора, чӣ қадар хурсанд шуда буд-а. Лекин «духтарҷонҳош» чӣ кор карданд?  Ҳамин ҳам омадан?

«Ё тавба,ё тавба!» – сахт мулзам ба назар метофт домулло Чархӣ.

Меҳмонҳо мисле гурехта, аз ҳавлии Чархӣ дур мешуданд. Баланд-баланд механдиданд.

– Барои чӣ ин хел гуфтӣ?

– Чӣ хел мегӯм, ки ҳанӯз шӯ накардаам?

– Лекин... «рафт» нагуфтан  даркор буд.

– «Рафт» гуфтам ҳазл карда. «Мурд» нагуфтам-ку.  Ман аз куҷо донам...

Диссертатсия! Туро гуфта, хонадоршавиро ба таъхирандозии фидоиёни илм каманд? Яке аз онҳо – ҳамин олима. Ҳамсиннҳояш чанд бачадор!

– Ҳазл  накарда мон. Базӯр худамро доштам. Дар болои қироат хандида фиристам чӣ мешуд?

– Ман-чӣ, ман? – ҳамон механдид ва ашк пок мекард олимадухтар.

– Акнун чӣ кор мекунем?

– Чӣ кор кунем? Гашта дароем?

– Чӣ хел медароем?

– Фотиҳахонӣ не, материалғундорӣ омадем охир. Медароем.

– Э, духтар, ақлат дар ҷояш? Хайрухуш кардем-ку. Домодҷон «нарафта»  монанд,э.

Муҳаммадҷон  ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: