Вилояти Қашқадарё аз паҳноҳое ба шумор меравад, ки дар радифи заминҳои васеи дашту биёбон майдонҳои зиёди корам низ дорад ва дар ин заминҳо ҳамасола кишти пахтаву ғалладона ва дигар маҳсулоти хоҷагии деҳот ба роҳ монда мешаванд.
Ин вилоят ҳамеша дар мадди назари роҳбарони воломақоми ҷумҳурӣ қарор дошт ва онҳо муттасил мекӯшиданд, ки заминҳои бекарон ва даштҳои сӯхтаи ин минтақаро аз худ карда, ба нафъи халқу Ватан истифода кунанд.
Қашқадарё 100 сол муқаддам аз ин, яъне 1-уми ноябри соли 1924 ташкил шуда, яке аз вилоятҳое ба шумор меравад, ки аз нигоҳи масоҳат хеле васеъ аст ва айни ҳол 28,6 ҳазор километри квадратӣ масоҳат дорад ва тӯли сарҳадоти он 893,9 километр арзёбӣ шудааст. Аз ин миқдор танҳо 675,3 ҳазор гектар замини киштбоб буда, аз шарофати меҳнат ва машаққати деҳқонони хокпошаш сабзу борвар мебошанд. Вилояти Қашқадарё бо Туркманистон 253,3 км, Тоҷикистон 59,9 км, бо вилоятҳои Самарқанд ( 276 км), Сурхондарё (193,8 км), Бухоро (98,3 км) ва Навоӣ (12,5 км) марзи муштарак дорад. Ҳудуди он ба 19 ноҳия ва 2 шаҳр тақсим шуда, ҷавонтарине аз онҳо ҳамагӣ ду сол пеш аз ин созмон ёфта буд, ки Кӯкдала ном дорад. Дар ҳудуди вилоят ҳоло 3,6 миллион аҳолӣ умр бар сар мебарад ва назар ба маълумоти оморӣ 92,9 дар сади онро ӯзбекон, 4,0 фоизро тоҷикон ва боқӣ ба миллатҳои туркману русу қавмҳои дигар мутааллиқанд. Тоҷикон дар ноҳияҳои Деҳқонобод, Ғузор, Китоб, Шаҳрисабз, Косон, Нишон, Миришкор ва Қамашӣ дастаҷамъона зиндагӣ мекунанд.
Иқтисодиёти вилоят бештар аз ҳисоби саноати сабук, ки ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, нассоҷӣ, ғизоӣ ихтисос доранд, ҳамчунин кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғпарварӣ, ки бахши аъзами онро ташкил мекунанд, пеш меравад. Дар ин ҳудуд саноати газу нафт ҳам дар ҳоли рушд буда, ба буҷаи Ватан даромади зиёд ворид месозад. Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов дар такя ба арқоми оморӣ зимни як маърӯзаи худ эътироф кард, ки дар идомаи панҷ соли охир иқтисодиёти вилоят 3 баробар рушд кардааст ва дар ин самт суботкорона гом ниҳода, маҳсулоти истеҳсолии таҳҷоӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,5 баробар афзудааст.
Дар вилоят 12 макотиби олӣ амал мекунад ва 1230 мактаби миёна мавҷуд буда, шумори муассисаҳои томактабӣ 4212 адад арзёбӣ мешавад. 65 фоизи кӯдакони то синни мактабӣ дар қаламрави вилоят бо боғчаҳо таъмин гардидаанд.
Бояд гуфт, ки вилоят сол аз сол рушд мекунад ва ҳукумати маҳаллӣ ҳам дар роҳи некӯаҳволии мардуми минтақа пайгирона заҳмат мекашад.
Шариф ХАЛИЛ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.