Пиронсолӣ равандест, ки дар инсон боиси эҳтиёҷоти ҷисмонӣ ва эҳсосӣ мегардад. Дар ин ҳолат пиронсолон бештар ҳусни таваҷҷуҳро аз фарзандон ва наздикони худ интизор мешаванд. Ҳамчунин, хабаргирӣ аз ҳолу аҳволи онҳо аз анъанаҳои неки халқи мо ба шумор меравад.
Дар мавриди расонидани кумакҳои моддӣ ва маънавӣ ба шахсоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, ҷойгир кардани онҳо ба марказҳои дастгирии иҷтимоӣ ва расонидани хизматрасониҳои реабилитатсионӣ чӣ гуна корҳо ба амал бароварда мешаванд? Мо дар ин хусус бо директори Маркази дастгирии иҷтимоии шаҳри Тошканд Фарангиза АКРАМОВА суҳбат намудем.
– Дар кишвари мо барои фароҳам овардани имконоти зиндагии хуб барои пиронсолоне, ки ба нигоҳубини дигарон ниёз доранд ва самаранок гузарондани вақти шахсони маъюб маҷмӯи хидматҳо расонда мешаванд, – гуфт Ф. Акрамова. – Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 декабри соли 2023 «Дар бораи чорабиниҳо барои такмил додани низоми хидматрасонӣ ва кумак ба пиронсолон ва шахсони маъюби ба парасторон эҳтиёҷманд» ва қарори Девони Вазирон аз 31 майи соли 2024 «Дар бораи такмил додани фаъолияти марказҳои дастгирии иҷтимоӣ, ки ба шахсони ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷманд хизмат мерасонанд», ба рушди босуръати соҳа мусоидат намуданд.
Маркази дастгирии иҷтимоии шаҳри Тошканд барои 220 ҷой пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои шахсоне, ки ба гурӯҳи истиқоматкунандагони доимӣ дохил мешаванд, 120 ҷой, барои пиронсолону маъюбоне, ки ба нигоҳубини дигарон хидматрасонии статсионарӣ ва барои шахсони пиронсолу маъюби оилаҳое, ки ба Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ дохиланд, 10 ҷой ҷудо шудааст.
Илова бар ин, барои шакли хидматрасонии рӯзона 30 ҷой барои пиронсолону маъюбоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд ва 10 ҷой барои пиронсолону маъюби оилаҳое, ки дар Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ қайд шудаанд, ҷудо шудааст. Тибқи тартибот, дар як рӯз ба як нафар дар шакли мобилӣ хизмати иҷтимоӣ ва реабилитатсионӣ расонида мешавад. Айни замон дар марказ барои 90 нафар, ки ба тоифаи истиқоматкунандаи доимӣ дохил мешаванд, барои 57 нафар пиронсолону маъюбони эҳтиёҷманд дар доираи хизматрасонии пулакии статсионарӣ, барои 1 нафар дар шакли рӯзона ва барои 2 нафар дар шакли мобилӣ хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва реабилитатсионӣ пешниҳод мешаванд.
– Марказ боз чӣ гуна хидматрасониҳо пешниҳод мекунад?
– Мо инчунин хидматрасониҳои пулакиро дар шакли статсионарии кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат, инчунин дар шакли рӯзона ва мобилӣ пешниҳод мекунем. Ба шахсоне, ки дар марказ ҷой дода шудаанд, вобаста ба эҳтиёҷ ва хоҳиши онҳо дар бораи мондан ба муддати кӯтоҳ, дароз ё тарки интернат маълумот дода мешавад. Дар марказ, дар асоси таҷриба, тибқи квотаҳо, пиронсолон ва маъюбоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд ва дар кишвар доимо зиндагӣ мекунанд, наздикони дараҷаи якум доранд дар асоси шартнома ва пулакӣ қабул карда мешаванд.
– Пиронсолон одатан бо ҳунарҳои гуногуни рӯзгор машғул шуданро дӯст медоранд. Дар ин замина, барои онҳо чӣ имконот фароҳам оварда шудааст?
– Дар Маркази дастгирии иҷтимоӣ имрӯз намудҳои гуногуни хидматрасонӣ, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ, маишию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ-реабилитатсионӣ ва касбӣ-реабилитатсионӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳамчунин, устохонаҳо барои дӯзандагию бофандагӣ, бисер, косибӣ ва сохтани лӯхтак ташкил карда шудаанд. Пиронсолони мо дар ин устохонаҳо мувофиқи хоҳиши худ кор мекунанд.
Маҳсулоти дастии онҳо, ки дар ин устохонаҳо омода шудаанд, дар ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо, инчунин дар бозорҳои ҷаҳонӣ таҳти тамғаи «Маҳсулоти иҷтимоии истеҳсоли Ӯзбекистон» ба фурӯш бароварда мешаванд.
Илова бар ин, китобхонаи марказ бо техникаи компютерӣ, мебел ва ҷиҳозҳои зарурӣ таъмин шудааст. Фонди китобхона зиёда аз се ҳазор китобро дорост, ки беш аз сесад асари беҳтарини адабиёти миллӣ ва ҷаҳониро дар бар мегирад. Китобхонаи мо бо шабакаи ҷаҳонии иттилоот пайваст аст. Барои шахсони таҳти васоят қарордошта, имкони истифода аз захираҳои электронии Китобхонаи миллии Ӯзбекистон фароҳам оварда шудааст. Дар доираи нақшаҳо вохӯриҳо бо рӯзноманигорон ва аъзои иттиҳодияҳои эҷодӣ баргузор мешаванд.
Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази дастгирии иҷтимоии шаҳри Тошканд таблиғоти расонидани хидматҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати иҷтимоӣ ва реабилитатсионӣ ба пиронсолон ва маъюбоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд ва ба «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» шомиланд, ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо кормандони иҷтимоии ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд ба 40 маҳалла, 45 хонадон ва 4 поликлиникаи оилавӣ рафта, корҳои тавзеҳотӣ амалӣ шуданд.
Аз ҷумла, чорабинии «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Ба ҷойҳои таърихӣ, истироҳатгоҳҳо ва зиёратгоҳҳои кишвар мунтазам саёҳатҳо ташкил карда мешаванд. Бо як сухан, дуои пиронсолони ниёзманди ҳимоя ва ғамхории иҷтимоиро гирифтан, хушнудии онҳоро эҳсос намудан ҳаловати дигаре дорад.
Суҳбаторо Абдулазиз РУСТАМОВ,
мухбири ӮзА.