МУШКИЛОТ МУАЙЯН, ТАҲЛИЛ ВА БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

Дар доираи ислоҳоти васеъмиқёси кишварамон ба таъмини зиндагии осудаву осоиштаи аҳолӣ ва ташаккули маданияти итоат ба қонун дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Барои таъмини иҷрои Фармони Сарвари давлат аз 24 майи соли ҷорӣ «Дар бораи минбаъд баланд бардоштани масъулияти мақомот ва муассисаҳои адлия дар доираи ислоҳоти маъмурӣ ва ташаккули низоми ихчами идоракунӣ» тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд низ баҳри баланд бардоштани самаранокии иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо як қатор корҳоро анҷом медиҳанд.

Мо оиди ислоҳоте, ки дар соҳа амалӣ мешаванд, бо мутахассиси САҲШ-и ноҳия Дилфуза Холмуҳамедова суҳбат оростем.

– Дилфуза Комиловна, дар бораи корҳое, ки барои ташкили самараноки фаъолияти мақомоти адлия ва баланд бардоштани фарогирии хидматрасонии ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешаванд, маълумот медодед.

– Барои баланд бардоштани фаъолияти мақомот ва муассисаҳо дар доираи васеъ намудани хидматрасонии ҳуқуқӣ самтҳои иловагии фаъолияти мақомоти адлия муайян карда шудааст. Инҳо: муайян, таҳлил ва бартараф намудани мушкилоти ҳуқуқии аҳолӣ, таҳия намудани лоиҳаи қонунгузорӣ, расонидани ёрии аввалини ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ёрии методӣ дар ташаккули амалиёти татбиқи ҳуқуқи ягона дар мақомот ва маҳалҳо мебошанд. Дар асоси ин самтҳои муайяншуда дар шуъбаҳои адлия корҳои назаррас амалӣ мешаванд

– Ба Агентии хидматҳои давлатӣ гузаштани шуъбаҳои САҲШ ба аҳолӣ чӣ қулаиҳо дорад?

– Дар натиҷаи ба тасарруфи Агентии хидматҳои давлатӣ гузаштани шуъбаҳои САҲШ хидматрасонӣ зуд, шаффоф ва қулай мешавад, зеро сохторе таъсис дода шудааст, ки имкони пайвастан ба тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳоеро дорад, ки ба гирифтани маълумоти марбут ба ин соҳа ниёз доранд.

Аз сабаби ба роҳ мондани қабули электронӣ ва онлайн бисёре аз намудҳои аризаҳои дар САҲШ мавҷуд, аз ҷониби корманди соҳа ба таври электронӣ пур карда мешавад ва шаҳрванд танҳо шинос шуда, имзо мегузорад, дар натиҷа, интизории шаҳрвандон дар навбатҳо ба таври назаррас кам мешавад.

Дар ин ҳолат шаҳодатномаи таваллуд, ақди никоҳ ва дигар намудҳои шаҳодатномаҳо ба таври электронӣ ба «Архиви ягонаи САҲШ» ворид карда мешаванд.

Муқаррар шудааст, ки маълумот дар бораи ба қайд нагирифтани таваллуд ва ҳолати беникоҳ будан аз рӯйи тартиби ҳудудӣ тавассути хидматҳои давлатӣ гирифта мешавад.

Илова бар ин, азбаски пардохтҳо ба таври системаи пардохти электронии биллинг-инвойс сурат мегирад, вақти ба касса рафтан сарфа мешавад.

Дар робита бо ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва таваллудхонаҳо ҳангоми таваллуди кӯдак маълумот дар бораи модар ва кӯдак ба шуъбаи САҲШ ба таври электронӣ ирсол мешавад.

– Дар ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ вуҷуд дорад. Дар фаъолияти мақомот чӣ гуна камбудиҳо вуҷуд дорад ва имрӯз ин камбудиҳо то чӣ андоза барҳам ёфтааст?

– Тавре қаблан зикр кардам, ба туфайли системаи муассири электронӣ ба даводавиҳои шаҳрвандон бобати ҷустуҷӯйи ҳуҷҷатҳои худ ва наздиконашон, ки рӯзҳо ва ҳатто солҳо тӯл мекашид, хотима гузошта шуд. Коғазбозии зиёдатӣ барҳам ёфта, барои сарфаи вақт шароит фароҳам оварда шудааст.

Инчунин кор танҳо бо система маҳдуд нагардида, барои ҷавонон ва  оилаҳое, ки барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат кардаанд, дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо тартиботи нигаҳдории оила ҷорӣ намуда, ҳатто аз ҳаёти шахсони рӯзгордида истифода бурда, кӯшиш менамоем, ки ин оилаҳоро оштӣ диҳем. Дар баъзе ҳолатҳо суҳбатҳои мо сабаб мегардаду онҳо дубора оиларо барқарор мекунанд.

– Дар бораи корҳое, ки тибқи Фармони Сарвари давлат дар доираи ислоҳоти маъмурӣ амалӣ мегарданд, тавзеҳ медодед.

– Барои ташкили корҳои самарабахш ба зиммаи шуъбаҳои адлия вазифаҳои иловагӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, доир намудани чорабиниҳои «Рӯзи адлия» дар маҳалҳо ҷиҳати омӯхтан ва ҳалли мушкилоти аҳолӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба қонунгузорӣ тавассути хона ба хона гашта гузаронидани иқдоми «Ёрии ҳуқуқӣ», ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ тавассути платформаи «Online-mahalla», гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ дар маҳалҳо, ки ба ҷавонон, занон ва шахсони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ доир ба имтиёзҳое, ки қонун муқаррар кардааст, шарҳу эзоҳ дода мешавад.

Аз ҷумла, сокини ноҳияи Мирзо Улуғбек Замира Элмуродова ба шуъба бо мушкилоте муроҷиат кардааст. Ҳангоми омӯхтани муроҷиат маълум шуд, ки шаҳрванди соли таваллудаш  1955 бо сабабҳои гуногун то ҳол шаҳодатномаи таваллуд надорад. Кормандони шуъбаи САҲШ ҳуҷҷатҳои архиви марбут ба мушкили шаҳрвандро омӯхта, дар доираи иқдоми «Ёрии ҳуқуқӣ» сабти барқароркунии соли таваллуд, шаҳодатномаи нав тартиб дода, ба соҳибаш супурданд. Инчунин ба пиронсолон, шахсони бемор дар ҳалли мушкилоти онҳо ёрии амалӣ расонида мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои таълим ба ҷавонон дар мавзӯъҳои «Институти оила», «Нақши оила дар ҷомеа», дар бораи тағйирот дар қонунгузории оила, корҳо оид ба таҳияи пойгоҳи электронии САҲШ маърӯзаҳо хонда мешаванд.

Гуфтан мумкин аст, ки ислоҳоти густурдае, ки дар кишварамон барои баланд бардоштани шаъну шарафи инсон амалӣ карда мешавад, самараи хуб мебахшад.

Суҳбаторо Мағфират Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: